35 years of independency
Толеъномаи 30 октябри соли 2026
560

Толеъномаи 30 октябри соли 2026

Ҳамал

Дар муносибатҳои ошиқона аз баҳсу ҷанҷолҳои беҳуда худдорӣ кунед. Агар байни шумо ранҷишу нофаҳмиҳо пайдо шуда бошанд, барои оштӣ кардан қадами аввал гузоред. Аз ҳад зиёд зудбовар нашавед, вагарна қарорҳои нодуруст бароварданатон имконпазир аст. Имрӯз аз хароҷоти калон худдорӣ карда, ба саломатӣ, хоби кофӣ ва ғизои солим аҳамият диҳед.

Савр

Вақти он расидааст, ки ба хоҳишу манфиатҳои худ низ аҳамият диҳед ва ҳамеша ба фикри ҳамсаратон вобаста набошед. Дар оила эҳтимоли нофаҳмӣ вуҷуд дорад, аммо бо гузашти вақт вазъ беҳтар мешавад. Барои расидан ба мақсадҳоятон аз тарсу дудилагӣ даст кашед ва бештар кӯшиш кунед. Хариди гаронбаҳоро ба таъхир гузошта, барои беҳтар шудани саломатӣ бештар пиёда гардед.

Ҷавзо

Дар интихоби ҳамсафари зиндагӣ аз ҳад зиёд сахтгир набошед, вагарна шахси муносибро пайдо карда наметавонед. Нимаи дуюми рӯз эҳтимоли сар задани баҳс вуҷуд дорад, аммо бо тағйир додани рафторатон метавонед онро пешгирӣ кунед. Ҳарчанд атрофиён на ҳама фикру пешниҳодҳои шуморо дастгирӣ мекунанд, ба зудӣ вазъ тағйир меёбад. Ҳангоми ҳимояи манфиатҳои худ устувор бошед. Фишори хунро низ назорат кунед.

Саратон

Имрӯз пайдо кардани шахси муносиб барои муносибатҳои ошиқона осон нахоҳад буд. Беҳтараш ба корҳои дигар диққат диҳед ва вақти бештарро бо аҳли оила гузаронед. Ҳамкориҳои нав метавонанд натиҷаи хуб диҳанд, бинобар ин робитаҳои кориро мустаҳкам кунед. Пеш аз харид кардан хуб андеша намоед, то пулро беҳуда сарф накунед. Агар рӯҳафтода шавед, бо тамошои филми дӯстдошта ё хондани китоб табъатонро болида созед.

Асад

Имрӯз бо шахси дӯстдоштаатон вақти хуш мегузаронед ва муносибатҳоятон боз ҳам наздиктар мешаванд. Наздикон ба шумо ғамхорӣ мекунанд, ҳарчанд баъзан ин ғамхорӣ метавонад бароятон зиёдатӣ намояд. Дар кору зиндагӣ фаъол мешавед ва таҷрибаи шумо ба дигарон низ фоида мерасонад. Аммо ба зуд бой шудан умед набандед ва дар масъалаҳои хариду фурӯши амвол эҳтиёткор бошед. Бегоҳ каме истироҳат карда, оромии худро барқарор намоед.

Сунбула

Агар вақтҳои охир дар ҳама кор дудила бошед, каме таваққуф карда, оромона қарор қабул кунед. Дар ҳаёти оилавӣ эҳтимоли баҳсу маломат вуҷуд дорад, бинобар ин бо ҳамдигар оромона суҳбат кунед. Барои дур шудан аз ташвишҳои корӣ ба машғулияти дӯстдоштаатон вақт ҷудо намоед. Имрӯз беҳтараш аз суҳбатҳои молиявӣ худдорӣ кунед. Ба саломатии худ ва наздикон, махсусан кӯдакон ва пиронсолон, аҳамият диҳед.

Мизон

Муносибати ошиқонае, ки имрӯз оғоз мешавад, метавонад кӯтоҳмуддат бошад. Бо вуҷуди ин, барои шиносоӣ ва пайдо кардани дӯстони нав рӯзи мусоид аст. Дар кор бо фаъолият ва устувории худ метавонед ба натиҷаҳои хуб ноил шавед, ҳарчанд тағйироти ногаҳонӣ нақшаҳоятонро дигар мекунанд. Нимаи дуюми рӯз барои баррасии нақшаҳои оянда ва дарёфти роҳҳои нави даромад мувофиқ аст. Ба ғизо диққат диҳед ва барои истироҳат вақт ҷудо кунед.

Ақраб

Имрӯз имкони хубе пайдо мешавад, ки худро дар назди дигарон нишон диҳед ва аз таърифу таваҷҷуҳи онҳо баҳра баред. Дар муносибат бо хешовандон эҳтимоли нофаҳмӣ вуҷуд дорад, бинобар ин нисбат ба фарзандон ва наздикон пуртоқат бошед. Дар фаъолияти корӣ гӯш кардани фикри дигарон ба муваффақият мусоидат мекунад. Дар масъалаҳои молиявӣ эҳтиёткор бошед. Агар ғамгин шавед, сайругашт дар боғ метавонад табъатонро беҳтар кунад.

Қавс

Имрӯз фаҳмидан ва бахшидани шахси наздик бароятон душвор мешавад. Кӯшиш кунед эҳсосоти худро идора карда, аз ҷанҷол дурӣ ҷӯед. Ба маслиҳати одамоне, ки метавонанд манфиати шахсии худро ҷӯянд, кӯр-кӯрона бовар накунед. Пеш аз вориди баҳс шудан, оқибати онро ба назар гиред. Пулро сарфакорона истифода бурда, ҳангоми муомилаҳои молиявӣ ҳушёр бошед. Агар ба кор дилгарм набошед, бо машқҳои ҷисмонӣ худро фаъол нигоҳ доред.

Ҷаддӣ

Агар мунтазири пешниҳоди издивоҷ бошед, шояд вақти он расидааст, ки худатон ташаббус нишон диҳед. Имрӯз таваҷҷуҳи бештар ба калонсолони оила ва дастгирии шахси дӯстдошта зарур мешавад. Вазифаҳои корӣ зиёд мешаванд, аммо дар ҳолати зарурӣ аз ҳамкорон ёрӣ пурсед. Аз имзои созишномаҳои шубҳанок ва ҳамкорӣ бо одамони нобовар худдорӣ намоед. Қуввату неруятон меафзояд ва метавонед ба иҷрои корҳое шурӯъ кунед, ки қаблан мавқуф гузошта будед.

Далв

Шахси дӯстдоштаатон метавонад бо рафтори ғайриоддӣ шуморо ба ҳайрат орад, зеро мехоҳад таваҷҷуҳатонро ҷалб кунад. Дар кору зиндагӣ як самти асосиро интихоб карда, неруятонро беҳуда сарф накунед. Агар баъзе нақшаҳоятон натиҷа надиҳанд, аз онҳо даст кашида, ба корҳое машғул шавед, ки хуб аз уҳдаашон мебароед. Аз шиносҳои корӣ ва маслиҳати одамони ҳамфикр истифода баред. Хабарҳои нохушро ба дил наздик нагиред ва асабҳоятонро эҳтиёт кунед.

Ҳут

Агар муҷаррад бошед, эҳтимоли шиносоӣ бо шахсе вуҷуд дорад, ки метавонад оғози муносибатҳои ошиқона гардад. Имрӯз бештар ба меҳру муҳаббат ва дастгирии наздикон ниёз пайдо мекунед. Эҳсосоти худро пинҳон накунед ва бо одамони боваринок суҳбат намоед. Дар ҷои кор низ мумкин аст роҳбар қобилиятҳои шуморо қадр кунад. Ба маслиҳати дигарон кӯр-кӯрона пайравӣ накунед, балки қарорҳоятонро пешакӣ андеша кунед. Ин рӯз метавонад оғози тағйироти мусбат дар ҳолати рӯҳии шумо гардад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД