toyota motors
Ҳаракати поезд аз Душанбе ба Маскав барқарор гашт
73

Пас аз 6 сол ҳаракати қатораҳо дар масири “Душанбе-Маскав-Душанбе” рӯзи 21-уми июн аз нав барқарор мешавад. Дар ин бора Вазорати нақлиёт хабар додааст.

Тибқи иттилои ин ниҳод, нархи билети қатораи “Душанбе-Маскав” барои 21-уми июн дар купе 3 ҳазору 713 сомонӣ ва дар вагони умумӣ 2 ҳазору 617 сомонӣ мебошад. Сафар дар ин масир тақрибан чор шабонарӯз давом хоҳад кард.

Қатора рӯзи якшанбе, 21-уми июн соати 03:25 ба вақти маҳаллӣ аз Душанбе ҳаракат карда, рӯзи 24-уми июн соати 22:08 ба вақти Маскав ба истгоҳи Роҳи оҳани Павелетскийи ин шаҳр мерасад. Дар бозгашт қатора рӯзи 25-уми июн, соати 06:05 ба вақти Маскав ҳаракат карда, рӯзи 29-уми июн соати 02:48 ба вақти маҳаллӣ ба шаҳри Душанбе мерасад.

Ҳамин тавр, ҳафтае ду маротиба қатора аз Душанбе ба Маскав ҳаракат карда, мусофиронро ба пойтахти Русия мебарад ва аз он ҷо ба шаҳри Душанбе меорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД