Ман Мадина аз шаҳри Хӯҷанд. Муддати 13 сол ҳамроҳи падару модарам дар Русия зинда кардам. Соле танҳо як маротиба ба Ватан ба аёдати хешу табор омада, чанд вақт дар Тоҷикистони азиз меҳмон мешедему як ё ду моҳ пас боз ба мулки рус бармегаштем. Дар ғарибӣ одам ба дидори ҳамватан зор мешудааст, чашмат, ки ба тоҷике афтид, кони зар ёфтагӣ барин хурсанд мешавӣ. Мани сода низ ҳамшаҳрӣ гуфта ба Диловар ном тоҷикбача дил бастам ва бехабар аз макри ин ҷавони духтарбоз диламро рӯйи кафҳояш ниҳодам. Мо зуд ба ҳам унс гирифта, аҳди ишқу ошиқӣ бастем. Диловар дар як мағоза кор мекард ва мани аз ишқи ӯ Лайлии сонӣ гашта қариб ҳар рӯз чизеро баҳона карда ба наздаш мерафтам. Рӯзе як дугонаамро ҳамроҳам ба мағоза бурдам. Ошиқи абрӯсиёҳи маро дида дугонаам лаб газид ва дар бозгашт сар ҷунбонда гуфт: “Ҳушёр шав, ки фиреб нахӯрӣ дугонаҷон, ба назарам ин ҷавон зандор барин метобад!” Мани беақл гумон кардам, ки дугонаам ба Диловар ошиқ шудаасту мехоҳад моро ҷудо карда, бахти маро соҳибӣ кунад, вале…
Аз байн чанд вақт гузашту Диловар бедарак шуд. Кофта-кофта рӯзе ба хонааш рафтам. Дарро ба рӯям як ҷавонзани зебо кушода пурсид:
-Ба шумо кӣ даркор?
Ронандаи таксие, ки моро ба самти Кӯлоб мебурд, раҳораҳ қисса кард, ки чанд рӯз қабл ду зани миёнасол дар мошини ӯ дар роҳ ба таври фоҷиавӣ ҷон ба ҷонофарин супоридаанд.
Ронандаи таксие, ки моро ба самти Кӯлоб мебурд, раҳораҳ қисса кард, ки чанд рӯз қабл ду зани миёнасол дар мошини ӯ дар роҳ ба таври фоҷиавӣ ҷон ба ҷонофарин супоридаанд....
Гаранг шуда чӣ гуфтанамро намедонистам, ҳамин дам худи Диловар пайдо шуд ва маро дида рангаш канд. Мехостам худро шинос кунам, аммо ошиқи маккорам пешхезӣ намуда гуфт:
-Ин духтарак дар мағоза ҳамроҳи мо кор мекунад. Аз афташ шеф ӯро фиристодааст, ки маро ҷеғ занад.
Ҷавонзан кунҷковона аз нӯги по то фарқи сари маро аз назар гузаронд ва лабашро бурма карда ба ошхона даромаду Диловар курткаашро пӯшида аз паси ман баромад. Раҳораҳ кӣ будани он занро аз ӯ пурсидам. Иқрор шуд, ки ҳамсараш асту онҳо ду фарзанд доранд. Аз ӯ рӯй гардонда қариб як моҳ ба зангҳои телефониаш ҷавоб надодам, аммо ошиқи шилқинам ҳеҷ маро ором нагузошта, гаштаю баргашта паёмак мефиристод ва қасам болои қасам мехӯрд, ки занашро дӯст намедораду танҳо ба хотири канда нашудани риштаи хешу таборӣ бо ӯ зиндагӣ карда истодааст, зеро ҳамсараш духтари аммааш аст. Дубора ба доми ин марди маккор афтида розӣ шудам, ки зани дуюмаш шавам. Дугонаам маро насиҳат карда мегуфт, Мадина, ту духтари безеби дар кӯча мондагӣ нестӣ, садҳо ҷавон туро талабгоранд, бахти зани дигарро дуздида, худатро як умр бадбахт накун, лекин ба гӯши мани ошиқи шайдо панду насиҳат намедаромад. Диловар се бор ба хонаамон хостгор фиристода бошад ҳам, падару модарам зан доштанашро фаҳмида рад карданд. Дидам, ки намешавад, худамро ба девонагӣ зада таҳдид намудам, ки агар маро ба Диловар надиҳанд, аз хона баромада меравам.
Хулоса, волидонам аз тарси бадномӣ маро ба Тоҷикистон оварданд ва ба як ҷавони бообрӯ ба шавҳар доданд. Шавҳарам корманди бонк аст ва чизеро барои ман дареғ намедорад. Зиндагии шоҳона дорем,аммо бо ин ҳама дороӣ худро бадбахттарин зани дунё эҳсос мекунам. Шавҳарам на бо зару зевар дили маро ёфта тавонист, на бо меҳрубонӣ, чунки дар ин хонаи вайрона то ҳол ишқи Диловар маъво дорад. Сарҳисоби зиндагиро гум кардаам, намедонам сарамро ба кадом девор занам. Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?
Мадина, аз ш. Хуҷанд