arzon replenishment
КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 7)
23.01.2020
А. ҲОҶӢ
2890

 

(Давомаш)

"Аҷаб, наход зани ман ин қадар бадрашк ва ин қадар беандеша шуда бошад? Маълум, ки воқеан ҳам муҳити деҳа ба ӯ таъсири бад расонидааст. Ман гумон карда будам, ки ҳавои кушоди куҳистон ба Садоқат мефорад, аммо баръакс шуд. Хайр, оҳиста оҳиста одат мекардагист. Аммо ин рашкаш оқибати хуб надорад..." андешид Муртазо худ ба худ ва ба тарафе, ки офтоб дар паси Кӯҳи Сиёҳ пинҳон мешуд, нигарист. Офтоб, ки охирин нурҳои худро аз болои деҳа меғундошт, мисли табақи пур аз алав суп- сурх буд. Як лаҳза ба назараш чунин намуд, ки аз лаби ин табақи пуроташ чакра-чакра ба сари кӯҳу даман хун мечакад. Хуни чун лолахасакҳои баҳорӣ суп-сурх. "Худоё, ин чӣ тасаввуру ин чӣ тахайюл..." Муртазо дигар ба офтоби хунрез нигоҳ накарда сарашро ба тарафи дигар гардонд ва дид, ки аз пайраҳаи кӯҳӣ қатори бузу гӯсфандон гоҳ се –чортогӣ якҷо ва гоҳе танҳо-танҳо сарнишеб ба сӯи қишлоқ меоянд. Ба назараш чунин намуд, ки онҳо як шаддаи марҷони кандашудаанд, ки дар рӯи замин пош хӯрдаанд. "Ин чи фикрҳои парешон. Наход хаста шуда бошам? Ҳоло аз оғози соли таҳсил як моҳи пурра ҳам нагузаштааст-ку! Ё боду ҳавои ин макон ба ҳамаи мо намефорад? Не, айб дар боду ҳаво нест, айб дар худи мост, ки дар ин ҷо сарриштаи зиндагиамонро наёфта истодаем. Бояд ба назди Садоқат даромада, ӯро ором кард, вагарна худо медонад боз чӣ мешавад..."

Муртазо андешаҳои мисли рамаи дар кӯҳ парешонашро ҷамъ карда, дари даҳлезро боз намуд ва ба хона даромад...

 


Кӯки чашмони модарат канда шуд, Давлатмурод!

 


-Тую падарам чӣ ҳақ доред, ки маро аз иштирок намудан дар маҳфили санъаткорон манъ мекунед? Ҳамсинфони дигарам орзу доранд, ки ба маҳфил аъзо шаванд, шумо бошед, маро намемонед. Оча, ту чӣ хел занаки нофаҳмӣ? Агар ман дар ин маҳфил суруд хонам, куҷоям кам мешавад? Худат ҳар рӯз "телевизорро мон Нигинаро тамошо кунам, Нозияро бинам, Манижаро гӯш кунам" мегӯию ба сурудхонии духтари худат монеъ мешавӣ?-баъди рафтани муаллиму занаш ба модараш бо чашмони ашкбор овоз баланд кард Шафоат.

-Аввалаш ин ки ҳоло Манижа дигар нест, дурӯғ нагӯй! Дигараш ин, ки онҳо ҳофизони касбианд, даромадашону нонашон аз пушти ҳамин корашон аст. Ту духтари қадрас ҳастӣ, кадом модар мехоҳад, ки духтараш дар байни мардум сурудхонию раққосагӣ кунад?

-Ман рақс намекунам! Намедонам, агар ту ба ҷои очаи Муҳаббат бошӣ, чӣ кор мекунӣ! Вай ба саҳна баромада рақси "лазгӣ" карданаш лозим...

-Марги ҳамон хел оча! Пагоҳ духтари ӯро кӣ мегирад? Вай худаш ҳам дар ҷавониаш дар тӯйҳо рақс мекард. Дар байни мардон нею ҳамту дар байни занҳо. Ин раққосагӣ ба вайҳо мерос мондагӣ…

-Хайр, сурудхонӣ аз ту ба ман мерос мондааст, чӣ фарқ дорад?

-Эй духтар! Ту беҳуда бо ман ин қадар баҳс накун, намеравию халос. Ба сурудхонии ту на падарат розию на ман... Ё ба ҳамон муаллими нав ошиқ шудӣ? Ту зани вайро дидӣ... Зинда мехурадат!

Ин гапи холаи Ҳасратмо чун як даста оташак ба қалби духтар афтид. Ӯ як лаҳза шах шуда монд, забонаш гӯё дар комаш часпид...

-Чӣ... чӣ гуфтӣ оча? Ошиқ?-Инро гуфта Шафоат бо ду дасташ рӯяшро дошта аз дар баромад.

"Ман чӣ кор кардам-а?! Ин гапро набояд мегуфтам. Суҳбат дар бораи сурудхонию иштироки Шафоат дар озмун буд-ку! Чаро тарошаи аз бом афтидагӣ барин ман якбора ин гапро гуфтам?!» худ ба худ мунозира мекард холаи Ҳасратмо.

Шафоат пас аз ду писар ягона духтари ӯ буд ва ваю шавҳараш кӯшиш мекарданд, ки ба рӯи ноздонашон шамол нарасад. Писаронаш кайҳо соҳиби хонаю дар шуда, яке дар шаҳру дигаре дар деҳа мезистанд. Писари калониаш Қобил, ки дар деҳа зиндагӣ мекард, ҳоло ҳамроҳи падараш дар Русия буд ва ҳамсару ду бачаи ӯро ҳар рӯз як бор Ҳасратмо хабар мегирифт. Писарчаҳои Қобил яке чорсолаю дигарӣ шашсола бошанд ҳам, нисфи умрашон дар хонаи бибиашон гузаштааст. Ана ҳоло ҳам Хуршед аз дар даромада омад ва бибиро оғӯш намуда гуфт:

-Бибиҷон, очаам гуфт, ки аз хонаи бибиат камтар намак биёр, намакамон тамом шудааст...

-Аҷоиб, имрӯз намаки ҳама тамом шуда будааст-дия! Аммаатро гӯй, аз ошхона гирифта диҳад,-Ҳасратмо инро гуфта кӯрпачаҳои барои меҳмон андохтаашро ғундоштан гирифт.

-Аммаи Шафоатам канӣ?

-Берунро бин, дар куҷое сурудхонӣ карда гаштагист...

Хуршед паи иҷрои ин супориш рафту пас аз андаке баргашта ба модаркалонаш гуфт:

-Бибӣ, аммаам дар оғил ҳамроҳи бузи ришдароз гиря карда шиштааст. Гуфтам, ки намак деҳ, мегӯяд, ки бибиатро гӯй...

-Чӣ, буз ҳам гиря дорад? -бо нимтабассум пурсид модаркалон,-Рафта ба аммаат гӯй, ки агар ҳамроҳи фил гиря кунад ҳам, ба ягон ҷо намеравад...

-Меравам,-аз болои сари Хуршед садо баровард Шафоат, ки аз паси ӯ хеста омада буд,-Мераваму халос! Ман барои муаллим не, барои худам меравам. Инро дониста гир оча, агар хоҳам, ҳамон муаллимро ҳам аз дасти занаш кашида мегирам, фаҳмидӣ?!

Ҳасратмо дар ҷояш шах шуда монд. Ҳеҷ гумон надошт, ки духтараш то ин андоза шаттоҳ аст.

-Эй духтар, ту чиҳо мегӯӣ? Ба ману падарат итоат намекунӣ? Ин хел бошад, рав ба куҷое, ки меравӣ! Ба ман духтари гапгардону шаттоҳ не, духтари ҳалиму гапдаро лозим,-паст наомад модар.

-Ин хелашро очаҷон, аз сари нав таваллуд кун. Ман чи хеле, ки ҳастам, ҳамон хел мемонам. Фаҳмидӣ? -овозашро як парда баланд кард Шафоат.


МОДАР ДАР ОРЗУИ ДИДОРИ ПИСАР МУРД

 


Ҳасратмо ба чеҳраи духтараш нигариста ҳайрон шуд. Ӯ медонист, ки Шафоат духтари зебо аст, аммо ин лаҳза ба назараш духтараш мисли фаришта намуд. Фариштаи ғазаб. Мижгонҳои дароз, чашмони гирди сип-сиёҳ, абрӯвони гӯё кашидашудаи андаке пайванд ва бинии нозуки духтарашро гӯё бори аввал медида бошад, бо ҳавас тамошо мекард. "Ҳамин духтар дар хонаи ман калон шуд? Чаро ман то ҳол зебогии ӯро мушоҳида накардаам? Ба кӣ рафтааст Шафоат? Падари Шафоат марди зебо аст, худаш ҳам дар ҳусну ҷамол аз бисёриҳо хушрӯйтар буд, вале духтарашон… Шафоат олиҳаи ҳусн будаасту модар акнун ӯро дида истодааст. "Шафот ин корро кун, Шафоат говро ба пода бар, Шафоат ҳезум биёр..." гуфта аз пайи ташвишҳои зиндагӣ овора, боре ҳам чеҳраи ӯро баҳузур надида будааст..."

Холаи Ҳасратмо қоматашро рост кард, сипас нигоҳашро аз рӯи Шафоат канда ба Хуршед гуфт:

-Писарҷонам, раву худат аз ошхона як пачка намакро гирифта бар. Аммат ё девона шудааст ё...

-Ошиқ,-сухани модарашро аз даҳонаш гирифт Шафоат,-Ба қавли ту ошиқи муаллими нав! Оча, бо ин гапҳоят ту маро аз роҳам гардонда наметавонӣ. Ман гуфтам, ки ба озмун меравам, албатта меравам...

(Давом дорад)

А. ҲОҶӢ

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД