Ба нохуни фарзанд зор шавӣ, мардак!
Ман як зани ҷафодидаам, ки имрӯз дар чорсӯи зиндагӣ ҳайрону парешон мондаам. Росташро гӯям, муддати дароз мехостам ин дарди диламро ба касе нагӯям. Ба худ мегуфтам, шояд рӯзҳо гузаранд, вазъият дигар шавад, шояд шавҳарам ба худ ояд ва боз ба назди зану фарзандонаш баргардад. Вале ҳар қадар вақт мегузарад, дилам бештар пур аз алам мешавад.
Мехоҳам суханамро ба шавҳарам Бобо расонам.
Бобоҷон! Чаро якбора зану фарзанд, хонаву дар ва зиндагие, ки солҳо бо ҳам сохта будем, бароят бегона шуд? Магар кӯдаконе, ки ҳар рӯз чашм ба роҳи падарашонанд, гуноҳе доранд? Чаро онҳо бояд аз меҳру навозиши падар маҳрум бошанд?
Шояд имрӯз худро озоду хушбахт ҳис мекунӣ ва гумон дорӣ, ки зиндагӣ ҳамин гуна давом мекунад. Вале умр яксон намемонад. Ҷавонӣ мегузарад, қувват кам мешавад ва рӯзе инсон бештар аз ҳама ба фарзандонаш ниёз пайдо мекунад. Он вақт на дӯстони имрӯзӣ мемонанду на одамоне, ки ҳоло дар атрофатанд. Танҳо оила мемонад.
Дили бачаҳо аллакай аз ту сард шудааст. Онҳо падар доранд, вале меҳри падариро кам дидаанд. Як бор ҳам наомадӣ, ки сари онҳоро сила кунӣ, аҳволашонро пурсон шавӣ ё бо сухани ширине дилашонро гарм созӣ. Баъзан фарзандонат аз ман мепурсанд: «Падарамон чаро намеояд?» Ман намедонам ба онҳо чӣ ҷавоб диҳам.
Ман бисёр хатоҳоро метавонистам бибахшам. Шояд ҳатто он ки дили ту ба зани дигар кашид, рӯзе аз ёдам мерафт. Аммо ҳеҷ гоҳ фаромӯш карда наметавонам, ки моро дар миёни зиндагӣ танҳо гузоштӣ. Тамоми бори хона, ғами кӯдакон, ташвиши рӯзгор ва ҳазор мушкили дигар бар дӯши ман монд.
Бобоҷон, имрӯз ҳам дер нашудааст, ки андеша кунӣ. Вале агар рӯзе баъд аз солҳои айшу роҳат ба назди мо баргардӣ, шояд дари дили фарзандонат дигар ба рӯят боз нашавад.
Илоҳо, ҳеҷ падаре ба қадри фарзанд вақте нарасад, ки хеле дер шудааст.
Гулнора, хонандаи “ОИЛА”