Ошпази беҳтарин дар вилояти Суғд кист?
Оши палав барои мардуми тоҷик таоми шоҳона ба шумор меравад ва ҳар як минтақаи Тоҷикистон ба таври худ палав мепазанд. Дар Қаълаи Хуҷанд даври вилоятии ҷашнвораи “Оши палов” баргузор гашта, дар он ҷойи аввалро ошпазони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба даст оварданд ва соҳиби диплому 3 ҳазор сомонӣ мукофотпулоӣ гаштанд.
Ҷойи дуюм ва 2 ҳазор сомонӣ насиби ошпазҳои шаҳри Хуҷанд гашта, зинаи сеюмро ошпазони ноҳияи Айнӣ ба даст оварданд ва соҳиби 1000 сомонӣ гаштанд.
Дар бахши “Беҳтарин муаррифии оши палов” бо риояи анъанаҳои миллӣ ва суннатҳои ниёгон, ошпазҳои шаҳри Панҷакент сазовори ҷойи аввал ва бо диплому 1,5 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ қадрдонӣ карда шуданд. Дар ин бахш, ошпазҳои шаҳри Конибодом мақоми дуюмро ишғол намуда, соҳиби диплом ва ҳазор сомонӣ мукофот гаштанд. Ошпазҳои ноҳияи Деваштич зинаи сеюмро соҳиб шуда, бо диплом ва 500 сомонӣ мукофотпулӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Ошпазҳои ноҳияҳои Спитамен ва Ҷаббор Расулов барои иштироки фаъолона дар ҷашнвораи “Оши палов” бо сипоснома ва 1000 сомонӣ қадрдонӣ гардиданд.