goodwell
Зани дуюмамро ғорат кардам…
753

[28.10.2026 14:37] Firuza Sattori: Зани дуюмамро ғорат кардам…
 
Имрӯз чун хасе рӯйи гирдоби зиндагиям, он гоҳе зери обам мекунаду гоҳе болои об, сагардонам, беморам, дилам танг аст, вале намедонам дардамро пеши кӣ барам… Ман мардам, бале як марди чилу панҷ сола, вале чун занон корам заифнолӣ аст, зеро медонам маргам қариб аст. Имрӯз ё фардо ин даҳри дударро тарк мекунам, вале бори гуноҳи азиме бар душ дорам. Мехоҳам, дарди диламро рӯйи саҳифаҳои ҳафтавори «Оила» нависам, шояд Аминабонуи ман хонаду раҳме ба дилаш биёяд, ҳарчанд, ки ман арзандаи бахшишиӯ нестам…  
 
Орзуи зиндагӣ
Ман дар деҳот ба дунё омадаам, аз кӯдакӣ орзупараст будам, филмҳои бадеиро тамошо карда дар дилам як орзу реша давонда буд, сарамро ба санг мезанаму дар шаҳр зиндагӣ мекунам, сокини шаҳри калон мешавам…
Дар оилаамон даҳ фарзанд будем, шаш духтар ва чор писар, кенҷагӣ ман будам, аҳли хонаамон ҳамеша ба орзуҳои ман механдиданд, танҳо модарам дастгириям мекард. Ӯ ким-кадом ҳамдеҳаҳояшро мисол меовард, ки аз хонадонҳои камбағал баромадаанду ҳоло сокини шаҳрҳои калонанд. Ман хуб мехондам, бо дониши худам ба шуъбаи иқтисодии яке аз донишгоҳҳои пойтахт дохил шудам, азоб кашидам, хондам, аммо қисмат набудааст, ки аз вазифаи муҳосибӣ дигар болотар нарафтам. Дар хобгоҳи чиркине зиндагӣ мекардам, духтараки шаҳриеро дӯст медоштам, аммо падару модараш духтари ягонаашонро ба мани почакандаи бе хонаву дар надоданд. Модарам аз деҳа бароям арӯс ёфт, Назокат духтараки воқеан ҳам боназокату боодоб буд, эҳтиромаш мекардам. Вале дар ҳусну латофат нуқсон дошт ва ба он тоифае, ки ман хуш доштам, дохил намешуд. Зани порсову батоқат, ки буд оҳиста-оҳиста дӯсташ доштам, аммо бо маоши муҳосибии ман ҳеҷ не,ки якамон ду шавад. Ростӣ азоб мекашидам, роҳи пул кор кардану зиндагиро меҷӯстам, аммо намеёфтам. Оқибат тарҳи нав кашидам, ин нақшаам ба занам низ писанд омад, зеро ӯ дар байни боғу роғи деҳаи хушбоду ҳаво гашта дилаш аз ҳавои бадбӯйи хобгоҳ ғаш меовард…
 
Рӯ ба муҳоҷират
Зани ҳомиладорамро бурда дар деҳа дар хонаи волидонам монда роҳ пеш гирифтам сӯйи муҳоҷират ва панҷ сол кор карда каме пул кор кардаму ба хона багаштам. Пули панҷ соли дароз бо азобҳои зор кор кардаам танҳо ба як яхонагӣ расид, ками дигар зиёдатӣ кард ва ман ба соҳибкорӣ даст задам. Дар бозори наздикии хонаамон як мағозаро ба иҷора гирифтам ва ба фурӯши пойафзол сар кардам, занам ва писари панҷсолаам ба ман ёрмандӣ мекарданд. Зиндагии ҳозираам хеле аз зиндагии пешин хубтар буд,вале бо азоб, чӣ хеле мехостам не. Занам низ кам-кам савдо карданро ёд гирифта буд ва маро маслиҳат медод,кибоз ба муҳоҷират равам, аммо ман боридигар худро дар азоб монданӣ набудам. Зеро бародаронам дар Руссия дар сохтумон кор мекарданду ман низ панҷ сол бо онҳо будам ва хеле азоб кашидам, хишту бетонкашӣ, чуқурӣ кофтан…
Худоё ин меҳнатҳои вазнинро чун хоби даҳшат ба хотир меовардаму устухонҳоям дард мекарданд. Оҳиста-оҳиста меҷунбидаму пули ёфтаамро ҷамъ мекардам ба умеди фардои хуб. Зиндагиямро зиндагии ду духтарчаи дугоникам ширинтару вазнинтар кард, акнун дар як хонаи якҳуҷрагӣ бо ду тифли ширмакн на хоб доштему на осоиш. Рӯзи дароз дар бозор ба як по рост меистодаму бегоҳиҳо хӯроки шомро хӯрда ба гӯшҳоям пахта тиқонда хоб мекардам. Баъзан худамро мазаммат мекардам, ки кошки дар деҳа мемондам, ба умеди шаҳру зиндагии зебо худамро дар азоб мондам…
 
Маликаи дили ман
Дар мағозаам пойфазоли ҳархела доштам, занона, мардона ва кӯдакона, харидоронам ҳам шахсони зиндагии миёнадоштабуданд. Зеро сарватмандон аз бозори мо пушокаву пойазол намехариданд. Як рӯз зани зебои болобаланде, ки бори аввал дар ин бозор медидамаш бо духтараки сабзинаи ширинрӯи ҳафт-ҳаштсола назди дукони ман омадуяку якбора се намуд пойафзоли духтарона ва барои худаш шиппаки хонапӯшӣ харид. Панҷсадсомонаеро ба ман дароз кард бояд ҳаштод сомонӣ бақия медодам, наёфтам, зан бепаво даст афшонда гуфт:
- Ман аз ин бозор доим меваю сабзавоту кабудӣ мехарам, даъфаи дигар омада мегирам, - ва рафт.
[28.10.2026 14:37] Firuza Sattori: Ӯ рафту қарори дили ман бурд. Ин қадар дилкашу ҷаззоб буд, бо беқарорӣ интизори ӯ будаму маликаи орзуҳоям танҳо баъди як моҳ пайдо шуд. Салому алейк кардему бақияаашро додам, ӯ хайру хуш карда рафту баъди чанде баргашта гуфт:
- Додарҷон, ман як вақтҳо Туркия рафта будаму чанд ҷуфт туфлӣ оварда будам бо маслиҳати як дугонаам, аммо онҳоро фурӯхта натавонистам. Ҳамонҳоро фурӯхта намедиҳед, арзонтар ҳам бошад майлаш, чанд ҷуфташро ҳамту ба дӯстон ҳадя кардам, аммо нисфаш гард хӯрда хобидааст.
Ман розӣ шудам ва суроғааву телефонашро гирифта бегоҳ пас аз кор ба хонааш сар задам. Дарро ба рӯям худаш кушод, ба хона даъват кард пешам қаҳваву ширинӣ монд, баъди каме суҳбат понздаҳ ҷуфт туфлиҳои зебои хушсифати туркиро ба пушти опели кӯҳнаякам бор карда бахона омадам ва ҳамин тавр бо Аминабонуи нозанин дӯст шудам.
Амина баъди фавти ҳамсараш ду духтару як писарашроба танҳоӣ калон карда хононда соҳиби хонаву дару маълумоти олӣ карда будааст. Чилу ҳашт сол дошт, аммо дар назар сӣ-сиву панҷ сола метофт. Писараш духтур буду дар Қазон бо аҳли оилааш зиндагӣ мекард. Ду духтараш яке дар Хуҷанд ва дигарӣ дар Хатлон. Амина дар бонке хазинадор шуда кор мекарду дар хонаи панҷ ҳуҷрадори барҳаво танҳо зиндагӣ мекард. Дар як канори шаҳр ҳавлӣ ҳам дошт, ки он ҷо иҷоранишинҳояш зиндагӣ мекарданд. Амина аз ман понздаҳ сол калон буд ва ҳеҷ гумон надошт, ки ман ӯро дӯст медорам, чун ба ӯ изҳори ишқ кардам хандид, аммо беҳуда намегӯянд, ки зан бо гӯшҳояш дӯст медорад ва оқибат ӯ ишқи маро қабул кард. Амина аз бародарони мансабдору хешу табори бонуфуз, қудову анда ва ҳамсояҳояш сахт метарсид, аз ин рӯ мо никоҳ кардему муносибатҳоямонро сахт пинҳон медоштем…
 
Чашмгурусна
Ҳар гоҳе нима шаб чун мушаки дузд вориди хонаи зебои Аминабонуи нозанин мегаштам, дар ҳайрат меафтодам, ки як зани бева ин қадар ҷоҳу ҷалол дораду мани шабурӯз меҳнат мекарда не. Оқибат ҷойи ишқу ҳурмату эҳтиромро дар дили ман бахилӣ гирифту дигар мехостам ба ивази меҳрубониҳоям аз ӯ музде ситонам. Аминаи дилкушод ба ман ҳамеша ёрӣ мерасонд, чун фаҳмид, ки мо панҷ нафар дар як хонаи якҳуҷрагии танг зиндагӣ мекунем пешинҳоди аҷибе кард.
- Азизҷон, ту хонаатро фурӯш ман бароят пул медиҳам хонаи ду ҳуҷрагӣ мехарӣ.
Ҳамин тавр ҳам кардем, ман соҳиби хонаи кушод шудам, аммо бахилӣ оромам намегузошт, мехостам мошинамро дигар кунам. Чун инро ба Амина гуфтам ӯ бо ҳайрат ба ман нигариста гуфт:
- Ту ношукр будаи, ҳоло қарзҳои гирифтагиятро барои хона багардон, баъд аз пайи мошин шав.
- Э ту беваи нодида, маро ду моҳ нагузашта таъна мезанӣ, - гӯён бо ӯ ҷанг кардам.
Амина ба ман бо ҳайрати тамом нигариста гуфт:
- Э гум шаве, ман фаҳмидам ту кӣ ҳастӣ, ишқу пишқат ҳамааш дурӯғ будааст.
Амина берун баромаду ман аз ғаладони мизи хонаи хоб тамоми тилловориҳояшро гирифта ба киссаам задаму аз хонааш берун шудам. Рӯзи дигар дуконамро бо борҳояш ба падари занам додам, ки савдо кардан гирад ва худам чипта харида баъди як ҳафтаи ин воқеа ба Руссия гурехтам. Ҳамеша ба хусурбачаам занг зада мепурсидам, ки оё ягон кас маро пурсид, мегуфт, не ҳеҷ кас напурсид. Ростӣ як соли дароз бо ҳарос зиндагӣ кардам, чун дидам Амина суроғам намекунад орому тинҷ кор карда гаштам, аммо корам омад намекард…
Поши бадӣ
[28.10.2026 14:37] Firuza Sattori: Дар Руссия дар як бозор картошка мефурӯхтам, мехостам пули билетамро кор карда ба хона баргардам. Аминаро аз ёдам бароварда наметавонистам, барои хафа карданашу дуздиҳоям виҷдони набудаам азобам медод. Шояд Худованд подоши бадиҳоямро ба ман баргардонд, ки дар чашми чапам омосе баромад. Аввалҳо мисли холе буд ва оҳиста-оҳиста калон шудан гирифт. Назди духтур рафтам, гуфт, ки ин омоси безарар аст ва ҷарроҳӣ карда гирифтан даркор. Бо ёрии бародарону хешу табор маблағи ҷарроҳиро ҷамъ оварда ҷарроҳӣ кардам, аммо ба ҷойи беҳбудӣ, бадтар шуд. Аз ташхисҳо маълум шуд, ки омос бадфиол будааст, чӣ қадар даводав кардам, шаш моҳи табобатҳо беҳосил гузаштанду чашмаро чарроҳӣ карда гирифта чашми ориятиям шинонданду ба ватан багаштам. Инак зардоб ба чашми дигарам асар намудаасту сарам низ сахт дард мекунад, хонаи дуҳуҷрагиро фурӯхта боз якҳуҷагӣ харидему пулро ҳама сарфи табобат кардем. Тилловориҳои Аминаро фурӯхта пулашро дар бонк монда будам, онҳо ҳам сарф шуданд, ҳоло қувватам рӯз аз рӯз рафта истодааст. Бечора ҳамсарам ҳамроҳи фарзандон рафта аз «Корвон» пойафзоли арзон харида онро дар дукони худамон қиматтар мефурӯшад, ҳоли баде дорем…
Як рӯз ба хонаи Амина барои узр пурсидан рафтам, чунки медонам рӯзҳои башуморе мондаанд аз тақвими умрам, аммо ҳамсояааш гуфт, ки ӯ ду сол пеш ба Руссия назди писараш рафтааст…
Худоё мани ғоратгарро бубахш, зеро як занеро, ки бо тамоми вуҷудаш мехост ба ман ёрӣ расонад, сахт хафа кардам…
 
Азизи пушаймон
Таснифи Нисо Холид

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД