Набераи шоҳсутуни санъати тоҷик, устод Ҷӯрабек Мурод - Нурулло Муродов дар Амрико соҳиби медали тилло гаштааст.
Нурулло писари ҳунарманди маҳбуби тоҷик Ҷонибек Мурод аз ҳамсари аввалаш буда, 17 сол дорад.
Нурулло Муродов дар мусобиқаи грэпплинг дар штати Невадаи Амрико ҷои аввалро соҳиб шуда, медали тилло ба даст овардааст. Писари Ҷонибек Мурод - Нуруллоҳ Муродов дар ин мусобиқа яке аз ҳарифонашро мағлуб кардааст ва ду варзишгари дигар, ки мебоист бо вай рақобат менамуданд, аз қувваозмоӣ даст кашидаанд.
Ҳамин тавр, Нурулло Муродов ғолиб эълон шуда, ба давраи навбатии мусобиқа, ки дар сатҳи тамоми ИМА мегузарад, роҳхат гирифтааст.