35 years of independency
Дар Ҳамадонӣ мард бо гумони сӯиқасд ба ҷони ҳамсараш дастгир шуд
28.10.2026
Оила
81

Дар Ҳамадонӣ мард бо гумони сӯиқасд ба ҷони ҳамсараш дастгир шуд

Як сокини 50-солаи ноҳияи Ҳамадонӣ бо гумони сӯиқасд ба куштори ҳамсараш дастгир шудааст.

Ба иттилои ВКД, ҳодиса шаби 15-уми октябри соли 2026, тақрибан соати 23:30, рух додааст. Гумонбаршаванда Ҷӯрахон Алиев, сокини ҷамоати деҳоти Заркуҳ, бо бел ба ҳуҷраи хоби ҳамсараш, ворид шуда, ҳангоми хоб будани ӯ ба сараш зарба задааст.
Дар натиҷа зан аз хоб бедор шуда, бо доду фарёд ба саҳни ҳавлӣ гурехтааст. Ҳамсояҳо ба ёрии ӯ расида, занро аз дасти шавҳараш наҷот додаанд.

Вобаста ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД