Утеря
Хизмати алтернативӣ (пулакӣ) дар Тоҷикист беш аз 60 ҳазор сомонӣ мешавад
23.11.2026
оила.тч
39

Хизмати алтернативӣ (пулакӣ) дар Тоҷикист беш аз 60 ҳазор сомонӣ мешавад
    Арзиши хизмати ҳарбии пулакӣ (алтернативӣ) дар Тоҷикистон аз 1 -уми январи соли 2027 ба 60 ҳазору 750 сомонӣ мерасад. Ҳоло барои адои ин навъи хизмат 58 ҳазору 500 сомонӣ пардохт карда мешавад.

Тибқи маълумоти мавҷуда, маблағи хизмати ҳарбии пулакӣ ба 750 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар аст. Азбаски соли 2026 як нишондиҳанда барои ҳисобҳо 78 сомонӣ муқаррар шудааст, арзиши он ҳоло 58 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад.

Бо зиёд шудани нишондиҳанда барои ҳисобҳо аз 78 то 81 сомонӣ, аз аввали соли оянда маблағи хизмати ҳарбии пулакӣ 2 ҳазору 250 сомонӣ гарон мешавад. Ҳамин тариқ, хоҳишмандон барои адои ин навъи хизмат бояд 60 ҳазору 750 сомонӣ пардохт кунанд.

Нишондиҳанда барои ҳисобҳо асоси муайян кардани маблағи як қатор пардохтҳои ҳатмӣ, аз ҷумла андозу боҷҳо, ҷаримаҳо ва баъзе пардохтҳои давлатӣ мебошад. Ҳангоми тағйир ёфтани он маблағи хизматрасониҳое низ, ки арзишашон бо ин нишондиҳанда муайян мешавад, тағйир меёбад.

Қобили зикр аст, ки соли 2025 арзиши хизмати ҳарбии пулакӣ 56 ҳазору 250 сомонӣ буд. Соли 2026 он ба 58 ҳазору 500 сомонӣ расид ва дар сурати тасдиқи нишондиҳандаи нави ҳисобӣ, соли 2027 боз 2 ҳазору 250 сомонӣ афзоиш меёбад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД