Кормандони милитсия дар ноҳияи Деваштич мардеро боздошт намудаанд, ки дар куштори раиси маҳалла гумонбар дониста мешавад.
Бино ба иттилои “Суғд полис”, Ашураҳмад Аъзамҷон, соли таваллудаш 1990, сокини ноҳияи Деваштич, санаи 30-юми майи соли равон, тахминан соатҳои 22:00-и шаб ба мошини шаҳрванд Раҷабов Охунҷон Наврӯзович, соли таваллудаш 1961, раиси маҳаллаи деҳаи Меткии ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳияи Деваштич савор шуда, дар дохили автомашинаи тамғаи “Муссо” соҳиби мошинро пай дар пай ду корд задааст. Ин ҳодисаи нохуш дар назди қабристони деҳа дар заминаи хусумат ва бадбинӣ рӯй дода, Охунҷон Раҷабов бар асари ҷароҳатҳои бардоштааш ба ҳалокат расидааст.
“Ашураҳмад Аъзамҷон баъди содир кардани ҷиноят бо мақсади фирор аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷойи ҳодисаро тарк кардааст. Бо доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия ӯро дар ҳудуди ноҳияи Шаҳристон боздошт намуданд”,- омадааст дар хабар.
Гумонбаршуда ба гуноҳаш иқрор шуда, гуфтааст, ки марҳум Раҷабов Охунҷон нисбати ӯ ва ҳамсараш овозаҳои бадномкунандаро дар деҳа паҳн намуда, ҳамин чиз сабаб шудааст, ки ӯ ба ин ҷинояти махсусан вазнин даст занад.
Оид ба ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз ёфта, дастгиршуда ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст.