ТУРКИЯ-КИШВАРИ ДӮСТ ВА БАРОДАРИ ТОҶИКИСТОН 103-СОЛА ШУД
Имрӯз, 29 -умиоктябри соли 2026 кишвари ба мо дӯст-Туркия ҷашни 103 солагии худро таҷлил менамояд.
Тоҷикистон ва Туркияро равобити қавии фарҳангӣ ва таърихӣ, ки реша дар умқи асрҳо дорад, бо ҳам мепайвандад, аз ин рӯ, мо қарор додем каме дар бораи ин кишвари пешрафта ба хонандагони азизи сомонаи Oila. tj қисса кунем.
Таърихи 103-солаи Туркия достони мубориза, таҳаввулот ва рушди назарраси ин кишвар мебошад, ки бо талошҳои пайвастаи чандин насл ба як давлати тавоно ва устувор натанҳо дар минтақа, балки дар ақсои ҷаҳон табдил ёфта, яке аз 5 кишвари машҳури сайёҳии ҷаҳон ба шумор меравад.
Анталия-биҳишти кӯчак дар сайёраи замин
Ҳамасола ҳазорон нафар сайёҳон аз кишварҳои гуногуни олам ба тамошои Туркия рафта, пеш аз ҳама аз Анталия дидан мекунанд, зеро он бо зебоӣ ва табиати нотакрораш дар олам машҳур гаштааст. Соли равон Анталия мизбони нишасти “COP-31” гашта, рӯзҳои 11-12-уми ноябр роҳбарони чандин давлатҳои бузурги ҷаҳонро қабул мекунад. “Умедворем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро низ дар Анталия истиқбол намоем,”-мегӯянд намояндагони корпуси дипломатии Туркия.
Фурудгоҳи Истамбул-серпарвозтарин
фурудгоҳ дар Аврупо
Фурӯдгоҳи Истанбул, ки аксари зодагони Тоҷикистон низ зимни сафар ба Туркия аз он истифода мебаранд, яке аз серпарвозтарин фурӯдгоҳҳо дар Аврупо ба шумор рафта, дорои беҳтарин шабакаи пайвастшавӣ дар ҷаҳон аст. Аз ҷумла ширкати ҳавопаймоии "Turkish Airlines", ки имсол 20-солагии фаъолияти худро дар Тоҷикистон ҷашн мегирад, ба чандин кишварҳои ҷаҳон парвозҳо анҷом медиҳад.
Иқтисод ва содирот
Имрӯз маҳсулоти саноати мудофиавии Туркия ба 180 кишвари ҷаҳон содир карда мешавад. Путратчиёни (бинокорони) турк бо лоиҳаҳои арзишашон 570 миллиард доллар дар ҷаҳон ҷои дувумро ишғол мекунанд.
Филмҳои пурмоҷарое, ки нисфи
ҷаҳонро тасхир кардаанд
Сериалҳои пурмоҷарои туркӣ, ки бисёре аз тоҷикон низ онҳоро бо шавқу завқи зиёд тамошо мекунанд, дар саросари ҷаҳон миллионҳо мухлису тамошобин доранд. Имрӯз сериалҳои туркӣ ба 1 миллиард нафар дар ҷаҳон дастрас мебошанд.
Таҳсили ройгон дар донишгоҳ ва
донишкадаҳои машҳури Туркия
Бурсияҳои таҳсилии Туркия (Türkiye Bursları), ки ҳамасола шумораи зиёди донишҷӯёни тоҷик низ дар онҳо ширкат мекунанд, фарогиртарин барномаи стипендиявии ҷаҳон аст. Туркия бо 350,000 донишҷӯи хориҷиаш дар ҷаҳон ҷои ҳаштумро ишғол намудааст.
Равобити дӯстонаи Тоҷикисон ва Туркия
Муносибатҳои дӯстонаи Туркия ва Тоҷикистон дар асоси пайванди муштараки таърихӣ ва фарҳангӣ оғоз ёфта, имрӯз дар заминаи эҳтироми мутақобила ва ҳамбастагӣ рушд меёбанд. Соли 2027 мо 35-солагии таъсисёбии муносибатҳои дипломатии ду кишварро ҷашн хоҳем гирифт.
Зиндаву поянда бод дӯстӣ ва бародарии Туркияву Тоҷикистон!