arzon replenishment
Дарди дили Найнавоз (Видео)
2931

 

Баъди анҷоми кор хостам аз мағоза барои ифтор маҳсулот харидорӣ намоям, аммо садои най ба гӯшам расида маро моту мабҳут кард.

    Дар гӯшае марди фақире нишаста, най менавохт ва садои мафтункунадаи най диққати ҳамагонро ҷалб менамуд. Хуни журналистям нагузошт, ки нисбати ин мӯйсафед бепарвоӣ намоям. Оҳиста ба наздаш омада пурсидам:

-Шумо зодаи куҷоед?
-Султонобод
-Чанд сол доред?
-72 солаам.
-Ному насабатон чист?
-Абдуҷалил Хушбахтов.
-Чанд муддат аст, ки ин асбобро менавозед?
-15 сол аст. Пеш аз ин 32 сол механизатор будам.
-Чи сабаб шуд, ки найнавозӣ кунед?
-Дарди дилам аст.
-Аз чӣ дард мекашед?
-Аз бекасӣ ва танҳоӣ
-Фарзанд доред? Чаро онҳо шуморо нигоҳ намекунанд?
-5 фарзанд дорам, ҳамааш соҳиби хонаву дар шуда рафтанду падарашонро фаромӯш карданд.
-Барои чӣ?
-Ҳамсари якумам “нарушенӣ” кард, аз баҳраш гузаштам. Баъди ӯ бо як зани дигар хонадор шудам. Падарамон масту шуда, зани нав гирифту очаи моро партофт гуфта, бачаҳоям бо ҳамин абадан маро фаромуш карданд...
-Хонаву дар доред?
-Дар як кулбаи вайрона умрамона гузаронида истодаем.

Мӯйсафед ин суханҳоро гуфту наяшро гирифта ба навохтан даромад. Дар чашмонаш ашк ҳалқа зада буд, вале бо дастрӯймолаш оби дидашаро пок намуда, найнавозияшро идома медод. Айён буд, ки дилаш аз ғам кӯзаи зардоб гаштааст ва бо садои най аламу дардашро мебарорад. Бо шунидани ин садои дилангез ҳар роҳгузаре аз ҷайбаш пули ночиз бароварда пеши ӯ мепартояд.

Он рӯз то аз роҳи калон гузаштан, чашм аз мӯйсафед канда натавонистам, зеро нигоҳаш роз дошт, дард дошт. Аён буд, ки мехоҳад баробари садои най фарёд зада бигӯяд: “Бекасам, хору зорам, бетақдирам ” аммо ....

alt

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД