Маҳсулоти лозима:
4 қошуқ лӯбиёи обпаз, 150 грамм гӯшти обпаз (гов ё мурғ), 100 грамм бодиринг, 3 қошуқ майонез, ҷаъфарӣ ва шибит, 30 грамм пиёз, намак, мурч.
Тарзи таҳия:
Барои тайёр кардани хӯриш лӯбиёро қаблан дар об пухтан лозим аст. Шумо метавонед ҳамчунин лӯбиёи очонидашударо истифода баред. Лӯбиёро шабона дар об тар карда, обашро полонед ва дар оби тоза дар оташи паст 40-60 дақиқа ҷӯшонед. Баъдан бодиринг, пиёз, гӯшти обпазро чоркунҷа реза карда, кабутиро маҳин кубед. Ба маҳсулоти номбаршуда майонез илова карда, хӯришро нағзакак омехта намоед.