goodwell
Тоҷикистон ва Қатар бозии дуюмро мусовӣ анҷом доданд
32

Тоҷикистон ва Қатар бозии дуюмро мусовӣ анҷом доданд

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар бозии дуюми дӯстона бо ҳамсолони худ аз Қатар мусовӣ кард.

Вохӯрӣ рӯзи 27 -уми октябр дар шаҳри Давҳа баргузор шуда, бо ҳисоби 0:0 анҷом ёфт. Дар бозии аввали санҷишӣ футболбозони тоҷик бо ҳисоби 1:0 ғалаба карда буданд.

Ин бозиҳо дар доираи омодагии мунтахаби Тоҷикистон ба Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 миёни наврасони то 17-сола баргузор мешаванд. Мусобиқа аз 19 ноябр то 13 декабр дар Қатар доир мегардад.

Тоҷикистон дар марҳилаи гурӯҳӣ дар гурӯҳи «F» бо мунтахабҳои Куба (20 ноябр), Круосия (23 ноябр) ва Сенегал (26 ноябр) рақобат мекунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД