(Идомаи саргузашти зане, ки аз он дунё баргаштааст)
Духтурҳо марги Мунеавварро тасдиқ карда бошанд ҳам, модари зор ҳамоно бовар намекард, ки ҷигарбандашро абадан аз даст додааст. Ӯ худро рӯйи тобути духтараки нозанинаш парофта, ончунон бо алам гиря мекард, ки дили санги хоро низ аз нолаҳои ҷонгудозаш обу адо мешуд, аммо тақдири бераҳмро тадбир набуд.
Хешу ақрабо бо амри муллоэмоми деҳа бо як азоб модари Мунавварро аз сари тобути фарзандаш дур карда, тобути духтараки ормониро сари китоф бардоштанд ва бо қаблҳои моломоли дард ҷониби қабристони деҳа раҳсипор гаштанд...
Мунавварро дар масҷиди деҳа ҷаноза карда, ба хок супурданд. Мардҳои хешу табор ва ҳамдеҳа ҷисми бе ҷони ин духтараки ормониро ба хок бо сари хаму дили пурғам ба хонаи мотамзада баргаштанд, аммо духтарашро аллакай гӯру чӯб карда бошанд ҳам, модари зор ҳамоно ба марги фарзандаш бовар кардан намехост...
Холаи Гулоро бо чашмони аз гиря варамида таҳорат карда, рӯйи ҷойнамоз нишаст ва як шабонарӯз бо чашми гирён бо худованди қдиру тавоно роз гуфту роз гуфт: “Ё Рабб, ё Ғаффор, ё Ҷаббор, ё Саттор, Зулҷалоли якаву ягона, Офаридгори олами ҳастӣ, поко Парвардигоро, Мунаввари маро дубора ҷон бахшу зинда кун. Ба ҷойи ҷони духтарам ҷони маро бигир Худоҷон, охир орзуҳоямро ман кайҳо ҷомаи амал пӯшонда, таваллуд, туйи суннатии бачаҳоям, туйи арӯсӣ ва домодии писаронамро дидам, аммо Мунаввари ман аз ин дунё чизеро надидаву ночашида аст. Ӯ лаззати нотакрори шаби никоҳу таги чодари арӯсиро ночашидаву дар дилаш озуву ормони зиёд дорад. Духтарам нав ба ҳабдаҳ қадам гузошта буд, эй худои пок илтиҷо мекунам, қудрату тавоноиятро нишон дода, Мунаввари маро дубора зинда гардон. Бар ивази ҷони духтарам ҷни маро бигир, вале Мунавварро зинда кун, то ки орзуву ҳавасҳояшро дар зиндагӣ бубинад...
Модари ҷигарсӯхта то саҳар дар болои ҷойнамоз зор-зор гириста ибодат менамуду аз худо дубора зинда шудани духтарашро талаб мекард. Осмон низ ба ҳоли ин модари ҷигархун гиря карда, то саҳар борони найсон бориду бориду борид...
Мӯъҷизаи дуои модар
Дуои модари ҷигархун мустаҷоб гашт. Субҳи солеҳон, вақте муллои деҳаи Хоҷамбиёи боло бо ду тан аз аҳли хонаводаи Мунаввар ба хоксалом омаданд, садои гӯшхарошеро шунида, ба ваҳшат афтиданд. Садо аз гӯри Мунаввар мебаромад, ки:
-Ҳой мардум, ман зиндаам! Маро зинда ба хок супоридаед! Очаҷон, акаҷон, куҷоед, маро аз ин гӯри торику сард бароред! Ин манам Мунаввари шумо! Барои чӣ маро зинда ба зинда гӯр кардед? Вой доооод, маро аз ин гӯри торик тезтар бароред, ки дамгир мешавам. Худоё, ба имдодам бирас, охир ман аз ин лаҳади танг метарсам... Духтари кафанпеч аз афташ хоки гӯрро бо ангуштони нозукаш харошида, бо тамоми овоз дод мегуфту раҳоӣ меҷуст...
Муллоэмоми деҳа оятеро аз Қуръони карим қироат кард, сипас ба бародарони Мунаввар супориш дод:
-Бачаҳо, ана аз ин ҷо гӯрро кандан лозим, шитоб кунед!
Гиребони ҷелакашро бо ду даст дошта, муллоэмом тавбакунон ашк мерехт, зхеро дар умраш чунин ҳодисаробори аввал медид.
Ду бародари Мунаввар қабри хоҳарашонро аз ҷое, ки муллоэмом нишон дода буд, канданд ва Мунавварро аз зери ғарами хоки нарм берун мебароварданд. Авзои беҷо, сару рӯи сурхгаштаву мӯи парешони хоҳарашонро, ки ҷо-ҷойи кафанашро харошида дарронда буд, дида бародарон ба даҳшат афтиданд. Дар як шаби дар қабр хобидан Мунаввари 17-сола аз тарсу ваҳшат пир шуда, ба назар кампири фартутеро мемонд...
Шодии ғамолуд
Ё Аллоҳ, ё Аллоҳ, ё Аллоҳ, ин манам Гулноро, модари Мунаввари сиёҳпича дари даргоҳатро бо зикру таваллои худ куфта, умед аз каромоти ту дорам. Ноумедам нагардон, худованди қодиру ҷонбахшо, амонатро аз ман бигиру Мунавварамро ҷони тоза бахш,-модар ҳамоно аз болои ҷойнамоз нахеста бо худованд роз мегуфт. Ҳамин вақт садои духтараш ба гӯшаш расид:
-Оча, очаҷонам, очаҷони покдилу покдомонам, Худо оҳи дили бузурги туро шунида маро аз қабзаи Фариштаи мавт озод намуд. Очаҷон, дар куҷоӣ, зудтар берун баро, ин манам Мунаввари дубора зиндашуда...
Модар садои духтарашро шунида, аввал ба гӯшҳояш бовар накард, вале баъди дубораю себора овоз додани Мунаввар “худовандо, шукри мӯъҷизаҳоят” гӯён, тасбеҳ дар даст барқсон аз ҷояш ҷаста, пойлуч ба берун давид...
Овозаи дар гӯр зинда шудани Мунаввар дар як дам барқсон дар сар то сари деҳа паҳн гашта, ҳавлӣ аллакай пур аз одам буд. Модару духтар ба касеву чизе аҳамият надода, ҳамдигарро ба оғӯш гирифтанд ва аз шодӣ оби дидагонашон равон гашт.
Гулноро таи ҳабдаҳ сол шояд беш аз ҳазор бор духтарашро ба оғӯш кашида буд, аммо ин оғӯшкашӣ тамоман лаззати дигар дошт.
Мотамсаройи Гулноро бо зинда шудани духтараш Мунаввар тӯйхона гашта бошад ҳам, баъди чанд лаҳза боз садои гиряву нолаи ҷонсӯз аз ин хонадон ба фалак печид. Аз шодии дидор буд ё қавли пеши худо додааш, ки ҳамагӣ баъди як соати дубора зинда шудани духтараш модари Мунаввар аз тапдан бозмонд...
Савригул чӣ мегӯяд?
Қиссаи мурдану дубора дар гӯр зинда шудани Мунавварро Савригул ном сокини деҳаи “Хоҷамбиёи боло”, корманди шӯъбаи алоқаи №1, воқеъ дар Хиёбони Рӯдакӣ, шаҳри Душанбе ба камина нақл кард. Аз рӯи гуфтаи ӯ Худованд оҳи дили модари Мунавварро, ки бисёр зани боимону покдоман ва фариштахислат буд, шунида духтари барқзада ва падруди олам гуфтаашро дубора ҷон бахшид. Боварии беинтиҳои модар ба қудрати он Зоти пок боиси тавлиди навини Мунаввар гашта, дуои модари ҷигарсӯхта, ки як шабонарӯз бо чашмони гирён бо худованд роз мегуфт, тавонист ҳатто бар марг ғолиб ояд...
Гули Зард
(Дар гӯр зинда шудани Мунаввар, агарчи ҳодисаи беназир аст, вале ягона нест. Ба ҳамин монанд як ҳодисаи аҷиби дигар дар маҳаллаи Сомониён, ҷамоати деҳоти “Чимтеппа” рӯй дода, марде дар гӯр зинда шудааст. Дар бораи ин ҳодисаи аҷоибу ғароиб пагоҳ, соати 11.00 ба шумо маълумот хоҳем дод. Интизор бошед!)