Arzon march 2024
Суманак дар ҷӯш, мо кафча занем
2159

Рамзи асосии Наврӯз сумалак буда, ин ширинии лазиз зебу зиннати дастурхони наврӯзӣ мебошад, вале на ҳамаи бонувон тарзи пухтани онро медонанд. Ба хотири кӯмак ба хонумҳо имрӯз мо дар бораи тарзи дурусти пухтани сумалак ба шумо маълумот медиҳем.

Маҳсулоти лозима:
Гандум – 5 кг
Об – 1 литр
Орд – 3 кг
Чормағз – 7 дона
Равғани растанӣ – 1 стакон

Тарзи таҳия:
Гандумро як шабонарӯз дар об тар карда, баъдан обашро рехта дар ягон ҷойи гармак нигоҳ доред, то ки неш занад. Баъди ду-се рӯз гандумҳои нешзадаро дар рӯйи лаълӣ тунук карда, болои онро бо дока мепӯшонанд. Дар давоми 5-6 рӯз гандум реша давонда, алафаш сабз мешавад. Ҳар қадар реша зиёд бошад, ҳамон андоза сумалак болаззат мешавад. Кӯшиш кунед, ки сабзаи сумалак баланд нашавад, вагарна талх мешавад.

Гандуми нешзадаро дар ӯғурча нағзакак кӯфта, баъд ба корсон меандозед ва ба болояш об рехта, шираи онро дар зарфи алоҳида мегиред. Оби сафеди ширмонанд ҳосил мешавад.
Барои пухтани сумалак деги калонеро интихоб кунед. Аввал ба дег каме равғани растанӣ, пасон, оби гандумро рехта, ордибехташударо кам-кам ба он илова намуда, нағзакак лат занед, то ки орд кулӯла нашавад.

Ба 5 кг гандум 3 кг орд андохтан лозим аст.
Ҳангоми пухтан дегро тез-тез кофта истодан лозим аст, то ки тагаш нагирад.
Ба деги сумалак 7 дона чормағз андохтанро фаромӯш накунед.
Дар хотир доред, ки то пухта расидани сумалак 5 ё 7 маротиба ба он оби ҷӯш рехтан лозим аст. Обро ҳангоми ғафс шудани сумалак мерезанд, то ҳавло барин ғафс шуда начаспад.
Пухтани сумалак бисёр кори душвор аст, чунки он дар як шабонарӯз мепазад. Пас аз пухтанаш сумалакро ба аҳли оила , хешу табор ва ҳаққу ҳамсояҳо бо нияти неки сиҳату саломат ба соли нави дигар расидан тақсим мекунанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД