Ҳамал (21 март-20 апрел)
Имрӯз зуд ба ҳар чиз бовар накунед, зеро эҳтимоли фиреб хӯрдан вуҷуд дорад. Пеш аз хулоса баровардан вазъиятро хуб омӯзед. Асабоният метавонад боиси баҳс бо наздикон гардад, бинобар ин оромиро нигоҳ доред. Дар ҷойи кор муносибатҳо беҳтар мешаванд ва шумо бо ҳамкорон масъалаҳои муҳимро ҳал мекунед. Барои бастани шартнома ё ҳал кардани корҳои молиявӣ рӯзи мувофиқ аст. Шиноварӣ ё машқи сабук рӯҳияро болида ва саломатиро беҳтар мекунад.
Савр (21 апрел-21 май)
Сафари кӯтоҳ ё истироҳати якҷоя метавонад муносибатҳои шуморо гармтар гардонад ва хотираҳои хуб эҷод кунад. Дар хона эҳтимоли нофаҳмӣ вуҷуд дорад, вале бо сабру оромӣ ҳама чиз ҳал мешавад. Корҳо зиёд мегарданд, бинобар ин ҳаққи меҳнати худро пешакӣ муайян кунед. Имрӯз одамони фаъолу ҳадафманд ба муваффақият мерасанд. Аз қарорҳои саросемаву хатарнок дурӣ ҷӯед. Аз нӯшокиҳои спиртӣ парҳез намоед.
Ҷавзо (22 май-21 июн)
Имрӯз эҳтимол шахсе ба ҳаёти шумо ворид шавад, ки эҳсосоти наву ошиқонаро бедор мекунад. Корҳои хона зиёд мешаванд ва баъзе масъалаҳои кӯҳна ҳалли худро талаб мекунанд. Пеш аз ҳар амал каме андеша кунед, то ба хатогӣ роҳ надиҳед. Барои суҳбатҳои муҳим ва нақшаҳои оянда рӯзи хуб аст, вале фоидаи зудро интизор нашавед. Ҳоло вақти гузоштани заминаи устувори молиявист. Агар аз бемории дил ранҷ набаред, худро хуб ҳис мекунед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Имрӯз ҳузури шахси дӯстдошта ба шумо оромиву қувва мебахшад. Кӯшиш кунед эҳсосоти худро идора карда, аз баҳсҳо дурӣ ҷӯед. Ҳаваси моҷаро ё истироҳати ғайриодӣ метавонад зиёд шавад, вале эҳтиёткор бошед. Дар касбу кор рӯзи сермаҳсул аст. Пеш аз қабули қарор ҳама чизро бодиққат санҷед. Имкони гирифтани мукофот ё даромади иловагӣ вуҷуд дорад. Ба саломатии дил ва асаб диққати бештар диҳед.
Асад (23 июл-23 август)
Муносибатҳои ошиқонаи шумо имрӯз метавонанд боз ҳам қавитар шаванд. Вақти бештарро бо шахси дӯстдошта гузаронед. Нерӯи худро барои одамоне сарф накунед, ки қадри шуморо намедонанд. Дар кор баъзе мушкилиҳо пеш меоянд, вале маҳорати хуби муошират ба шумо кумак мекунад. Масъалаҳои молиявӣ ё қарзҳо диққати бештар мехоҳанд, аз ин рӯ роҳи нави даромадро фикр кунед. Барои саломатӣ ғизои сабук ва меваву сабзавоти бештар истеъмол намоед.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Агар дар ҷодаи муҳаббат мувафақ шудан хоҳед, кушодаву хушмуомила бошед. Кӯшиш кунед худро озод ва самимӣ нишон диҳед, вале обрӯи худро фаромӯш накунед. Агар вақтҳои охир бо ҳамсар нофаҳмӣ зиёд шуда бошад, имрӯз барои ислоҳи муносибат рӯзи хуб аст. Кор ва омӯзиш ба шумо нерӯи мусбат мебахшанд. Аз хароҷоти беҳуда эҳтиёт шавед, зеро эҳтимоли мушкили молиявӣ вуҷуд дорад. Машқи ҷисмонӣ ба беҳтар шудани қомат ва саломатӣ мусоидат мекунад.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Имрӯз эҳтимоли баҳс ё нофаҳмӣ дар муносибатҳо вуҷуд дорад. Сабр нишон диҳед ва кӯшиш кунед роҳи созишро пайдо намоед. Дар оила ё бо ҳамсояҳо низ баҳс сар заданаш мумкин аст, бинобар ин ҳар суханро боандеша гӯед. Худро аз ҳад зиёд хаста накунед ва суръати корро каме паст намоед. Пешниҳодҳои нави кориро бодиққат баррасӣ кунед. Машқи мунтазам ба мустаҳкам шудани саломатӣ ва нигоҳ доштани вазни мувофиқ кумак мерасонад.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Имрӯз шумо диққати зиёдро ба худ ҷалб мекунед, вале на ҳар нафар барои муносибати ҷиддӣ мувофиқ аст. Яке аз наздикон аз шумо дастгирӣ мехоҳад ва бештар ба ҳамдардӣ ниёз дорад. Барои шиносоӣ бо одамони таҷрибадор ва омӯхтани чизҳои нав рӯзи хуб аст. Эҳтимоли гирифтани маблағи ғайричашмдошт ё фоидаи иловагӣ вуҷуд дорад. Агар худро каме нотоб ҳис кунед, вазъият зуд беҳтар мешавад. Аз стресс, хастагӣ ва бехобӣ эҳтиёт шавед.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Агар дар муносибатҳои ошиқона сардӣ эҳсос шавад, беҳтараш муваққатан диққатро ба кор равона кунед. Вохӯрӣ бо дӯстони кӯҳна ба шумо рӯҳияи хуб мебахшад. Имрӯз барои музокироти корӣ ва масъалаҳои хизматӣ рӯзи мувофиқ аст. Шиносоиҳои нав метавонанд ба пешрафти касбӣ ё тиҷоратӣ мусоидат кунанд. Вазъи молиявии шумо метавонад беҳтар гардад. Ба саломатӣ беэътиноӣ накунед ва аз кори аз ҳад зиёд ё амалҳои хавфнок худдорӣ намоед.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Имрӯз шумо бештар ба муҳаббат ва эҳсосоти романтикӣ майл доред, вале дудилагӣ метавонад ҳамсаратонро асабонӣ кунад. Қатъӣ ва боваринок бошед. Рӯз барои амалисозии нақшаҳо имкониятҳои хуб меорад, аммо барои ба мақсад расидан заҳмати зиёд лозим мешавад. Шумо аз уҳдаи корҳои ҷамъшуда хуб мебароед. Барои харидҳои хурд рӯзи муносиб аст, вале барои хариди хона ё мебел чандон мувофиқ нест.
Далв (21 январ-19 феврал)
Имрӯз воқеаҳои ғайриодӣ ва сюрпризҳои ногаҳонӣ рух дода метавонанд. Ба овозаҳо ва суханони беҳуда аҳамият надиҳед. Эҳтимол масъалаи фаврие пеш ояд, ки зуд ҳал карданаш лозим мешавад. Дар ҷои кор имконият пайдо мекунед, ки қобилияти роҳбарии худро нишон диҳед. Як шиносатон метавонад пешниҳоди ҷолиб кунад, дар чунин ҳолат ба ҳисси ботинии худ гӯш диҳед. Муносибати нек бо дигарон ба шумо рӯҳияи хуб мебахшад.
Ҳут (20 феврал-20 март)
Имрӯз дар муносибатҳои шумо оромӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ бештар мешавад, агар суханонатонро бодиққат интихоб кунед. Дар нимаи дуюми рӯз имкони беҳтар кардани муносибат бо шахси дӯстдошта пайдо мегардад. Суханони гарм ва меҳрубонӣ таъсири зиёд доранд. Дар кор ҳама чиз хуб пеш меравад ва ҳатто сюрпризҳои мусбат имкон доранд. Танҳо ҳуҷҷатҳо ва корҳои расмиро бодиққат иҷро кунед. Барои худ хариди хурде намоед ва бо варзиши сабук саломатиро мустаҳкам созед.