Ҳамал
Имрӯз эҳтимол дар вазъияти душвор қарор гиред, бинобар ин пешакӣ роҳи дурусти ҳалли мушкилотро андеша кунед. Дар муносибатҳои ошиқона бештар меҳру таваҷҷуҳ зоҳир кардан лозим меояд. Барои мулоқот бо дӯстону наздикон вақти муносиб пайдо мешавад. Дар кор фаъол бошед ва ба рушди касбии худ аҳамият диҳед. Дар масъалаҳои молиявӣ маслиҳати наздиконро ба назар гиред. Аз машрубот ва хӯроки зиёд худдорӣ кунед.
Савр
Барои нафарони муҷаррад эҳтимоли шиносоии нав ва оғози муносибатҳои ошиқона вуҷуд дорад. Бо хешовандоне, ки дер боз надидаед, вохӯред ва вақти хуш гузаронед. Имрӯз аз корҳои вазнини ҷисмонӣ худдорӣ намоед. Ҳангоми қабули қарорҳо ба эҳсосот дода нашавед, ин метавонад боиси нофаҳмӣ гардад. Пеш аз хариди калон ё сармоягузорӣ имкониятҳои молиявии худро бодиққат ҳисоб кунед. Сабру таҳаммулро аз даст надиҳед.
Ҷавзо
Дар ҳаёти шахсӣ тағйироти мусбат дар назар аст. Эҳтимол бо шахсе шинос шавед, ки ҳамсафари муносибатон мегардад. Дар касбу кор масъулиятшинос бошед ва вазифаҳои худро сари вақт иҷро кунед. Наздиконро бо шикоятҳои беҳуда нороҳат насозед. Аз қарз гирифтан ва хариди чизҳои нолозим худдорӣ кунед, ба наздикӣ маблағ лозим шуда метавонад. Имрӯз фурсати хубест барои истироҳат ва хушҳолӣ.
Саратон
Дар ҳаёти ошиқонаатон таваҷҷуҳ ва меҳрубонӣ бештар мешавад. Эҳтимол муносибати нав ба робитаи ҷиддӣ табдил ёбад. Барои нигоҳ доштани он ба интихоби худ содиқ бошед. Дар корҳои рӯзгор ва муносибат бо атрофиён аз дастгирии наздикон истифода баред. Агар мехоҳед соҳиби вазифаи баландтар шавед, ба тарзи суханронӣ, рафтор ва намуди зоҳирии худ аҳамият диҳед. Аз хастагии зиёд ва корҳои хатарнок дурӣ ҷӯед.
Асад
Имрӯз барои шиносоии нав ва оғози муносибатҳои ошиқона рӯзи мусоид аст. Барои ба ҳамаи корҳо расидан рӯзатонро дуруст ба нақша гиред ва аз дигарон низ ёрӣ пурсед. Агар дар кор мушкилӣ пеш ояд, оромиро нигоҳ дошта, бо ақли солим амал кунед. Аз харидҳои калон ва муомилаҳои молиявии шубҳанок худдорӣ намоед. То охири рӯз хастагии ҷисмонӣ ва фикрӣ эҳсос карданатон мумкин аст. Ба истироҳат ва ғизои солим аҳамият диҳед.
Сунбула
Имрӯз дар муносибатҳои ошиқона меҳру муҳаббати зиёд эҳсос мекунед ва таваҷҷуҳи атрофиёнро ба худ ҷалб месозед. Аммо аз ҳасад ва суханони ноҷои дигарон эҳтиёт шавед. Дар ҳаёти оилавӣ барои тағйироти муҳим шитоб накунед ва фикри наздиконро ба назар гиред. Барои рушди касбӣ имкониятҳои нав пайдо мешаванд. Эҳтимоли хароҷоти ғайричашмдошт вуҷуд дорад. Беҳтараш имрӯзро ба истироҳат бахшида, неруи худро барқарор кунед.
Мизон
Дар муносибат бо шахси дӯстдошта эҳтимол нофаҳмие ба вуҷуд ояд. Ба ҷойи ранҷидан ё баҳс кардан, оромона суҳбат кунед ва сабаби мушкилро фаҳмед. Барои шахсони муҷаррад ин давра шояд он қадар осон набошад, аммо бо сабру таҳаммул ҳама мушкилотро паси сар мекунед. Дар фаъолияти касбӣ барои нишон додани қобилиятҳои худ фурсати муносиб пайдо мешавад. Шиносоиҳои нави корӣ муфиданд, вале ҳар пешниҳодро саросема қабул накунед. Ба саломатии дил аҳамият диҳед.
Ақраб
Имрӯз дар масъалаҳои ошиқона каме эҳтиёткор бошед. Мулоқот ё суҳбати нодуруст фаҳмидашуда метавонад боиси баҳс гардад. Сирру асрори шахсии худро ҳатто ба дӯстони наздик пурра нагӯед. Дар ҷойи кор андешаи ҳамкоронро эҳтиром кунед ва аз рафтори дағалона худдорӣ намоед. Барои расидан ба муваффақият қатъият ва тамаркуз ба як ҳадаф муҳим аст. Сайругашт дар ҳавои тоза ба оромии асаб ва беҳтар шудани хоб мусоидат мекунад.
Қавс
Имрӯз муносибатҳои шахсӣ ва корӣ метавонанд хуб пеш раванд. Ба шахси дӯстдошта озодии бештар диҳед ва бо рашку назорати зиёд муносибатро халалдор насозед. Масъалаҳои хурди рӯзгорро сабаби ҷанҷол нагардонед. Дар корҳои тиҷоратӣ, савдо ва бастани шартномаҳо имкониятҳои хуб пайдо мешаванд. Эҳтимоли даромади ғайричашмдошт низ вуҷуд дорад. Аммо ба саломатии худ аҳамият диҳед ва ҳангоми зарурат аз муоинаи тиббӣ гузаред.
Ҷаддӣ
Имрӯз барои шиносоии нав ва муносибатҳои ошиқона рӯзи мусоид аст. Эҳтимол вохӯрии хотирмон ба амал ояд ё мушкили деринаро ҳал кунед. Харид низ метавонад муваффақона анҷом ёбад. Агар роҳбар ба шумо пешниҳоди ғайричашмдошт кунад, пеш аз рад кардан онро хуб баррасӣ намоед. Кӯшиш кунед, ки байни кору зиндагии оилавӣ мувозинат нигоҳ доред ва пулро беҳуда сарф накунед. Ба фишори хун ва оромии асаб диққат диҳед.
Далв
Имрӯз барои ҳалли масъалаҳои печида имконияти хуб пайдо мекунед. Маслиҳати шахсони боэътимод метавонад ба шумо ёрӣ расонад. Эҳтимол хабари ғайричашмдошт шунавед, бинобар ин ба тағйироти нав омода бошед. Ҳангоми ҳисобу китоби пулӣ ва харид эҳтиёткор бошед, то фиреб нахӯред. Кӯшиш кунед, ки корҳои рӯзгорро кам карда, барои худ вақти бештар ҷудо намоед. Агар тамоку мекашида бошед, беҳтараш ин одати зарароварро тарк кунед.
Ҳут
Агар муҷаррад бошед, вақти он расидааст, ки барои шиносоии нав қадам гузоред ва аз шиносоӣ бо шахси писандида натарсед. Ба наздикону аҳли оила бештар вақт ҷудо кунед. Дар фаъолияти корӣ шиносоиҳои нав, гуфтушунид ва ҳамкории судманд ба шумо муваффақият меоранд. Дар муносибатҳои шарикӣ саховатманд бошед, зеро хасисӣ метавонад боиси нофаҳмӣ гардад. Зимни шиносоиҳои нав шитоб накунед.
Начало формы
Конец формы