Arzon march 2024
Ҷазои домоди духтарбоз
42263

Арӯси тиллопеч
Хусравро баъди хатми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон падару модари дорандааш дарҳол хонадор карданд. Келин, Машҳурахон ҳам аз оилаи бою бадавлат буд ва дар курси охирини донишгоҳ мехонд. Падари Хусрав, амаки Толиб бо падари Машҳура Ҳусейн дӯсти ҷонї буд. Онҳо аз даврони кӯдакӣ, якдигарро хуб мешинохтанд ва ба қавле як мағзро бе ҳамдигар намехӯрданд.
Толиббой бо тўю сур келини интихобкардаашро ба хона оварду нафаси сабук кашид. Вай аз он хурсанд буд, ки бо Ҳусейн риштаи дӯстияшон боз ҳам мустаҳкамтар гашт ва аз ҳама муҳимаш бачаи духтарбозашро хонадор карда, лаҷом зад. Умед дошт, ки зан гирифтани писараш Хусравро фаҳмида, минбаъд духтарон ба хонааш камтар занг мезананду асабҳояш ором мегиранд, вале…

Исёни домод

Шаби аввали издивоҷ Хусрав бо табъи хира аз назди арӯс баромада «келини ёфтаатон нодухтар аст» гӯён, қиёматро қоим кард. Аз шунидани ин шумхабар табъи падару модари домод хира гашта, ба қудояшон занг заданду арӯсро гирифта ба назди духтури занона, ки шиноси наздикашон буд, бурданд.

 


Райҳона Ғаниева яке аз ситораҳои машҳури эстрадаи ӯзбек ба шумор рафта, натанҳо бо забони ӯзбекӣ, балки бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ низ суруд мехонад.

4Uk9ooESq8tsrZXQaE6mrZzaP4OTvPRWFwotfKXt (1)


 

Раҳм кунед, духтур!
Арӯсак Машҳурахон аз тарсу шарм мисли барги бед меларзиду аз шарм ба рӯйи падару модари Хусрав нигариста наметавонист. Хусуру хушдоманаш бо қошу қавоқи гирифта ӯро ба утоқи духтури занона дароварданд. Табибзан ишорат кард, ки болои кати муоина барояд ва дастпӯшакҳои резиниро ба дасташ кашид. Байни духтуру арӯс ва падару модарашон танҳо як пардаи сонӣ девор гашта буду халос. Духтур ба муоинаи Машҳурахони ларзон, ки аз тарс ранги рӯяш мисли пахта сап-сафед канда буд, сар кард. Машҳурахон дар ҳақиқат бокирагиашро кайҳо аз даст дода буд, вале умед дошт, ки бо кӯмаки табиб ин сирри нангинро пинҳон медорад, вале хаёлаш хом баромад. Домоди таҷрибадорро фиреб карда натавонист. Хусрав дарҳол фаҳмид, ки арӯс бокира нест ва пули калон дода худро дубора духтар карда ба шавҳар баромадааст. Падару модараш ба ҷону ҳолаш намонда арӯсро ба духтур оварданд, вагарна вай кайҳо ҷавобашро медод. «Духтар ҳар хел мешавад писарам, мабодо ғалат карда, ҳаёти Машҳурахонро бе гуноҳ барбод надиҳем. Бегона мешуд гапи дигар, вале келин одами худӣ, падараш бо падарат ҷӯраи ҷонӣ аст. Асли гапро аниқ накарда ӯро аз хона пеш кунем, рӯсиёҳу шарманда мешавем. Аввал ҳақиқатро фаҳмидан лозим бачаҷон» гӯён, модараш Хусравро ҳамроҳи арӯсаш ба ин ҷо овард.
Бокира набудани Машҳурахон аниқ буд, инро духтур пеш аз муоина аз симои имдодталаби арӯс фаҳмида буд. Арӯсак илтиҷоомез менигарист. Чашмонаш гӯё мегуфтанд, ба ман раҳм кунед, духтур!

 Қасоси духтур

Машҳурахон бо чашмони пурашк болои кати муоина мехобиду падару модараш бо сари хам интизори ҷавоби духтур буданд. Интизорӣ ба дили домоди мағрур Хусрав зад ва бо ҷаҳл аз ҷояш бархоста пӯписа кард:
-Ман гул нестам-ку? Бо даҳҳо духтаракон хобу хез кардам, хуб медонам, ки духтари бокира чӣ хел мешаваду бева чӣ хел, чӣ ҳоҷат буд, ки ӯро ба назди духтур биёред?!
Аз шунидани ин гап оташи қаҳру ғазаби духтур аланга зад. Барқсон аз майнааш гузашт, ки даҳҳо духтари бо макру фиреб домони исматашонро доғдор кардани ин бойбачаи мағрур ҳам мисли ҳамин арӯсаке, ки ҳоло бо чашмони пурашк ба ӯ менигарад, шармандаю шармсору бадбахт ва шояд аз хонаи шавҳаронашон ронда шуда, сарсону ҳайрон мондагистанд. Духтарбозро худо зада, духтари домонбохтаро насибаш гардонидааст. Бо ҳамин андеша духтурзан ба назди домоди мағрур ва падару модарони сархам баромада гуфт, ки арӯсакашон бокира аст, метавонанд дилпур бошанд, ки ба домони исмати келинашон барги гул ҳам нарасидааст.
Машҳурахон, ки чунин ранг гирифтани корро интизор набуд, бо ашки шашқатор аз ҷояш бархоста, дастони духтурзанро мебӯсид. Духтур бокира набудани арӯсро кайҳо фаҳмида буд ва мехост ҳақиқатро бигӯяд, вале як сухани ҳавобаландонаи домод «Ман бокирагии даҳҳо духтаронро гирифта будам» мисли тир ба дилаш халиду қарор дод, ки ин ҷавони пулмасти духтарбозро боб мекунад. Ҳаёти чанд духтари бечораро, ки сӯхта бошад, ҷазояш ҳамин аст, бигзор умре таги табақи дигаронро лесида гардад.
Хусраве, ки як дам пеш мисли булбул ба касе гап намедод, аз шунидани гапи духтур лол монда, сар ба зер афканд. Толибамаку занаш бошанд аз падару модари арӯс бахшиш пурсида, ба духтурзан изҳори миннатдорӣ намуданд ва келини «бокира»- ашонро оғӯшкунон бо чеҳраи хандон аз дар баромаданд…

Тоҷинисои Азиз

Поделиться новостью
Шарҳ
(2)
Манижахон 2023-05-31, 18:26
Оё касе ба худ ошиқ кардан мумкин аст вақте дони у бо дигаре издивоҷ мекунад дар моҳи август Қалби шикаста шифо меёбад
Посух
Манижахон 2023-05-31, 18:26
Оё касе ба худ ошиқ кардан мумкин аст вақте дони у бо дигаре издивоҷ мекунад дар моҳи август Қалби шикаста шифо меёбад
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(2)
Манижахон 2023-05-31, 18:26
Оё касе ба худ ошиқ кардан мумкин аст вақте дони у бо дигаре издивоҷ мекунад дар моҳи август Қалби шикаста шифо меёбад
Посух
Манижахон 2023-05-31, 18:26
Оё касе ба худ ошиқ кардан мумкин аст вақте дони у бо дигаре издивоҷ мекунад дар моҳи август Қалби шикаста шифо меёбад
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД