goodwell
ТОЛЕЪНОМАИ 16-УМИ МАЙИ СОЛИ 2026
73

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз эҳсосоти шумо метавонад дар муносибатҳо тағйироти ғайричашмдошт оварад. Ин дигаргуниҳоро бо дили кушода қабул кунед ва саросема хулоса набароред. Асабоният метавонад боиси нофаҳмӣ бо шахси наздик гардад, бинобар ин оромиро нигоҳ доред. Дар кор идеяҳои ҷолиб пешниҳод мекунед ва таваҷҷуҳи дигаронро ба худ ҷалб месозед. Барои парҳези сахт вақти муносиб нест, омӯзиши маълумоти нав низ каме душвор мешавад.

Савр (21 апрел-21 май)

Агар рафтори шахси дӯстдоштаатон ба шумо маъқул набошад, беҳтараш эҳсосоти худро пинҳон накунед ва оромона суҳбат кунед. Хастагӣ ва асабониятро ба муносибатҳои худ роҳ надиҳед. Дар оила баъзе нофаҳмиҳо пайдо мешаванд, вале бо сабру таҳаммул онҳоро ҳал карда метавонед. Корҳои чанд вақти охир натиҷаи хуб медиҳанд ва нақшаҳоятон амалӣ мешаванд. Имрӯз барои қиморбозӣ рӯзи мувофиқ нест. Ба саломатӣ диққат дода, аз ҳад зиёд худро хаста насозед.

Ҷавзо (22 май-21 июн)

Имрӯз воқеаҳои ғайриодӣ метавонанд муносибатҳои шуморо боз ҳам шавқовартар гардонанд. Ба таҷрибаҳои нав омода бошед ва аз сюрпризҳо натарсед. Вақти хубест, ки дӯстони кӯҳнаро ба ёд оварда, бо онҳо вақт гузаронед. Рӯз барои ҷамъомад ва вохӯрии дӯстона хеле мувофиқ аст. Ба одамони бонуфуз ваъдаи саросемавӣ надиҳед. Агар касе роҳи осони пулёбиро пешниҳод кунад, эҳтиёт бошед. Ғизои сабук истеъмол намуда, аз пурхӯрӣ худдорӣ намоед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Имрӯз барои муҳаббат ва шиносоии нав рӯзи хеле мусоид аст. Агар зиндагии худро дигар кардан хоҳед, қадами аввалро маҳз имрӯз гузоред. Бо одамоне вомехӯред, ки фикру шавқу ҳаваси шуморо хуб мефаҳманд ва метавонанд дӯстони содиқ гарданд. Аз шахсони худхоҳу фармондеҳ дурӣ ҷӯед. Дар масъалаҳои корӣ ва молиявӣ бахт ба одамони фаъолу ташаббускор рӯ меорад. Энергияи зиёдатиро беҳтараш бо варзиш ё машқи ҷисмонӣ сарф кунед.

Асад (23 июл-23 август)

Ба наздикӣ дар зиндагии шумо тағйироти хубу ғайричашмдошт ба амал меоянд, ки табъатонро болида месозанд. Масъалаҳои хона ва хароҷоти оилавӣ диққати бештар мехоҳанд. Имрӯз беҳтараш вақти худро дар муҳити орому хонаводагӣ гузаронед. Танҳо ба корҳое даст занед, ки ба онҳо боварӣ доред. Нафаре метавонад аз шумо ёрӣ пурсад, агар имкон дошта бошед, дастгирӣ кунед. Барои саломатӣ ғизои гуногун истеъмол намоед.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Имрӯз барои суҳбати самимӣ бо шахси дӯстдошта рӯзи хуб аст. Эҳсосоти худро пинҳон накунед, зеро ростқавлӣ муносибатҳоро мустаҳкам месозад. Шумо нисбат ба наздикон каме серталаб шудаед, бинобар ин сабру таҳаммулро бештар намоед. Гарчанде хоҳиши истироҳат кардан пайдо мешавад, беҳтараш фаъолиятро қатъ насозед. Рӯз барои харид ва оғоз кардани кори нав мувофиқ аст. Дар корҳои вазнин ва машқи ҷисмонӣ эҳтиёт кунед, зеро эҳтимоли осеб дидан вуҷуд дорад.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Имрӯз эҳтимол муносибати ошиқона ё шиносоии ҷолиб оғоз шавад, ки метавонад ҷиддӣ гардад. Ба хоҳишу эҳсосоти шахси дӯстдошта бештар аҳамият диҳед, то ӯ наранҷад. Рӯзатон бо корҳои зиёд ва шитоб мегузарад. Сафари ногаҳонӣ ё супориши корӣ метавонад нақшаҳои шомро тағйир диҳад. Эҳтимоли хароҷоти ғайричашмдошт вуҷуд дорад, махсусан барои таъмир ё техника. Агар бемории кӯҳна авҷ гирад, ҳатман ба духтур муроҷиат кунед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Имрӯз дар атрофатон нафаре пайдо шуданаш мумкин аст, ки дар оянда барои шумо хеле муҳим мегардад. Дар муносибатҳо вазъият метавонад ногаҳон тағйир ёбад, бинобар ин, зуд қарор қабул кардан лозим мешавад. Нафарони танҳо мехоҳанд тарзи зиндагии худро дигар кунанд. Барои ҳамкорӣ ва корҳои дастаҷамъона рӯзи хуб аст. Дар масъалаҳои молиявӣ эҳтиёткор бошед ва сабрро аз даст надиҳед. Асабоният ва ранҷиш ба саломатӣ таъсири бад мерасонанд.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Ба нафарони муҷаррад беҳтараш имрӯз аз муносибатҳои ҷиддӣ дур бошанд, зеро ишқи нав давомнок нахоҳад шуд. Рӯз барои корҳои хона ва нақшаҳои шахсӣ мувофиқ аст. Шумо фаъолу ташаббускор мешавед ва пешниҳодҳои нав метавонанд нақшаҳоятонро тағйир диҳанд. Шомро барои истироҳат нигоҳ доред ва корҳои муҳимро ба он вақт нагузоред. Эҳтимоли гирифтани туҳфа ё маблағи ғайричашмдошт вуҷуд дорад. Агар асабонӣ шавед, бо истироҳат худро ором кунед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Шумо эҳсос мекунед, ки зиндагии шахсӣ каме якранг шудааст ва мехоҳед ба он ранги нав бахшед. Аз орзуву хоҳишҳои худ шарм надоред. Дар оила масъалаҳои рӯзгор ё қарзҳо метавонанд диққатнокии шуморо талаб кунанд. Ба зудӣ бо шахси муҳим шинос мешавед, ки барои пешрафти корӣ кумак мерасонад. Вақте мустақилона қарор қабул мекунед, зиндагӣ беҳтар мешавад. Имрӯз аз ҷанҷол, моҷаро ва одамони ношинос дурӣ ҷӯед, то ба мушкил дучор нашавед.

Далв (21 январ-19 феврал)

Дар ҳаёти шахсӣ ҳоло оромӣ ҳукмфармост ва эҳтимоли ишқи пуршӯр кам ба назар мерасад. Аз ин фурсат истифода бурда, ба кор ё тағйири намуди зоҳирии худ диққат диҳед. Рӯз орому оддӣ мегузарад, вале шом метавонад барои шумо сюрпризи хуш оварад. Дар кор ҳама чиз хуб пеш меравад ва нақшаҳоятон зуд амалӣ мешаванд. Илҳоми зиёд доред ва метавонед бисёр идеяҳои худро иҷро кунед. Шомро барои истироҳат ва барқарор кардани қувва сарф намоед.

Ҳут (20 феврал-20 март)

Имрӯз диққати зиёд ба шумо равона мешавад ва эҳтимол туҳфа ё суханони хуш зиёд мешунавед. Бо вуҷуди ин, дар интихоби шахси муносиб саросема нашавед. Ба оила ва наздикон вақти бештар ҷудо кунед, бо падару модар ва дӯстони дерин бештар суҳбат намоед. Худро аз ҳад зиёд хаста насозед ва каме истироҳат кунед. Имкони даромади хуб ё оғози кори тиҷоратӣ вуҷуд дорад. Барои саломатӣ аз хӯрокҳои тунду зиёдатӣ худдорӣ намоед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД