Ҳамал (21 март-19 апрел)
Имрӯз шумо пурқувват, зебо ва пур аз нерӯ ҳастед. Аз ин рӯҳия истифода баред: шиносҳои нав пайдо кунед, робитаҳоро густариш диҳед. Рӯзи хубест барои оғоз кардани корҳои муҳим, таъмир ё тозакорӣ. Роҳбарият ҷидду ҷаҳди шуморо қадр мекунад. Аз баҳсҳои беҳуда худдорӣ кунед, хусусан агар соҳиби вазифа бошед.
Савр (20 апрел-20 май)
Дар зиндагиятон тағйироти хуш имкон дорад, шояд ногаҳонӣ ва ғайричашмдошт. Ба орзуҳоятон бовар кунед, вале шарики худро бо мушкилоти хонаводагӣ зиёд машғул насозед. Ғамхору меҳрубон бошед. Барои корҳои молиявӣ имрӯз рӯзи муносиб аст, нақша кашед, қарзҳоро баргардонед. Маслиҳат бо мутахассисон суд меорад. Аз кори зиёду хастагӣ парҳез кунед.
Ҷавзо (21 май-20 июн)
Орзуву хаёлро канор гузошта, воқеиятро бипазиред, вақти амал фаро расидааст. Шумо дар маркази рӯйдодҳои шавқовар хоҳед буд: сафарҳо, меҳмонон ва вохӯриҳои ҷолиб. Даромади хуб ба даст меоред, он натиҷаи заҳмати шумо аст. Барои саломатӣ ғамхорӣ кунед, хусусан ба фаъолияти ғадудҳои дохилӣ диққат диҳед.
Саратон (21 июн-22 июл)
Аз нокомӣ наҳаросед ва ҳама чизро ба тақдир нисбат надиҳед, ҳама дар дасти шумост. Имрӯз беҳтараш ором бошед ва бо наздикон мулоим рафтор кунед, то муноқиша сар назанад. Аз саросемагӣ худдорӣ кунед, ҳар чиз вақти худро дорад. Аз ҳаёт чизҳои нолозимро дур кунед, то осудагӣ ба даст оред. Варзиши сабук ва истироҳати ором барои шумо беҳтарин интихоб аст.
Асад (23 июл-22 август)
Имрӯз шахсе метавонад ба ҳаёти шумо ворид шавад, ки тақдиратонро дигар созад. Лоиҳаҳои субҳ оғозшуда самараи хуб медиҳанд. Шом барои суҳбатҳои самимӣ ва ҳаллу фасли масъалаҳои дерина мувофиқ аст. Каме истироҳат кунед, он барои рӯҳияи хуб ва саломатии шумо муҳим аст. Аз асабоният ва фишори баланд эҳтиёт шавед.
Сунбула (23 август-22 сентябр)
Шахсияти худро дар муносибатҳои ошиқона аз даст надиҳед, муҳаббат бояд озод бошад, на маҳдудкунанда. Имрӯз асабатон ором аст, агар худатонро беҳуда асабӣ накунед. Ба саломатии меъда диққати хоса диҳед, хусусан агар дар ҳазми хӯрок мушкилӣ дошта бошед. Шомгоҳ варзиш ё сайругашт фоидаовар хоҳад буд, ҳам барои ҷисм ва ҳам рӯҳ.
Мизон (23 сентябр-22 октябр)
Имрӯз вақте аст, ки дар муносибатҳои ошиқона нуқтаи ниҳоӣ гузоред: то куҷо ба дӯстдоштаатон бовар доред? Шахси наздик маслиҳати шуморо мепурсад, вале бештар мехоҳад масъулиятро бо шумо тақсим кунад. Дар кор фурсатҳои нав фаро мерасад, шояд ҳатто мансаби баландтар. Аз хароҷоти беҳуда худдорӣ намоед, пул зуд лозим мешавад. Дар ғизо эҳтиёт бошед, махсусан аз хӯроки равғанину шириниҳо.
Ақраб (23 октябр-21 ноябр)
Имрӯз нафарони муҷаррад метавонанд муҳаббати нав пайдо кунанд. Бонувон бояд ба сарулибоси худ диққати бештар диҳанд. Дар касбу кор ва тиҷорат пешрафт эҳтимол дорад. Фикр кунед, ки чӣ гуна даромади худро зиёд кардан мумкин аст. Варзишро фаромӯш накунед, беҳаракатӣ метавонад ба саломатӣ таъсир расонад.
Қавс (22 ноябр-21 декабр)
Имрӯз муҳаббат ва оила дар мадди аввал қарор доранд. Ба наздикон таваҷҷуҳ зоҳир намоед, меҳру самимиятатон қадр мегардад. Дар кор агар болоравӣ хоҳед, роҳҳои нав ҷӯед. Аз саломатӣ бохабар бошед, баландшавии фишори хун ё хастагӣ эҳтимол дорад. Ба кори дил ва ҳолати рагҳои хунгард диққат диҳед.
Ҷаддӣ (22 декабр-19 январ)
Гузаштаро фаромӯш кунед, аз он танҳо сабақ гиред. Имрӯз мушкилоти фарзандон ё камбудиҳои оилавӣ диққати шуморо талаб мекунанд. Барои расидан ба натиҷаҳои хуб, мустақилона амал кунед. Кори зиёд ва стресс метавонад сабаби хастагӣ гардад. Ба истироҳат ва хоб аҳамияти бештар диҳед, нерӯи худро барқарор кунед.
Далв (20 январ-18 феврал)
Рӯзи зебо ва пур аз эҳсос аст. Муносибатҳои кӯҳнаи ошиқона эҳё мешаванд, муҳаббат ранги тоза мегирад. Корҳо зиёданд, вале бо тадбир ҳамаашро иҷро мекунед. Корҳои деринтизорро ба анҷом расонед, то мушкил ҷамъ нашавад. Имкони хароҷоти ногаҳонӣ вуҷуд дорад, вале баъдан бахт ба рӯятон механдад. Танҳо ба шахсони содиқ бовар кунед.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Рӯзи пур аз муҳаббат ва шодӣ аст. Шонс доред, ки бо шахси монанд ба худ шинос шавед. Дар кор ва чорабиниҳо фаъол бошед, ҳамкорӣ натиҷаҳои хуб меорад. Таҷрибаатонро бо дигарон тақсим кунед, он ба шумо обрӯ меорад. Вақти муносиб барои қабули қарорҳои молиявист. Варзиш, йога ё иштирок дар чорабиниҳои фарҳангӣ рӯҳияатонро баланд мебардорад.