Arzon march 2024
КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 27)
12.02.2020
А. ҲОҶӢ
2883

(Давомаш)

Рангу рӯйи Шафоат бо шунидани овози модараш канд. Аслан бо сабаби эрка калон шудан, вай модарашро он қадар писанд намекард, аммо аз тарси он ки модараш аз сирру асрори вай бохабар шуда, ҳамаашро нарезондаю начаконда ба падараш мегӯяд, ларза дар андомаш афтид. Шафоат падарашро бо сабаби солҳои сол дар Русия буданаш хеле кам бинад ҳам, аз ӯ мисли аҷал метарсид. Метарсид, ки падараш ӯро мисли ҳамдеҳаашон Уммия "оқ" накунад. Уммия, ки аз Шафоат чанд сол калонтар буд, баъд аз хатми мактаб ба шаҳр рафта, бе иҷозати падару модараш ба як донишкада дохил шуда буд. Он вақт Шафоат дар синфи панҷ ё шаш мехонд. Дар ҳар ҷамъомади мактабӣ директори мактаб ӯро таъриф карда, раҳматнома месупурд ва духтарони синфҳои дигар ба вай бо ҳасад менигаристанд. Уммия мактабро бо медали тилло тамом карда бошад ҳам, касе аз аҳли хонаводаашон намехост, ки ӯ ба шаҳр рафта хонад. Ӯро ба кадом хешаш фотеҳа карданд, аммо Уммия гапи худашро гап карда ба шаҳр рафту ба кадом донишгоҳе дохил шуд. Падараш дар назди мардум гуфт, ки вай чунин духтар надорад. "Худозадаи касофат маро дар назди ҳама шарманда кард, ман дигар Уммия ном фарзанд надорам»,- гуфта буд падараш. Ришсафедони деҳа аз ӯ хоҳиш карданд, ки аз раъяш гардад, аммо марди якрав туфи кардаашро дигар аз замин бардоштан нахост ва бо ҳамин Уммия оқипадар шуда, дигар ба деҳаашон барнагашт. Вай танҳо бо аммааш, ки дар як деҳаи наздики шаҳр зиндагӣ мекард, омаду рафт мекардааст. Падараш баъди чанд сол вафот кард, аммо ба модараш васият карда будааст, ки "дар мурдаам ҳам Уммияро роҳ надеҳ". Модари бечорааш ба аммаи Уммия гуфтааст, ки беҳуда ба деҳа наояд, ман ӯро ба хона роҳ намедиҳам. Ин васияти охирини шавҳарам аст ва ман наметавонам онро иҷро накунам. "Дар мурдаи худам биёяд майлаш, лекин ба мурдаи падараш ӯро роҳ намедиҳам...",- гуфтани модарашро шунида, Уммия чанд шабонарӯз гиря кардааст. Мабодо дар деҳа духтарон ба ягон кори ғайримуқаррарӣ ва ба қавли мардуми ин ҷо "ғайришаръӣ" даст зананд, падару модаронашон ҳатман тақдири Уммияро мисол меоварданд. Ҳоло баробари шунидани овози модараш сарнавишти Уммия пеши назари Шафоат ҷилвагар гашта ба танаш рашъа дамид…

-Чӣ кор кунам? - китф ҷунбонда аз Муртазо бо ишора пурсид духтар. Муртазо бо оҳанги "намедонам" шимашро зуд ба танаш пӯшида аз ҷояш хест ва зуд ба сараш фикре заду бо овози баланд гуфт:
-Холаи Ҳасратмоҳ, илтимос, ҳамон ҷо истед, ман либос пӯшида истодаам...
-Либоси ту ба кӣ даркор, пӯшидан гир... Ман пурсиданӣ будам, ки мабодо Шафоат ҳамин ҷо наомадааст?
-Не- ку, барои чӣ бояд ин ҷо биёяд?
-Ман худам гуфта будам, ки то омадани зани муаллим гоҳ- гоҳ ба зиндагии ӯ ёрӣ расон, барои ҳамин пурсида истодаам...
-Не хола, наомадааст. Шояд ба назди дугонаҳояш рафта бошад,-андаке шарм дошта гуфт Муртазо, ки ба дурӯғгӯйӣ одат накарда буд.
-Майлаш, либосатро пӯшидӣ? Як аҳволи хонаатро хабар гирам, марди безан мисли гӯсолаи бешохбанд мешавад, мабодо ҳама ҷоро титу пит накарда бошӣ...
Аз ин суханони Ҳасратмоҳ дубора рангу рӯйи ҳарду канд, вале Муртазо зуд ба худ омада садо дод:
-Хола, андактар хабар мегиред, ман ҳоло дар бар либос надорам. Шумо ташвиш накашед, худам ҳама чизро ҷо ба ҷо мекунам. Зудтар рафта бинед, ки Шафоат куҷо рафта бошад. Торик шуда истодааст...
-Майлаш, баъд ман омада мебинам, ба занат гуфта будам, ки аз аҳволат хабар мегирам. Ту аз Шафоат хавотир нашав, вай аз ягон бало наметарсад. Се соат мешавад, ки нест, барои ҳамин андак хавотир шудам... Хайр, ман рафтам, Алопар дар ҳамин наздикиҳост, шояд Шафоат ҳам дар хонаи кадом ҳамсояи наздик бошад. Ин саг доим аз паси вай мегардад...
Садои дур шудани қадамҳои Ҳасратмоҳ баромад, вале ду нафари дар хона буда то ҳол ба худ омада наметавонистанд.
-Не, ин тавр мушу гурбабозӣ намешавад, бояд ошкор кунем ё...
-Ё чӣ? Дигар вонахӯрем?
-Не! Муаллимҷон, беҳтараш ин фикрро аз майнаат дур кун. Мо вомехӯрем, худат нағз медонӣ, ки хуни ман дар гардани туст, бояд ягон илоҷи корро ёбӣ…
-Кадом илоҷ? Ту талабаи мактаб ҳастӣ, мехоҳӣ, ки маро суд кунанд?
-Не, албатта, агар туро суд кунанд, аз ин танбахшии ман чӣ суду фоида? Ту бояд аввал бо ягон баҳона аз занат ҷудо шавӣ, то он вақт ман мактабро тамом мекунам, он гоҳ мо қонунӣ зану шавҳар мешавем...
-Ту мехоҳӣ, ки ман аз баҳри Садоқату Иқбол гузарам? Ман ба ту ин хел ваъда накарда будам-ку!
-Муаллимҷони хондагию вале нодони ман, ту кайҳо аз онҳо ҷудо шудӣ. Ҳамон замоне, ки бо ман наздикӣ карда будӣ...
Муртазо шими нимпӯш дар бадан рӯйи кӯрпаи ғиҷимшудаи хоб нишаста, сарашро миёни дастонаш гирифт ва бо алам пичиррос зад:
-Рост мегӯӣ, худи онҳо дигар ёди ман намекунанд. Садоқат бисёр зани мағрур аст, вай ҳаргиз маро намебахшад. Хайр, шудагӣ кор шуд, акнун чӣ кор кунем?
Шафоат аз ҷояш хеста бори дигар либосашро ба тартиб дароварду бо оҳанги омирона гуфт:
-Муаллим, андешаҳоятро баъдтар ба тартиб меорӣ, ҳоло ман бояд ба хона равам, агар чанд дақиқаи дигар дер кунам, Алопари безабон ба забон омада, ҷои маро ба модарам мегӯяд. Намебинӣ, чӣ хел аккос зада истодааст. Хайр, то боздид,-духтар дарро боз карда аввал ба даҳлез, баъд ба чор тараф нигоҳкунон ба рӯйи ҳавлӣ баромад. Алопар ба умеди луқмаи нав ҳанӯз дар даромадгоҳи ҳавлӣ сари дупо менишаст...
...
Муртазо намедонист, ки чӣ кор кунад. Маълум, ки дигар аз дасти Шафоат халос шуда наметавонад... як гӯшаи дилаш сахт хиҷил буд, охир магар осон аст аз як зане, ки бароят танҳо хизмат кардаасту ҳамеша итоаткор буд, ба якборагӣ даст кашидану дил кандан? Магар вай метавонад бе шӯхию бозиҳои Иқбол зиндагӣ кунад? Оё метавонад барои ҳамешагӣ аз модари меҳрубонаш маҳрум гардад? Модараш рӯирост гуфт, ки агар суханони Садоқат рост бошанд, дигар вай ҳаргиз рӯйи Мустафоро дидан намехоҳад. Магар метавон ба ҳамаи ин тоқат кард? «Кошки ба ин деҳа намеомадаму ба ин бало гирифтор намешудам, аммо акнун кор аз кор гузашта, барои ислоҳ кардани ин хатои тақдирсӯз дер шуд, бояд ягон чора ҷуст, вагарна расвои ду олам мешавам» аз дил гузаронд Мустафо ва хиҷолатзадаю малул ба назди тиреза омада пардаро бардошт. Дарахтони зардолу ғарқи гул ва замин аз сабза қолинпеч буд, вале ин ҳама зебоиҳои табиат дигар ба назари ин ҷавонмарди дар миёни дуроҳаи зиндагӣ ҳайрону зор монда наменамуданд. Раҳматии падараш аз рӯйи гапи модараш бисёр марди худотарсу ҳалол будааст, онҳо то никоҳ ягон бор дасти якдигарро надошта будаанд, вале вай чӣ кор кард? Ба пайроҳаи зино қадам ниҳод! Бе никоҳ бо як духтари бегона муносибати маҳрамона кардани фарзанди чунин марди покниҳод натанҳо хиёнат, балки гуноҳи азими нобахшиданию шармандагист! Аввалин коре, ки бояд кунам, ягон касро ёфта, пинҳонӣ Шафоатро ба никоҳам даровардан аст, вагарна касофатӣ болои касофатӣ хоҳад шуд..." Ин андешаро аз дил гузаронидаистода, Муртазо аз ҷояш хест ва ба тарафи ошхона рафт, то ки барои ғусл кардан об монад...


(Давом дорад)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Тавсия медиҳем:
САРНАВИШТ Каждум дар бағал
САРНАВИШТ Каждум дар бағал (қисми1)
САРНАВИШТ Каждум дар бағал (қисми3)
САРНАВИШТ Каждум дар бағал (қисми 4)
САРНАВИШТ Каждум дар бағал (қисми 5)
САРНАВИШТ Каждум дар бағал (қисми 5)
САРНАВИШТ КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 6)
САРНАВИШТ КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 7)
САРНАВИШТ КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 8)
САРНАВИШТ КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 9)
САРНАВИШТ КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 10)
САРНАВИШТ КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 11)
САРНАВИШТ КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 12)
САРНАВИШТ КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 14)
САРНАВИШТ КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 13)
САРНАВИШТ КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 15)
САРНАВИШТ КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 16)
САРНАВИШТ КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 17)
САРНАВИШТ КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 18)
САРНАВИШТ КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 19)
САРНАВИШТ КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 20)
САРНАВИШТ КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 21)
САРНАВИШТ КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 22)
САРНАВИШТ КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 23)
САРНАВИШТ КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 24)
САРНАВИШТ КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 25)
САРНАВИШТ КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 26)