goodwell
Дар Тоҷикистон никоҳу талоқ коҳиш ёфтааст
23.11.2026
Kamoliddin
34

Дар Тоҷикистон никоҳу талоқ коҳиш ёфтааст
   Дар Тоҷикистон дар нӯҳ моҳи аввали соли 2026 ҳам шумораи ақди никоҳ ва ҳам мавридҳои бекор кардани он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта кам шудааст.

Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз моҳи январ то сентябри соли ҷорӣ дар кишвар 5 ҳазору 400 мавриди бекор кардани ақди никоҳ ба қайд гирифта шудааст. Ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14 фоиз ё 880 маврид кам мебошад.

Бештарин ҳолатҳои бекор кардани ақди никоҳ дар вилояти Суғд сабт шудаанд. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) бошад, аз рӯи ин нишондиҳанда дар ҷойи охир қарор дорад.

Ҳамзамон, дар ин давра дар Тоҷикистон 50 ҳазор ақди никоҳ ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, ки нисбат ба нӯҳ моҳи аввали соли гузашта 3,6 фоиз ё 1 ҳазору 847 маврид камтар аст.

Аз рӯи шумораи ақди никоҳи ба қайд гирифташуда вилояти Хатлон дар ҷойи аввал қарор дошта, нишондиҳандаи камтарин ба ВМКБ рост меояд.

Ҳамин тариқ, омори нуҳ моҳи соли 2026 аз коҳиши ҳам шумораи оилаҳои навбунёд ва ҳам мавридҳои бекор кардани ақди никоҳ дар кишвар шаҳодат медиҳад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД