toyota motors
12 медали ҷудокорони тоҷик дар Ҷоми кушоди Осиё миёни наврасон ва ҷавонон
02.06.2026
Oila.tj
16

Дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон Ҷоми кушоди Осиё оид ба ҷудо миёни наврасон ва ҷавонон ба анҷом расид. Мусобиқа аз 28-ум то 31-уми май баргузор шуда, ҷудокорони тоҷик ба гирифтани 12 медал, аз ҷумла 1 тило, 6 нуқра ва 5 биринҷӣ ноил шуданд.

Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, Тоҷикистонро дар мусобиқа миёни наврасон 97 ҷудокор намояндагӣ карда, ба гирифтани 5 медал ноил шуданд. Муҳаммаданис Солеҳов (-55 кг), Исомиддин Қосимов (-60 кг), Райҳона Розиқзода (-52 кг) сазовори медалҳои нуқра, Армон Сафаров (-60 кг) бо Шамил Исмоилов (-66 кг) сазовори медалҳои биринҷӣ шуданд.

Миёни ҷавонон Тоҷикистонро 107 ҷудокор муаррифӣ намуда, ба гирифтани 7 медал ноил шуданд. Александра Кан (-57 кг) сазовори медали тило, Ардашери Ҳамза (-90 кг), Исмоил Бурҳонов (-100 кг) сазовори медалҳои нуқра ва Мадина Қурбонзода (-52 кг), Ёсин Бобокалонов (-66 кг), Муҳаммадрофеи Ҳабибулло (-66 кг), Панҷшер Муъминов (-90 кг) сазовори медалҳои биринҷӣ шуданд.

Ёдовар мешавем, ки дар мусобиқаи наврасон 660 ҷудокори 11 кишвари қора ҳунарнамоӣ карданд. Миёни ҷавонон 503 ҷудокор аз 12 кишвари қора ширкат варзиданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД