35 years of independency
Муваффақияти байналмилалии бародарони тоҷик: пирӯзӣ дар CezeriFest 2026
18.11.2026
оила.тч
80

Муваффақияти байналмилалии бародарони тоҷик: пирӯзӣ дар CezeriFest 2026

Дастаи Тоҷикистон дар озмуни байналмилалии тарроҳӣ ва чопи 3D — CezeriFest 2026, ки аз 2 то 6 ноябри 2026 аз ҷониби Агентии ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии Туркия (TİKA) дар шаҳри Анқара баргузор гардид, ба муваффақияти назаррас ноил шуд.

Ҷашнвора, ки имсол бори сеюм таҳти унвони «Барои бартараф намудани монеаҳо тарҳрезӣ намо» баргузор гардид, ҷавононеро, ки дар 25 озмоишгоҳи «Ҷазарӣ», ки аз ҷониби TİKA дар 22 кишвари ҷаҳон таъсис дода шудаанд, таҳсил кардаанд, инчунин иштирокдорони ҳавасманди соҳаи тарроҳӣ ва чопи 3D-ро ба ҳам овард.

Дар озмун 12 иштирокдори ниҳоӣ аз кишварҳои Бангладеш, Тоҷикистон, Эфиопия, Алҷазоир, Лубнон ва Ҷумҳурии Туркии Қибри Шимолӣ иштирок намуданд. Онҳо лоиҳаҳои инноватсионии худро, ки ба ҳалли масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ равона шудаанд, пешниҳод карданд.

Ғолибони озмун бародарон Ҳасан Абдуллозода ва Ҳусейн Абдуллозода — донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ, ки Тоҷикистонро дар ин мусобиқа намояндагӣ карданд.

Ҳайати ҳакамон лоиҳаи инноватсионии онҳоро дар самти фароҳам овардани муҳити дастраси шаҳрӣ, ки ба шахсони дорои нуқсони биноӣ имкон медиҳад бо истифода аз датчикҳои махсус дар шаҳр самти ҳаракати худро муайян намоянд, баҳои баланд дод. Дар натиҷаи озмун бародарон ҷойи аввалро соҳиб шуда, Ҷоми тиллоиро ба даст оварданд ва пирӯзии дастаи Тоҷикистонро таъмин намуданд.

Ҷоизаро ба ғолибон шахсан Раиси TİKA Абдуллоҳ Эрен тақдим намуд.

Ин дастоварди назарраси ҷавонони тоҷик дар соҳаи илм, технология ва инноватсия на танҳо нишонаи иқтидори баланди мутахассисони ҷавон, балки намунаи равшани таҳкими дӯстӣ ва ҳамкории Тоҷикистон ва Туркия мебошад. Ин муваффақият ҳамчунин нишон дод, ки чӣ гуна дониш, истеъдод ва технологияҳои муосир метавонанд ба нафъи ҷомеа ва тамоми башарият хизмат намоянд.

Ҳасан ва Ҳусейн Абдуллозодаро ба муносибати ин пирӯзии арзанда самимона табрик гуфта, ба онҳо дар фаъолияти минбаъда дастовардҳои нав, муваффақиятҳои байналмилалӣ ва кашфиётҳои тоза дар соҳаи илму технологияро таманно дорем!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД