toyota motors
«Борбад ва ташаккули мусиқии классикии тоҷик» дар Китобхонаи миллӣ
02.06.2026
Oila.tj
39

Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ» ҳамоиши илмӣ-маърифатӣ таҳти унвони «Борбад ва ташаккули мусиқии классикии тоҷик» баргузор гардид.

Чорабинӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026 ва ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуда, ба гиромидошти шахсият ва мероси фарҳангии Борбади Марвазӣ бахшида шуд.

Зимни ҳамоиш зикр гардид, ки Борбади Марвазӣ ҳамчун яке аз бузургтарин мусиқидонон ва оҳангсозони тамаддуни форсу тоҷик дар рушди санъати мусиқӣ ва ташаккули мактаби касбии мусиқии классикӣ саҳми назаррас гузоштааст.

Дар идомаи чорабинӣ коршиносон, муаррихон ва санъатшиносон оид ба зиндагӣ, фаъолияти эҷодӣ ва нақши Борбад дар рушди фарҳангу мусиқии мардуми минтақа маърӯза намуданд. Ҳамчунин дар ҳамоиш байни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифт.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД