Дирӯз ҷудокори шинохтаи тоҷик, ҷаҳонпаҳлавон Сомон Маҳмадбеков оиладор шуд.
Маросими тӯйи арӯсии паҳлавон маъруфи кишвар дар Кохи Наврӯз бо ҳузури овозхонҳои номдори мамлакат, ба монанди Шабнами Сурайё, Соҳиб Назриев ва чеҳраҳои шинохтаи варзиши Тоҷикистон доир гардид.
Гуфта мешавад, ки ҳамсари ҷаҳонпаҳлавон духтаре аз диёри Ванҷ буда, феълан донишҷӯи Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон аст.
Бояд гуфт, ки Сомон 24- марти соли 1999 дунё омада, волидайнаш зодагони ноҳияи Ванҷи Бадахшон мебошанд. Ӯ аз синни 6-солагӣ машқ мекунад ва моҳе қабл аз Бозиҳои олимипии Париж – 2024 аввалин медали биринҷиро дар ин сабқати бонуффузи ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон овард.