Ноболиғи 15-сола бо гумони дуздӣ дар Душанбе дастгир шуд
Кормандони милитсия дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ноболиғи 15-соларо бо гумони содир намудани як қатор дуздиҳо дастгир кардаанд.
Ба иттилои ВКД, гумонбаршаванда Ибрагимов М. бо истифода аз отвёртка дари мағозаҳои фурӯши либос ва кошонаҳои ҳуснро кушода, аз онҳо маблағҳои пулӣ ва дигар ашёи арзишмандро дуздида, аз ҷойи ҳодиса фирор мекардааст.
Дар робита ба ин ҳолат маводи зарурӣ тартиб дода шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.