Ҳамал (21 март-20 апрел)
Имрӯз бо одамони зиёд вохӯрда, диққати атрофиёнро ба худ ҷалб месозед. Аммо агар муҷаррад бошед, шояд ҳанӯз шахси мувофиқро пайдо накунед. Агар ҳамсаратон манфиатҳои шуморо ба назар нагирад, ба баҳсу ҷанҷол роҳ надиҳед, балки роҳи дигари ҳалли масъаларо пешниҳод кунед. Имрӯз зеҳни тез ва қобилияти хуби таҳлил доред. Барои пешниҳоди ғояҳои нав ба роҳбарият вақти муносиб аст. Эҳтимол манбаи нави даромад пайдо шавад. Аз хабарҳои нохуш ва ташвишҳои зиёдатӣ дурӣ ҷӯед.
Савр (21 апрел-21 май)
Имрӯз дар муносибатҳои ошиқона корҳоятон хуб пеш мераванд. Аз ин фурсат истифода баред, аммо ҳушёриро аз даст надиҳед, зеро ба зудӣ зиндагӣ метавонад шуморо боз ба озмоиш кашад. Дар оила эҳтимоли нофаҳмӣ ва баҳс вуҷуд дорад. Кӯшиш кунед ором бошед ва роҳи ҳалли мувофиқро пайдо намоед. Азбаски қаблан қобилияти касбӣ ва таҳаммулпазирии худро нишон додаед, роҳбарият метавонад вазифаҳои муҳимро ба шумо супорад. Аз ин имконият барои пешниҳоди ғояҳои худ истифода баред. Имрӯз барои қарорҳои калони молиявӣ шитоб накунед.
Ҷавзо (22 май-21 июн)
Имрӯз лозим меояд, ки ба шахси дӯстдоштаатон қобилияти зеҳнии худро нишон диҳед. Аммо аз ҳад зиёд худро доно натарошед, зеро ин метавонад ӯро ранҷонад. Тарбияи фарзандон ва муносибати самимӣ бо онҳо бояд дар мадди аввал бошад. Ҳамчунин, ба муносибат бо хешовандону ҳамсояҳо аҳаммият диҳед. Дар ҷои кор ҳамкорон метавонанд шуморо ба баҳс кашанд ва роҳбарият вазифаҳои зиёде супорад. Оромиро нигоҳ доред, зеро вазъият тадриҷан беҳтар мешавад. Барои беҳтар кардани даромад аз малакаҳои худ истифода баред. Ба ғизои солим ва ҳаракати бештар диққат диҳед, то вазни зиёдатӣ нагиред.
Саратон (22 июн-22 июл)
Имрӯз шояд хоҳиш пайдо кунед, ки эҳсосоти худро бо касе дар миён гузоред ва аз мушкилотатон нақл кунед. Аммо пеш аз ин хуб андеша кунед, то баъдан пушаймон нашавед. Суханони дағал метавонанд дигаронро сахт ранҷонанд ва эътимодро аз байн баранд. Аз ин рӯ, пеш аз ҳар сухан фикр кунед. Ҳангоми муошират бо роҳбарият боодобу хушмуомила бошед ва аз баҳс худдорӣ кунед. Имрӯз барои гуфтушунидҳои расмӣ ва ҳал кардани масъалаҳо дар идораҳо рӯзи мусоид аст. Бо одамон ба созиш омадан осонтар мешавад. Агар мушкили дилу раг надошта бошед, машқҳои сабуки ҷисмонӣ бароятон фоида меоранд.
Асад (23 июл-23 август)
Имрӯз шояд чунин ҳис кунед, ки шахси дӯстдоштаатон қасдан мехоҳад шуморо ранҷонад ё суханоне мегӯяд, ки ба дилатон мерасанд. Аммо ба ҳар рафтор маънои бад надиҳед. Аз ҳад зиёд дар фикру андешаҳои худ ғарқ шудан метавонад боиси нофаҳмӣ бо наздикон гардад. Дар оила аз якравӣ худдорӣ кунед. Дар кор эҳтимоли ба таъхир афтодани баъзе мушкилиҳо вуҷуд дорад ва натиҷаҳо метавонанд ба интизориҳоятон мувофиқат накунанд. Хароҷоти худро назорат кунед, то ба мушкилоти молиявӣ дучор нашавед. Шояд ба манбаи иловагии даромад ниёз пайдо кунед. Ҳамчунин, ба одатҳои зараровари худ диққат дода, кӯшиш кунед аз онҳо даст кашед.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Имрӯз рӯзи пур аз рӯйдодҳои гуногун аст. Барои муҷаррадон шиносоии наве имконпазир аст, ки метавонад ба муносибати ошиқона табдил ёбад. Хешовандонатон шояд ба ёрӣ ва дастгирии шумо ниёз пайдо кунанд. Барои кӯмак ба онҳо вақт ҷудо кунед. Агар нияти оғози тиҷорати шахсӣ дошта бошед, онро зиёд ба таъхир нагузоред, эҳтимол каси дигар ғояи шуморо амалӣ кунад. Дар фаъолияти соҳибкорӣ ҳам имкони муваффақият ва ҳам хатари нокомӣ вуҷуд дорад. Аз ин рӯ, ҳангоми қабули қарорҳои молиявӣ мушкилоти эҳтимолиро низ ба назар гиред. Ба реҷаи хоб диққат диҳед, хоби кофӣ ба саломатӣ ва нерӯи рӯзонаи шумо таъсири калон мерасонад.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Имрӯз эҳсосоти ошиқонаи шумо шояд ҷавоби дилхоҳ нагиранд. Аз ин рӯ, барои изҳори муҳаббат шитоб накунед ва фурсати муносибро интизор шавед. Кӯшиш кунед бо аҳли оила ва наздикон бештар вақт гузаронед. Дастгирии онҳо барои паси сар кардани мушкилот ёрӣ мерасонад. Ба корҳои дӯстдоштаатон машғул шавед ва кӯшиш кунед ҳам ҷиҳатҳои хуби худ ва ҳам бартариҳои дигаронро бинед. Сабур бошед ва аз масъалаҳое, ки тағйир дода наметавонед, беҳуда ташвиш накашед. Имрӯз барои беҳтар кардани вазъи молиявӣ имкониятҳои хуб пайдо шуда метавонанд. Аз ташаббус нишон додан натарсед ва кӯмаки одамони боэътимодро қабул кунед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Агар дар ҳаёти ошиқонаатон мушкилот дошта бошед, ин маънои онро надорад, ки вазъият ҳамеша ҳамин гуна мемонад. Бо гузашти вақт мушкилот ҳал шуда, ҳама чиз беҳтар мегардад. Дар хона фазои орому осуда ва ҳамдигарфаҳмӣ ҳукмфармо хоҳад буд. Дар ҷои кор эҳтиёткор бошед, зеро агар роҳбар хатои шуморо пай барад, баъзе ҳамкорон метавонанд аз ин хурсанд шаванд. Барои худ мақсадҳои мушаххас гузоред ва роҳҳои расидан ба онҳоро муайян кунед. Монеаҳои пешомада он қадар ҷиддӣ нестанд, ки шуморо аз роҳ боздоранд. Аз ҷиҳати ҷисмонӣ худро хуб ҳис мекунед ва барои амалӣ кардани нақшаҳоятон неруи кофӣ доред.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Агар аз шахси бароятон азиз ранҷида бошед, кӯшиш кунед кинаро дар дил нигоҳ надоред. Хатогиҳои ӯро бубахшед ва бо таҳаммул муносибат кунед. Ин ҳам ба ӯ хуш меояд ва ҳам шуморо сабукдил мекунад. Барои тағйир додани фазои хона метавонед ҷойи баъзе ашё ё мебелро иваз кунед. Имрӯз дар муносибат бо роҳбарият низ худро идора карда, аз якравӣ худдорӣ намоед. Субҳ нақшаҳоятонро бодиққат баррасӣ кунед, дар давоми рӯз монеаҳои ғайричашмдошт пайдо шуда метавонанд. Эҳтимол баъзе нақшаҳоро тағйир диҳед ё аз онҳо даст кашед. Корҳои душвореро, ки диққати зиёд ва нерӯи зиёд талаб мекунанд, беҳтараш ба вақти дигар гузоред. Имрӯз истироҳат аз фаъолиятҳои серташвиш мувофиқтар аст.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Имрӯз нерӯи тоза эҳсос мекунед. Эҳтимол дар зиндагиятон шахсе пайдо шавад, ки барои беҳтар шудани вазъият ва тағйироти мусбат кумак расонад. Оиладорон метавонанд аз рафтори номуносиби ҳамсарашон норозӣ шаванд, аммо беҳтараш ин дафъа бо гузашт муносибат кунанд. Аз қарорҳои шитобкорона худдорӣ намоед. Муваффақият ва таваҷҷуҳи зиёди атрофиён набояд шуморо мағрур созад. Агар пулро беандеша сарф кунед, вазъи молиявӣ метавонад душвор гардад. Аз ин рӯ, хароҷотро бодиққат ба нақша гиред. Нимаи дуюми рӯз эҳтимоли сардард ё рагкашӣ вуҷуд дорад. Ба саломатии худ диққат диҳед ва бо асабонияту ҷанҷол вазъиятро бадтар накунед.
Далв (21 январ-19 феврал)
Корҳои хона метавонанд тамоми вақти шуморо гиранд ва барои шиносоии нав ё оғози муносибати ошиқона фурсат намонад. Бо вуҷуди ин, метавонед корҳои дербоз ба таъхиргузоштаатонро анҷом диҳед. Нимаи аввали рӯз эҳтимол худро парешон ё дудила ҳис кунед. Хастагии эҳсосӣ низ метавонад ба ҳолатон таъсир расонад. Кӯшиш кунед масъулиятҳои нолозимро кам кунед, аммо имкониятҳои беҳтар кардани зиндагиро аз даст надиҳед. Ин давра барои оғози кори нав, муроҷиат ба мақомоти болоӣ ва ҳал кардани масъалаҳои судӣ мусоид аст. Дар масъалаҳои молиявӣ эҳтиёткор бошед ва барои рафъи мушкилот таҷрибаю нақшаи дурусти хароҷотро истифода баред. Ҳатто дар рӯзҳои истироҳат низ реҷаи хобро риоя кунед.
Ҳут (20 феврал-20 март)
Дар ҳаёти шахсиатон тағйироти гуворо имконпазир аст. Шахсе, ки кайҳо боз ба шумо маъқул аст, метавонад шуморо ба вохӯрӣ даъват кунад. Ба наздикон бештар таваҷҷуҳ зоҳир намоед, зеро беэътиноӣ метавонад онҳоро норозӣ созад. Кӯшиш кунед аз эҳсосоти манфии рӯзи гузашта халос шуда, рӯзро бо рӯҳияи тоза оғоз кунед. Имрӯз хоҳиши ба даст овардани муваффақиятҳои зиёд пайдо мешавад ва барои амалӣ кардани онҳо имконият ҳам доред. Аммо пеш аз ҳар иқдом оқибатҳои онро бодиққат баррасӣ кунед. Дар масъалаҳои молиявӣ эҳтиёткор бошед ва аз қарз гирифтан худдорӣ намоед. Беҳтараш ба имкониятҳои худ такя кунед. Ҳамчунин, эҳтимоли шамолхӯрӣ вуҷуд дорад, бинобар ин худро аз сармо муҳофизат кунед.