Марги нобаҳангоми Дамирбек Олимов, сарояндаи саршиноси тоҷик ҳаводору мухлисонашро шокӣ намуд.
Овозаҳо атрофи марги ин сароянда зиёд бошанд ҳам, вале ҳамагӣ аз риҳлати ӯ андӯҳгин шуданд.
Вазорати корҳои дохилӣ сабабу омилҳои марги Дамирбек Олимовро дар сомонаи расимаш чунин шарҳ додааст:
Санаи 5-уми феврали соли ҷорӣ тахминан соати 01:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Honda CRV», ки ба Олимов Дамирбек Ботурович, соли таваллудаш 1989, сокини шаҳри Хуҷанд, тааллуқ дорад, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди “Хуҷанд-Сомғор”, бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, аз роҳи мошингард ба қисмати шағалпӯши ҳамшафати роҳ ва баъдан ба саҳрои пайваста ба роҳи мошингард баромада, якчанд маротиба чаппа шудааст.
Мутаассифона, дар натиҷаи ин ҳодисаи нохуш ронандаи мазкур, ҳунарманди шинохта Олимов Д.Б. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.