Formula september
Таксисти тоҷикро дар Русия ҷавони тоҷик кушт?
17283


Қотили Эмомалӣ Давлатов, таксисти 26-солаи тоҷикро, ки ҷасадаш шаби 23 ба 24-уми январ бо гулӯи бурида дар дохили мошини тамғаи «Фолксваген Поло» дар нишебии пандуси фурудгоҳи Пулковои шаҳри Санкт- Петербург пайдо шуда буд, пас аз чаҳор рӯзи сар задани ин ҳодисаи ваҳшатнок дастгир карданд.

Тавре ки телеграм-канали “Mash на Мойке” хабар додааст, шахсе, ки ҳамчун гумонбар дар куштори бераҳмонаи таксисти тоҷик дар Русия дастгир шудааст, ҳамагӣ 18-сол дошта, зодаи Тоҷикистон будааст.
Ба иттилои манбаъ, он рӯзи наҳс Эмомалӣ аз Василевский остров ду мусофирро то фурудгоҳ гирифта, аз онҳо иҷозат пурсидааст, то як рафиқашро ҳам то Пулково барад. Муштариён не нагуфтаанд ва онҳо ҳамроҳ то фурудгоҳ рафтаанд.

Дар Пулково он ду мусофир аз мошин фаромадаанд ва Эмомалӣ бо рафиқаш дар дохили мошин мондаанд.” Байни таксист ва дӯсташ чӣ гузашт, касе намедонад, вале баъд аз чанд соат ҷасади Эмомалиро бо гулӯи бурида аз даруни мошинаш ёфтанд. Қотил кордро ҳам дар дохили мошин партофта рафтааст.
Ба гуфти манбаъ, “қотил дӯсташро кушта, худ сари чанбараки фармони мошин нишаста, онро дуртар аз даромадгоҳ рондааст”.
Пас аз содир намудани ин ҷинояти ваҳшиёна ҷавони 18-сола аз шаҳри Петербург фирор мекунад, вале кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ӯро аз як вилояти дигари Русия пайдо ва дастгир намудаанд.

Ба иттилоъи “Бомдод” марҳум Эмомалӣ Давлатов аз деҳаи Чорбоғи ҷамоати Симиганҷи шаҳри Ваҳдат буда, волидонаш барвақт аз ҳам ҷуд шудаанду модар дар танҳоӣ Эмомалӣ ва бародарашро ба воя расонидааст. Пас аз хатми мактаби миёна Эмомалӣ Донишгоҳи омӯзгориро хатм карда, муддате дар мактаби деҳаи Шодмонқалъа аз фанни информатика ва технологияҳои нав дарс медодааст, вале баъдан бо сабаби кам будани маош ба Русия мардикорӣ рафта, аз роҳи одамкашонӣ бо таксӣ ризқу рӯзии худро пайдо мекардааст. Модараш бемору ҳамсараш ҳомила, бар замми ин, қарздор будааст аз ҳамин хотир ин ҷавони ормонӣ дар арафаи соли нави мелодӣ боз роҳи Русияро пеш гирифтааст, аммо ин дафъа бозгашт ба Ватан ба Эмомалӣ муяссар нагашта, ба дасти дӯсти гургнажодаш ба таври ваҳшиёна кушта шуд. Дидани рӯйи фарзанди нахустинаш ба Эмомалӣ муяссар нагашта, тифли маъсум ҳанӯз ба дунё наомада ятим гашт.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД