goodwell
Беҳноз - бонуи эронӣ, ки Тоҷикистонро ватани дуюм медонад
99

Беҳноз зодаи Теҳрон, муҳандиси соҳаи авиатсия аст. Вай магистратураи ин соҳаро хатм карда, панҷ сол дар бахши тайёраҳо кор кардааст. Аммо зиндагии касбии ӯ дар нуқтаи дигар идома ёфт, се сол боз дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунад, дар омӯзишгоҳи мусиқии ба номи Аҳмад Бобоқулов таҳсил дорад, шеърҳои ирфонӣ мегӯяд ва достонҳои савтӣ-овозӣ эҷод мекунад. Ҳамзамон, ӯ яке аз ташаббускорони гурӯҳи “Пилла” аст - лоиҳае, ки мехоҳад санъат, ҳикоя, фарҳанг ва ғояи зиндагии устуворро ба ҳам пайвандад. Беҳноз Тоҷикистонро ватани дуюм медонад ва мегӯяд, маҳз муҳити ин кишвар ба ӯ имкон додааст дубора ба ҳунаре баргардад, ки аз кӯдакӣ дӯст медошт.

Даъвои адиб будан надорам

- Дуруд! Хуш омадед ба студияи Oila.tj!

- Дуруд! Сипосгузорам!

- Бону Беҳноз, сароғоз худро ба хонандагони мо чӣ гуна муаррифӣ мекунед?

- Ман Беҳноз ҳастам, 34 сол дорам ва зодаи шаҳри Теҳрон мебошам. Се соли охир аст, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунам.

- Шумо худро ҳамчун достонсаро муаррифӣ мекунед. Аммо дар асл соҳиби ихтисоси дигар ҳастед.

- Бале. Ман донишгоҳро дар риштаи ҳавонавардӣ хатм кардаам ва муҳандиси соҳаи авиатсия ҳастам. Аммо аз кӯдакӣ ба ҳунар шавқу рағбати зиёд доштам. Ҳамин муҳаббат маро тадриҷан ба достонсароӣ овард.

Албатта, ман даъвои адиб будан надорам. Достонҳоямро ба шакли маъмулӣ рӯйи коғаз наменависам. Онҳо бештар дар шакли филмҳои тасвирии овозӣ эҷод мешаванд.

Китоб ҷойгоҳи худро дорад, аммо...

- Чаро маҳз достонҳои овозӣ?

- Китоб, бешубҳа, ҷойгоҳи хоси худро дорад ва арзиши онро наметавон нодида гирифт. Аммо ҷаҳони имрӯз дигар шудааст. Насли ҷавон бо технология хеле наздик аст. Аз ҳамин рӯ, мехоҳам достонҳоро дар шакле пешниҳод кунам, ки барои кӯдакону наврасон ҷолибтару дастрас бошанд: бо садо, тасвир ва ҳикоя. Ҳадаф ин аст, ки шунидану дарк кардани достон барои онҳо осон ва шавқовар шавад.

Дар баробари достонсароӣ, шеър ҳам мегӯям. Бештари шеърҳои ман хусусияти ирфонӣ доранд ва мавзуи меҳварии онҳо муҳаббат ба Худост.

- Дар Тоҷикистон бо кадом эҷодкорон ҳамкорӣ доред?

- Бо устод Хайрандеш ҳамкорӣ дорам ва барои таҳлили шеърҳоям аз маслиҳатҳои эшон истифода мебарам. Аз сарояндаҳо бо Далер Назар ва Иззат Шарифӣ дидор доштам. Барои Далер Назар ҳатто як тарона дар бораи дӯстии Тоҷикистону Эрон пешниҳод кардам, аммо ҳанӯз посухи мусбат нагирифтаам.

Вақте муҳандисӣ ҷойи худро ба ҳунар дод

- Бо чунин муҳаббат ба ҳунар, чӣ шуд, ки аввал роҳи авиатсияро интихоб кардед?

- Падарам ширкати сайёҳӣ доштанд. Дар байни хешовандонамон ҳам нафароне буданд, ки дар соҳаи авиатсия кор мекарданд. Суҳбатҳои онҳо барои ман хеле ҷолиб буданд. Баъдтар ширкати падарам барҳам хӯрд. Ман қарор додам, ки дар соҳаи авиатсия муваффақ шавам ва бо дастовардҳои худ боиси ифтихори падараму бобоям гардам.

- Оё барои занон дар ин соҳа кор кардан осон аст?

- Ин касб бештар мардона ҳисобида мешавад. Бисёре аз духтарон ба душвориҳои соҳа тоб наоварда, таҳсилро тарк мекунанд. Аз тарафи дигар, барои занон пайдо кардани ҷойи кор низ осон нест. Худи ман, бо вуҷуди доштани дараҷаи магистрӣ дар соҳаи авиатсия, ду сол дар ҷустуҷӯйи кор будам. Баъд кор пайдо кардам ва панҷ сол дар бахши тайёраҳо фаъолият намудам.

Аммо дар ниҳоят меҳри ҳунар ғолиб омад. Фаҳмидам, ки бояд ба он чизе машғул шавам, ки воқеан ба он шавқ дорам.

Скрипкае, ки баъд аз солҳо дубора садо дод

- Ин муҳаббат ба ҳунар аз куҷо пайдо шуд?

- Як хеши модариам сароянда буданд ва модарам низ санъатро хеле дӯст медоранд. Шояд ман ба модарам рафта бошам.

Дар кӯдакӣ камонак, яъне скрипка менавохтам. Баъд ба факултаи авиатсия дохил шудам ва мусиқиро канор гузоштам. Ҳоло дар Тоҷикистон дубора ба ин роҳ баргаштаам ва дар Омӯзишгоҳи мусиқии ба номи Аҳмад Бобоқулов таҳсил мекунам.

Баъзан фикр мекунам, баъзе чизҳое, ки инсон дар кӯдакӣ дӯст медорад, ҳатто баъд аз солҳои зиёд ҳам ӯро дубора пайдо мекунанд.

Шаш забон ва як кишваре, ки ватани дуюм шуд

- Шумо инчунин чанд забон медонед...

- Шаш забони хориҷиро медонам. Ба хоҳишмандон англисӣ, фаронсавӣ ва форсиро, ки хуб медонам, таълим медиҳам. Ҳоло се забони дигар, аз ҷумла русиро низ такмил дода истодаам.

- Се сол аст дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунед. Ин кишвар барои шумо чӣ тағйироте овард?

- Тоҷикистонро ватани дуюми худ медонам. Ман ин кишварро хеле дӯст медорам. Ба ман пеш аз ҳама покдилӣ ва меҳмоннавозии мардум писанд омад. Вақте бо касе дар кӯчаву хиёбон суҳбат мекунӣ, бисёр вақт бо дили кушод туро ба хонааш меҳмонӣ даъват мекунад. Ҳамчунин ҳифзи фарҳанг ва анъанаҳои миллӣ маро ба ҳайрат овард. Бо вуҷуди пешрафти шаҳрҳо ва зиндагии муосир, мардум либоси миллӣ, рақсу таронаҳои миллӣ ва дигар арзишҳои худро нигоҳ доштаанд. Ба назари ман, ин дар ҷаҳони имрӯз хеле муҳим аст.

Соли гузашта модарамро низ ба Тоҷикистон даъват кардам. Якҷо ба Ҳафткӯл, Искандаркӯл ва дигар мавзеъҳо рафтем. Манзараҳо воқеан таъсирбахш буданд.

“Пилла”: аз як идея то як платформаи эҷодӣ

- Акнун ба “Пилла” баргардем. Идеяи ташкили он аз куҷо пайдо шуд?

- “Пилла” аз хоҳиши пайвастани санъат, фарҳанг, ҳикояҳо ва муҳити зист ба вуҷуд омад. Мо мехостем фазое эҷод кунем, ки санъат танҳо як маҳсули алоҳида набошад, балки бо зиндагӣ, табиат ва арзишҳои инсонӣ робита дошта бошад.

“Пилла” ду сол боз фаъолият мекунад ва тадриҷан аз як идея ба платформаи эҷодӣ табдил ёфтааст. Дар он санъат, ҳикоянависӣ, шеър, мусиқӣ, омӯзиши забон ва маҳсулоти устувор ба ҳам меоянд.

- Пас “Пилла” бештар бренд аст ё платформаи фарҳангӣ?

- Мо мехоҳем ҳар ду самт якҷо рушд кунанд. Маҳсулот як қисми фаъолияти «Пилла» аст, аммо ҳадафи мо сохтани муҳити эҷодист.

Мехоҳем эҷодкорон тавонанд идеяҳои худро пешниҳод кунанд, бо дигарон ҳамкорӣ намоянд ва онҳоро ба лоиҳаҳои воқеӣ табдил диҳанд.

Санъат бидуни марз

- Барои “Пилла” миллат ва забони эҷодкор то чӣ андоза муҳим аст?

- Барои мо инҳо монеа нестанд. Як асари санъат метавонад берун аз марзҳо ва заминаҳои гуногуни фарҳангӣ ҳамдигарро пайдо кунад. Муҳимтар аз миллат ё забон худи идея, арзиш ва робитаест, ки асари эҷодӣ бо инсон барқарор мекунад.

- Дар “Пилла” қаҳрамонҳо ва ҳикояҳои махсус низ ҳастанд. Онҳо чӣ нақш доранд?

- Мо намехоҳем “Пилла” танҳо бо маҳсулот маҳдуд шавад. Қаҳрамонҳо ва ҳикояҳои мо метавонанд дар лоиҳаҳои эҷодӣ ва ҳатто таблиғотии брендҳое истифода шаванд, ки бо арзишҳои мо мувофиқанд. Ин метавонад ба соҳаҳои маориф, кӯдакон, фарҳанг, муҳити зист ва тарзи ҳаёти устувор иртибот дошта бошад.

- Шиори “Пилла” - “Дӯсти Замин ва махлуқоти он” чӣ маъно дорад?

- Ин шиор фалсафаи асосии моро ифода мекунад. Мо мехоҳем муносибати инсонро бо табиат ва дигар мавҷудоти зинда бо роҳи эҷодӣ нишон бидиҳем. Барои мо Замин танҳо муҳити зиндагӣ нест. Он як қисми ҳикояест, ки мехоҳем тавассути санъат ва фарҳанг нақл кунем.

- Дар оянда “Пилла”-ро чӣ гуна дидан мехоҳед?

- Мехоҳем ҳамчун бренд ва ҳамчун ҷомеаи эҷодӣ рушд кунем. Ҳадафамон ҷалби эҷодкорони бештар ва ба вуҷуд овардани ҳамкориҳои нав миёни санъат, тиҷорат, фарҳанг ва муҳити зист аст. Мехоҳем “Пилла” ба фазое табдил ёбад, ки ҳар эҷодкор имкони нақл кардани ҳикояи худро дошта бошад ва ҳар ҳамкорӣ аз як маҳсулот ё лоиҳаи алоҳида маънои бештаре дошта бошад.

- Сипосгузорем аз шумо барои суҳбати ҷолиб!

- Ба шумо ҳам сипос барои даъват!

Мусоҳиб: Камолиддин ҲАННОНӢ

https://www.instagram.com/cocoon_by_banafsheh_dey?stkn=NjdnNDkzdzQ5YTl4

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД