Як нафар захмии дигари садамаи мудҳиши нақлиётии шаҳри Кӯлоб пас аз 2 рӯзи ҳодиса дар беморхона аз олам даргузаштааст. Дар ин бора раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Ба гуфтаи шаҳрдор, Қурбон Сӯфиев 29-сола буда, дар ин ҳодиса ҷароҳати вазнин бардошта буд ва дар шуъбаи эҳёгарӣ бистарӣ буд.
“Баъди як рӯзи ҳодиса Мадинаи Ҷамолиддин ва рӯзи дуюм Қурбон Сӯфиев дар беморхона ҷон доданд. Теъдоди фавтидагон 12 нафар шуд”, - гуфт Назарзода.
Бахтиёр Назарзода гуфт, “овозаҳое паҳн кардаанд, ки гӯё теъдоди фавтидагон хеле зиёд бошад, вале онҳо асоси воқеӣ надоранд”.
Ёдовар мешавем, ки шоми 6-уми август нақлиёти боркаши “Дулан” дар назди бозори “Сомониён”-и шаҳри Кӯлоб бар асари корношоямии тормоз ба мошинҳои дигар ва хонаҳое, ки дар канори роҳ буданд, бархӯрд. Ронанда дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид.
Аз идора: Навори видеоии моро аз ҷойи ҳодиса дар ин ҷо бинед.