Утеря
Хатлон : 18 парвандаи ҷиноӣ барои буридани дарахт
20.11.2026
Оила
24

Хатлон : 18 парвандаи ҷиноӣ барои буридани дарахт

Дар вилояти Хатлон 270 ҳолати буридани ғайриқонунии дарахту буттаҳо ошкор гардида, нисбати қонуншиканон 18 парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Тавре Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон хабар медиҳад, ин ҳолатҳо дар ноҳияҳои Данғара, Восеъ, Муъминобод, Ховалинг, Фархор, Ҳамадонӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Шаҳритус, Ҷалолиддин Балхӣ ва Ҷайҳун ошкор шудаанд.
Ба иттилои манбаъ, дар маҷмӯъ 620 дарахт бурида шудааст, ки аз ин шумора 456 дарахт сояафкан ва 164 дарахти дигар мевадиҳанда будааст.

Вобаста ба ин ҳолатҳо нисбати шаҳрвандон 18 парвандаи ҷиноятӣ ва 228 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст.

Аммо мақомот мушаххас накардаанд, ки дарахтон кай ва бо чӣ сабаб бурида шудаанд. Ҳамчунин, назари шахсоне, ки нисбаташон парванда боз шудааст, дастрас нест.

Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон аз сокинон даъват кардааст, ки аз буридани ғайриқонунии дарахтон худдорӣ намуда, дар ҳифзи муҳити зист саҳм гузоранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД