goodwell
Месси чӣ қадар маош мегирад?
23

Месси чӣ қадар маош мегирад?

Лионел Месси, ҳамлагари дастаи «Интер Майами»-и ИМА, ҳамоно сердаромадтарин футболбози Лигаи олии футболи Амрико (MLS) мебошад. Маоши солонаи ӯ 28,3 миллион долларро ташкил медиҳад.

Дар ин бора шабакаи ESPN бо истинод ба маълумоти расмӣ хабар додааст. Соли гузашта маоши Месси 20,45 миллион доллар буд. Ҳамин тавр, даромади ӯ аз ҳисоби маоши футболбозӣ дар як сол тақрибан 7,85 миллион доллар афзоиш ёфтааст.

Ба иттилои манбаъ, дар MLS боз чаҳор футболбози дигар маоши беш аз 10 миллион доллар доранд. Роберт Левандовски аз «Чикаго Файр» бо 19,51 миллион доллар дар мақоми баъдӣ қарор дорад.

Антуан Гризманн аз «Орландо Сити» солона 13,94 миллион доллар, Сон Хин Мин аз «Лос-Анҷелес» 11,25 миллион доллар ва Брил Эмболо аз «Атланта Юнайтед» 10,81 миллион доллар маош мегиранд.

Қобили зикр аст, ки 28,3 миллион доллар танҳо маоши Месси барои бозӣ дар даста мебошад. Қаблан хабар дода шуда буд, ки даромади умумии солонаи футболбози аргентинӣ бо назардошти дигар манбаъҳо аз 70 то 80 миллион долларро ташкил медиҳад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД