"Дилро оташ зада" 5 - шабонарӯз ҳабс шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ як гурӯҳ ҷавонон барои омода кардани навор дар шабакаи иҷтимоии Instagram ба мошини тамғаи «Опел-Астра» чароғаки милитсия насб карда, дар рӯйи замин сӯзишвориро оташ задаанд.
Ҷавонон ин амали худро «рамзи муҳаббат» номида, аз ҷараёни он навор гирифтаанд.
Дар натиҷаи баррасии ҳодиса ронандаи 25-солаи мошин ба муҳлати 5 шабонарӯз ба ҳабси маъмурӣ маҳкум шудааст. Ҳамчунин, нисбати волидайни ду ноболиғи иштирокчии ин амал протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шудаанд.