Formula novemver 2024
 Ишқи марди зандор Майсараро ба зиндон кашид
5698

 

Садбарг. Ин гул барои Майсара ниҳоят азиз буд, зеро шаҳсавори орзуҳои қалбаш садбаргро дӯст медошту Майсараро бо ҳамин ном садо мекард. « Гулҳои зебо ниҳоят зиёданд, яке аз якдигар қашангу зеботар, вале ман ҳеҷ кадоме аз онҳоро чун садбарг дӯст намедорам. Медонӣ чаро? Садбарг ба ту сахт шабоҳат дорад. Рухсораи зебою нурониат садбарги сафедро мемонад. Вақте аз чизе шарм медорӣ, ҳамшабеҳ ба садбарги сурх мешавӣ. Ҳангоме рухсораҳои худро бо ранги сурхча оро медиҳӣ, дар назарам баргҳои садбарги нилобӣ ҷилва мекунанд. Аз ҳамин сабаб ман туро Садбарг мегӯям….» Шаҳриёр сабаби ба Майсара Садбарг ном ниҳоданашро шарҳ медоду духтар аз шодӣ гӯиё болу пар бароварда, дар фазои орзуҳои ширин парвоз мекард…

Ҳамболи ишқ

Хулқу атвораш ба ҳавои ишқ ба куллӣ тағйир кард. Субҳи барвақт аз хоб бархоста ҳавлиҳоро об мезад. Гардҳоро бо шамоли ҷоруби хеш ба рақс медароварду аз тамошояшон ҳаловат мебурд. Гулҳои боғчаи ҳавлиро аз чангу ғубор тоза намуда, аз бӯйи хушашон ҳаловат мебурд ва худ ба худ зери лаб табассум мекард. Ба ҳар барги гул бо завқ нигариста, табассум мекард. Суханҳои ширини Шаҳриёр дар сараш чарх мезаданду зиндагӣ дар назараш ниҳоят зебо менамуд.

Майсара чанд гулдон харид. Дохилашонро аз об пур намуда, ба ҳар кадоми он гули садбарг андохт. Яке аз онҳоро дар тирезаи хона, дигарашро дар бурҷи мизи хӯрокхӯрӣ ва саввумиро дар назди оина гузошт. Атрофи хона пур аз садбарг. Ба ҳар ҷонибе тоб мехӯрд, садбарг медид ва дар ҳар барги садбарг акси зебои Шаҳриёр дар назараш ҷилва мекард.

Афсонаи ширин

Шаҳриёр бо вуҷуди садбаргро дӯст доштан ва ба маҳбубаш Садбарг ном ниҳодан, ҳаргиз ба Майсара гули садбарг ҳадя намекард. Рӯзе Майсара аз ӯ суол намуд:

-Маро ҳамеша назди издиҳоми гулҳои садбарг меорӣ, вале чаро ҳеҷ кадоме аз онҳоро чида бароям ҳадя намекунӣ?

-Ин гули зебо аз ниҳолаш канда шавад, дер ё зуд пажмурда мегардад. Баргҳояш мехушканду зебоиву тароваташро гум мекунад. Намехоҳам, ки садбарги зебо пажмурда шавад. Садбарг туӣ ва решаи он манам. Ҳаргиз иҷозат намедиҳам, ки касе туро аз ман барканад,- ин посухи шаҳдбору пур аз найранг Майсараро ошиқтару шефтатар кард.

Дӯст гӯяд табарвор…

Вақте Майсара аз ширинзабонию суханпардозиҳои Шаҳриёр бо завқ қисса мекарду Шаҳлои ҳамсабақаш маҳзун мешуд.

Шаҳло бо Майсара дар як гурӯҳ таҳсил мекарданд, дар баробари ин, дугонаи ҷонӣ буданд. «Мебахшӣ Майсараҷон, туро ғамгин кардан намехоҳам, вале аз рӯи шунидам, Шаҳриёр зан дорад»,- ба маккории Шаҳриёр тоб наоварда иброз намуд рӯзе Шаҳло.

Барои Майсара ин сухан мисли барфи дар чиллаи тобистон борида ногаҳонӣ буд. Ҳеҷ бовар карда наметавонист, ки маҳбубаш ба фанду фиреб қодир бошад. «Шояд Шаҳло ба мо ҳасад мебарад ва ӯро туҳмат карда, моро аз ҳам ҷудо кардан мехоҳад?» меандешид худ ба худ Шаҳло эҳсос намуд, ки дар сари Майсара андешаи ботил чарх мезанад. Аз гуфтаи худ пушаймон шуд. «Бало ба пасаш Майсараҷон, шояд шунидаҳоям дурӯғ бошанд. Ҳарчи дар дег аст, дар каблез мебарояд мегӯянд, Шаҳриёр зан дошта бошад, дер ё зуд маълум мешавад»,- даст афшонд ӯ.

«Ту ба дарс рав Шаҳло, ман ин муаллимро дӯст намедорам, дарсҳояш ҳам ба дилам задааст. Дар ҳамин ҷо нишаста туро интизор мешавам. Дарс тамом шуд, баъд якҷоя ба хона меравем»,- баҳонаҷӯӣ кард Майсара, ки аз андуҳи зиёд дигар чӣ кор карданашро намедонист.

Гирдоби хаёл

Рӯи сабзаҳо нишаст. Суханони Шаҳлоро ба ёд оварду ҳузни ноаёне вуҷудашро фаро гирифт. Ҳеҷ бовар карда наметавонист, ки Шаҳриёр зан дошта бошад. Аз фикри зиёд сараш ба дард омад. Рангу бори дар рухсораҳояш молидаро оби дида шӯста тоза кард. Оиначае аз ҷузвдонаш бароварда ба рӯи чун лола сурхгаштааш назар намуд. «Наход, туро фиреб карда бошанд, Майсара? Ба ҳар тори мӯят як ҷавон овезон буд, аз миёни онҳо ту ҳамин Шаҳриёри зандидаро интихоб кардӣ?»,- Майсара девонавор ба акси худ суол медоду гиря мекард. 

Ваъдаи бахт

Чеҳраи пурандуҳи Майсараи хандонро дида, Шаҳриёр дар тааҷҷуб монд. «Ба Садбарги шукуфони ман чӣ осеб расид, ки рангаш парида аст?»,- суол намуд бо садои нарми пур аз навозиш ва дар назди Майсара нишаста, ашки аз чашмони духтар ҷоришударо бо ангуштонаш пок намуд. Аввалин бор Майсараро ба оғӯш гирифт. Сарашро сила намуда аз рухсорааш бӯсид. Майсара чун мум об шуда, дигар худро дошта натавонист. Ҳарфҳои аз Шаҳло шунидаашро ба Шаҳриёр расонд. «Агар ту розӣ бошӣ, фардо худи ман ба хонаатон хостгорӣ меравам. Дар кӯтоҳтарин муҳлат тӯй мекунем. Дигар касе дар ҳаққи мо чунин буҳтонҳо бофта наметавонад. Дар хусуси донишгоҳат фикр накун. Ҳар субҳ худам туро ба дарс меораму баъд аз анҷоми дарсҳо ба хона мебарам. Ман бе ту зиста наметавонам ва тоби дидани андуҳро дар рухсораҳои ту надорам»,-Шаҳриёр найрангбозона Майсараро аз доми фикрҳо раҳо кард. Майсара аз хурсандӣ интизор шудани беҳтарин дӯсти донишгоҳиаш Шаҳлоро фаромӯш карда, шодикунон ҷониби хона роҳ пеш гирифт. 

Шаҳди висол

Субҳи барвақт аз хоб бархоста, тамоми корҳои хонаро ба субут расонд Майсара ва то омадани Шаҳриёр худаш волидонашро барои издивоҷ розӣ кунонд. Тӯйи бодабдабаи онҳо ҳанӯз ҳам дар ёди хешу таборон ва дӯстону наздикон нақш бастааст. Хурсандие, ки ҳаргиз самари хуб ба бор наовард.

Зиндагии мустақилона шуруъ гашт. Лайлию Маҷнун аз расидан ба висоли якдигар эҳсоси хушҳолӣ мекарданд. Яке барои зиндагии хуб, дигаре барои расидан ба ҳадафҳои саропо дурӯғ.

Дере нагузашта Майсара ҳомила шуд. Тамоми ашёи мехостаашро Шаҳриёр барояш муҳайё мекард. «Фарзанди мо бояд солим ба дунё биёяд ва солим бузург шавад»,- иброз медошт найрангбозона…

Кундошҳо

Майсара бо Шаҳло дар рӯи мизи назди донишгоҳ нишаста бо ҳам суҳбат мекарданд. Ӯ зиндагии ширини худро ба дугонааш қисса карда, ба ӯ низ ҳамин рӯзро таманно менамуд. Ногоҳ як зани ҷавону зебо Майсараро садо карда назди худ хонд.

-Агар хато накунам, ту зани Шаҳриёр мешавӣ?

-Бале, зани Шаҳриёрам, чӣ буд?

-Фарзанди батнат чанд рӯз пас ҳафтмоҳа мешавад, ҳамин хел?

-Шумо аз куҷо медонед? Аниқтараш шумо кӣ ҳастед ва аз ман чӣ мехоҳед?

-Ман зани Шаҳриёрам ва аз ту фарзандатро мехоҳам. Соат ба соат бузург шудани ӯро дар батни ту ҳисоб мекунам. Фарзандатро ба ман диҳӣ, зиндагиатро бо Шаҳриёр идома дода метавонӣ, вагарна ҳолат табоҳ мешавад!

Майсара дигар ба шунидани суханони зан тоб наоварда, ба назди Шаҳло баргашт. Худро ба оғӯши дугонааш андохта, бо тамоми овоз гиря кард: «Чаро ман ба гапи ту бовар накардам? Чаро аз зан доштани Шаҳриёр шубҳае дар дилам пайдо нашуд? Туро дар назди ӯ таҳқир кардаму ҳасуд хондам. Чӣ иштибоҳи бузургеро муртакиб шудам. Дар зиндагӣ ноком ва назди ҳама шармандаю сархам гаштам»,- нола мекард бо афсӯс Майсара 

Ҳақиқати талх

-Воқеан вай зани ман аст. Бубахш, ки зан доштанамро ба ту иқрор нашудам. Талош кардам, ки то хонадоршавиамон огоҳ нашавӣ, мефаҳмидӣ, шояд бо ман издивоҷ намекардӣ. Фаромӯш накун, ки ман ҳеҷ касро мисли ту дӯст намедорам. Зани ман нозой аст. Шукр, ки аз ӯ фарзанд надорам. Ту ба наздикӣ тифли маро тавлид мекунӣ. Акнун худат қазоват кун, ки ман бо ӯ мемонам ё бо ту-Шаҳриёри дар найранг гум, худро дубора аз вазъият берун кард ва Майсара дубора ба кулбори дурӯғҳои шавҳараш бовар намуд, аммо…

Нахли умед

Тифл ба дунё омад. Майсара соҳиби як писарбачаи маъсуму зебо шуд. Замони аз беморхона баромадан Шаҳриёр ба Майсара як даста гули садбарг ҳадя кард. Ин гулҳо дар дили зан шубҳа ба вуҷуд оварданд. Садбарг агарчи рамзи хушбахтист, вале Шаҳриёр чидан ва ҳадя кардани онро рамзи ҷудоӣ мегуфт. Лаҳзае баъд шайтонию меҳрубонии Шаҳриёр Майсараро аз гирдоби фикрҳои мағшуш раҳо кард.

Доми фиреб

Рӯзе Шаҳриёр аз кор барвақт баргашта, Майсараро оғӯш кард ва иброз намуд, ки барояш ҳадяи қимматбаҳое овардаасту дар дохили кадоме аз ҷевонҳои хона пинҳон намудааст. Майсара шодикунон тамоми ҷевонҳои хонаро тагу рӯ мекарду Шаҳриёр ҷустани онро ба навор мегирифт. Майсара аз рафаки мизи кории Шаҳриёр зиреҳи гаронбаҳое пайдо намуд. Шодикунон онро ба гарданаш овехта, бовариаш ба муҳаббати шавҳари дурӯғгӯяш комилтар шуд, аммо…

Гунаҳкори бе гуноҳ

Рӯзи дигар аз суди ноҳия ба Майсара даъватнома омад. Зани якуми шавҳараш ӯро дар дуздии гарданбанди тиллоияш мутаҳам мекард. Майсара сад қасам хӯрда бошад ҳам, худро аз гирдоби туҳмат раҳо карда натавонист, зеро навори гирифтаи Шаҳриёр ҳамчун далел дар дасти кормандони милиса буд.

Ҷавонзани фиребхӯрда дер фаҳмид, ки мақсади Шаҳриёри номард ва зани безурриёташ ӯро истифода бурда, фарзандашро кашида гирфтан будааст. Қисмати талхаш ба ин бозии пурнайранг Майсараи ҷавон ва бе таҷрибаро ворид намуда, ба коми бадбахтиҳо кашид. Майсара боя гон роҳ худро сафед карда натавонист. Шаҳриёри маккору ҳилагар бо туҳмат зани дуюмашро дар пушти панҷар ҷой карда, писарчаи зебои Майсараро кашида гирифт ва бурда ба зани якумаш дод, аммо…

Музоҷот

Баъд аз як сол Шаҳриёр бо зани дӯстдораш ба садама дучор шуд. Занаш ба ҳалокат расиду худаш муҳтоҷи аробаи маъюбӣ гашт. Майсара азобу шиканҷаи маҳбасро паси сар намуда,ба озод баромад ва писарашро аз дасти шавҳари номарду маккораш кашида гирифт. Имрӯз вай бо писараш зиндагии шоҳонаро соҳиб аст, аммо ишқи дурӯғини Шаҳриёр ва макру ҳиллаҳои ӯро то ҳол фаромӯш карда наметавонад!

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД