Нақби «Истиқлол» имрӯз ду соат баста мешавад
Ҳаракати тамоми намуди воситаҳои нақлиёт тавассути нақби «Истиқлол», воқеъ дар шоҳроҳи Душанбе–Чаноқ, имрӯз, 20-уми ноябр, аз соати 10:00 то 12:00 муваққатан қатъ карда мешавад.
Дар ин бора ширкати «IRS», масъули нигоҳдории роҳи Душанбе–Чаноқ, хабар додааст.
Ба иттилои ширкат, дар ин муддат дар нақб корҳои таъмирӣ, аз ҷумла мумфаршкунии роҳ анҷом дода мешаванд.
Ширкати «IRS» ҳамзамон таъкид кардааст, ки нигоҳдории нақби «Истиқлол» ба уҳдаи он нест. Аммо бо назардошти нигаронии ронандагону мусофирон аз ҳолати нақб, ширкат тасмим гирифтааст, ки барои бартараф кардани камбудиҳои мавҷуда иқдом намояд.
Аз ин рӯ, аз ронандагон хоҳиш шудааст, ки ҳангоми сафар вақти баста будани нақбро ба назар гиранд.