ТОЛЕЪНОМА
Толеъномаи ҳафта
09.09.2019
Shahlo
677
3

 

 Ҳамал ( 21 март-20 апрел)

Касбу кор: Шумо тавре рафтор мекунед, ки шарикони корӣ гумон мекунанд, пешакӣ аз ҳама гапу кор огаҳӣ доред. Ин ҳолат сади роҳи нақшаву ниятҳоятон мегардад.

Муҳаббат: Шуморо лозим меояд, ки дар муносибат бо шахси дӯстдошта баъзе камбудиҳои худро рафъ намоед.

Саломатӣ: Ҳунару маҳорати худро нишон доданӣ шуда, дар натиҷа хотиратон гоҳе шод мегардаду гоҳи дигар ранҷур мегардед, натиҷаи ин ҳолататон боиси асабхаробӣ мешавад.

Тиҷорат ва вазъи молиявӣ: Пулро дар ин ҳафта бояд хеле боэҳтиёт сарф намоед, зеро рӯзҳои наздик ягон даромади иловагӣ пайдо намешаваду хароҷоти ногаҳонӣ пеш меояд.

Рӯзи бобарор: чоршанбе.       Рӯзи бебарор: нест.

Савр
Касбу кор: Аз нафароне маслиҳату тавсия пурсед, ки дар касбу кори худ мутахассис бошанд. Эҳтимоли ба андешаи ғалат гӯш доданатон зиёд аст.

Муҳаббат: Бо дӯстдоштаи худ самимӣ бошед, дар ин ҳафта метавонед тамоми камбудиву ғалатҳои сарзадаро рӯирост ба ҳам иброз намоед. Саломатӣ: Шакку шубҳа дар фикру андешаҳоятон боиси бемор гаштани узвҳои пешобдон мегардад. Фаромӯш насозед, ки оби рехтаро дигар бардошта намешавад ва беҳуда худро азият надиҳед.

Тиҷорат ва вазъи молиявӣ: Орзуи ба даст овардани пули калонро накунед.

Рӯзи бобарор: панҷшанбе.       Рӯзи бебарор: чоршанбе, ҷумъа.

Ҷавзо
Касбу кор: Агар ба назаратон чунин намояд, ки аз уҳдаи кори худ баромада наметавонед, тамоми кӯшишу маҳорати доштаатонро ба кор баред. Дар акси ҳол кори худро аз даст медиҳед.

Муҳаббат: Шубҳаву гумони ботил боиси сар задани нофаҳмӣ миёни шумову шахси дӯстдоштаатон мегардад. Барои рафъи ин ҳолат бояд дар сари ғазаб худро ба даст гирифта тавонед.

Саломатӣ: Табъи хушу болида ва нияти нек кунед, вагарна худро пайваста гунаҳкор ҳис карданатон боиси пайдоиши бемории остеохондрози гардан мешавад.

Тиҷорат ва вазъи молиявӣ: Дар ин ҳафта қарз надиҳед, вагарна бо даст пул дода, барои гирифтанаш бо по медавед.

Рӯзи бобарор: панҷшанбе, якшанбе.       Рӯзи бебарор: ҷумъа.

Саратон
Касбу кор: Имкони хуби расидан ба зинаҳои мансаб пеш меояд. Барои пешравии кор тамоми кӯшиши худро харҷ намоед.

Муҳаббат: Дӯстдоштаи худро бо саволи «дӯстам медорӣ» ҷонбезор накунед, беҳтараш худатон содиқона дӯст доред, он гоҳ муҳаббати ёратонро баръало эҳсос хоҳед намуд.

Саломатӣ: Андешаи он ки дар дунё ҳама чиро бо истифода аз пул ҳал кардан мумкин аст, ғалат аст. Тарс ва ҳисси масъулиятнокӣ боиси пайдо шудани бемориҳои ғадуди сипаршакл мегардад.

Тиҷорат ва вазъи молиявӣ: Дар ин ҳафта барои харидани туҳфа пул сарф накунед, вагарна азоби сахти бепулӣ мекашед.
Рӯзи бобарор: сешанбе, чоршанбе.       Рӯзи бебарор: шанбе.

 

 Асад
Касбу кор: Атрофиёнро танқид накунед, вагарна худатон низ мавриди танқид қарор мегиреду ба худ душман мехаред. Беҳтараш дар лаҳзаҳои мушкил дасти кӯмак дароз кунед.

Муҳаббат: Дар муносибатҳои ошиқона бештар ташаббускор бошед.

Саломатӣ: Эҳсоси сипосгузорие, ки дар ботинатон пайдо шудааст, боиси беҳтар гаштани вазъи саломатӣ мегардад.

 Тиҷорат ва вазъи молиявӣ: Ҳафта барои оғози тиҷорати худ мусоид аст. Эътимод ба шарикони корӣ боиси пешравиҳоятон мегардад.

Рӯзи бобарор: чоршанбе.       Рӯзи бебарор: ҷумъа, шанбе.

 

 Сунбула
Касбу кор: Аз вазъиятҳои пурмоҷаро ва мушкилиҳо гурезед, вагарна гунаҳкори бе гуноҳ мешавед.

Муҳаббат: Агар яккаву танҳо будан нахоҳед, нисбати дӯстдоштаи худ хеле меҳрубон бошед.

Саломатӣ: Серкорӣ ва ташвиши зиёд боиси хароб гаштани асаб мегардад.

Тиҷорат ва вазъи молиявӣ: Нафарони тиҷораткор дар ин ҳафта серташвиш мешаванд, вале маблағи ёфтаашон хароҷоти кардаашонро рӯпӯш намекунад.

Рӯзи бобарор: душанбе.       Рӯзи бебарор: сешанбе, панҷшанбе.

 Мизон
Касбу кор: Дар ин ҳафта бояд коре кунед, ки роҳбарият нисбати шумо дилгарм шавад. Ба коре, ки боиси танқиду эроди роҳбар мегардад, даст назанед.

Муҳаббат: Агар шарм ва тарсро аз худ дур созед, ба мақсад мерасед. Орзуву ҳавасҳои худро амалӣ созед.

Саломатӣ: Дар атрофатон нафаре аст, ки ба шумо нафрат дорад, кӯшиши ислоҳ намудани ӯро накунед, ҳатто агар дар дил нисбаташ меҳр дошта бошед ҳам, вақту саломатии худро барояш сарф накунед. Хатари асабоният ва руҳафтодагӣ зиёд аст.

Тиҷорат ва вазъи молиявӣ: Нимаи аввали ҳафта аз ҷашну маърака ва дигар намуди дилхушиҳо дурӣ ҷӯед, айни замон пул сарф карданатон лозим нест.

Рӯзи бобарор: ҷумъа, якшанбе.       Рӯзи бебарор: сешанбе.

Ақраб
Касбу кор: Мушкилиҳои рӯзгор ба касбу коратон таъсири худро гузошта, нақшаҳоятон барбод мераванд.

Муҳаббат: Нофаҳмиҳое, ки миёни шумову ошиқатон сар мезанад, бояд сари вақт рафъ намоед.

Саломатӣ: Ғами наздикони худро хурда, гирифтори бемории остеохондрози миён мегардед.

Тиҷорат ва вазъи молиявӣ: Шумо пулро хеле оқилона сарф мекунед, вале вазъият тавре сурат мегирад, ки маҷбур шуда, пасандозҳои худро истифода мебаред.

Рӯзи бобарор: панҷшанбе, шанбе.       Рӯзи бебарор: чоршанбе.

Қавс
Касбу кор: Вазъият тавре сурат мегирад, ки хоҳиши ҳар чӣ зудтар иваз намудани ҷойи кор дар дилатон пайдо мешавад, вале аз ин амал худдорӣ намоед.

Муҳаббат: Ба назаратон чунин менамояд, ки агар аз ошиқи худ ҷудо шавед, беҳтару болотарашро меёбед, вале ин андешаатон ғалат аст, беҳуда таваккал накунед.

Саломатӣ: Дудилагӣ ва фикри зиёд сабабгори ба ҳолати яъсу ноумедӣ афтиданатон мегардад.

Тиҷорат ва вазъи молиявӣ: Агар кори худро бо пули қарз оғоз карданӣ бошед, беҳтараш аз ин иқдом даст кашед.

Рӯзи бобарор: сешанбе, ҷумъа, шанбе.       Рӯзи бебарор: якшанбе.

 

Ҷаддӣ

Касбу кор: Роҳеро, ки дар ин ҳафта интихоб мекунед, шуморо ба мақсад мерасонад. Дар баробари ин, эҳтимоли он ки касе ҷои коратонро гирифтан мехоҳад, зиёд аст.

Муҳаббат: Аз ваъдаҳои хушку холӣ суде нест, беҳтараш барои шахси дӯстдоштаатон некӣ кунед. Баъзан амалҳои шоиста аз ҳазор ҳарфи ширин беҳтар аст.

Саломатӣ: Ҳангоми ба сафар баромадан ҳатман бо худ дорувориҳои даркориро гиред, эҳтимоли ҷароҳат бардоштанатон зиёд аст.

Тиҷорат ва вазъи молиявӣ: Кӯшиш намоед, ки маблағи дар даст доштаатонро дуруст сарф намоед, қарз надиҳеду қарз нагиред.

Рӯзи бобарор: душанбе, якшанбе.       Рӯзи бебарор: ҷумъа.

 

 Далв
Касбу кор: Имкони хуби беҳтар сохтани вазъи молиявиро пайдо мекунед. Чунин имконияти ногаҳонӣ танҳо як бор пайдо мешавад. Муҳаббат: Дар олами ишқу муҳаббат парвоз карда, ҳамаро хушбахт кардан мехоҳед. Диққати худро ба як нафар-шахси дӯстдоштаатон равона созед, ӯ ба меҳрубонии шумо сахт ниёз дорад.

Саломатӣ: Бесаранҷомӣ ва ташвиши зиёд хатари ҷароҳат ёфтану лат хӯрданро зиёд мегардонад.

Тиҷорат ва вазъи молиявӣ: Ҳалли масъалаҳои вобаста ба ҳисобу китоби пулро ба ҳафтаи дигар гузоред.

Рӯзи бобарор: душанбе.       Рӯзи бебарор: сешанбе, шанбе.

Ҳут
Касбу кор: Ба корҳои шубҳаноку макру ҳилла роҳ надиҳед, вагарна аз нони даҳони худ мемонед.

Муҳаббат: Ба шиносоии тасодуфӣ ва муҳаббати ногаҳонӣ диққат надиҳед, он танҳо як лаҳзаи умри шумо асту зуд мегузарад.

Саломатӣ: Дар ҷои кор ва муносибатҳои маҳрамона аз ҳад зиёд ба серҳаракатӣ роҳ надиҳед, ҷисми шумо ба истироҳат ниёз дорад.

Тиҷорат ва вазъи молиявӣ: Нимаи дуюми ҳафта вазъи молиявӣ рӯ ба беҳбудӣ меорад. Хусусан барои харидани таҷҳизоти техникӣ рӯзҳои мусоид фаро мерасанд.

Рӯзи бобарор: чоршанбе, якшанбе.       Рӯзи бебарор: нест.

 

Хабарҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Шарҳ
(3)
Фариза 2019-09-09, 21:55
Кош хамаш хаминхел шавад
Посух
Атовулло 2019-09-10, 12:45
Хами ин чизхо аник бошанд !!!🤔
Посух
Фариддун 2019-09-10, 18:49
Фаизидинов
Посух
Шарҳ