arzon replenishment
Ишқ гуфта, шарманда шудам
02.06.2024
Оила.ТҶ
7950

Ман аз наврасиям дар бозорчаи назди хонаамон ҳамроҳи модарам савдо мекардам. Духтарони дар наздам савдо мекарда ҳар рӯз «кавалер»-ҳои нав ба нав меёфтанд ва ман ҳам аз онҳо қафо намонам гуфта, модарамро маҷбур намудам, ки бароям телефон харад.

Рӯзи аввали телефонро ба даст гирифтан аз пеши худам ҳар гуна рақамҳоро чидан гирифтам. Баъзан аз он ҷониб гӯшакро мебардоштанд, вале ҷуръати гап задан накарда, телефонро хомӯш менамудам. Баъдтар ба қавле бало шудам, акнун соатҳо бо бачаҳо гап дода менишастам. Суханони пур аз меҳру муҳаббаташонро шунида, дилам обу адо мешуд. Якбора бо се ҷавон риштаи муҳаббат баста будам. Онҳо маро ба вохӯрӣ даъват менамуданд. Савдоямро партофта, ба наздашон мешитофтам.

Яке аз ошиқонам маро ба хонаи иҷорааш бурд. Фикр намекардам, ки вай ягон нияти бад дорад, вале ин хомхаёлиам маро бадномзада кард. Номусамро бохта, бо чашмони гирён ба хона баргаштам. Модарам ин хабари тақдирсӯзро шунида, маро аз хона ронд. Ишқу ошиқӣ гуфта шармандаю дар ба дар шудам. Розӣ будам, ки ба ягон марди аз худам даҳ сол калон бошад ҳам, ба шавҳар баромада, одам барин зиндагӣ кунам, вале бо ҳар касе шинос шудам, фиребам кард. Ҳамаашон ваъдаҳои осмонӣ дода, маро бо фанду фиреб ба ягон гӯшаи хилват мебурданду баъди ба коми дил расидан думашонро хода мекарданд. Дигар ба ягон мард боварӣ надорам.

Ҳоло фаррошӣ карда, як бурда нонамро бо меҳнати ҳалоли худ ёфта мехӯрам. Ба духтароне, ки мисли ман падар надоранд, маслиҳат медиҳам, ки ба гапи модаронашон гӯш диҳанд ва ҳеҷ гоҳ ба ишқи ҷавонони булҳавас бовар накунанд.

Хонандаи “Оила”

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД