Муждаи неку инқилоби Гулоро…
Пас аз ду моҳи никоҳашон Файзинисо дар вуҷуди худ тағиротеро эҳсос карда, ҳамроҳи зани амакаш ба назди духтури занона рафт ва маълум гашт, ки ӯ ҳомиладор аст. Аз шунидани ин хабар сари Насим ба осмон расиду ба Гулоро чизе нагуфта дар поёни заминаш ба сохтани хонаи нав оғоз кард. Мард мехост, ки баъдтар ин хабарро ба занаш расонаду занашро баъди таваллуди фарзандаш ба хонаи худаш биёрад.
Хонасозии шавҳарро Гулоро ба тарзи худ фаҳмид, духтарашон Дилоро хатмкунандаи мактаб буд, зан гумон дошт, ки ҳамсараш барои духтараш хона месозад. Зеро Дилоро ба писари тағояш номзад буду модараш мехост хонаву дарашро ба писари додари худаш мерос гузорад… Моҳи ҳамли Файзинисо наздик мешуду шиками дамидаи ӯ аз назари ҳамдеҳагон пинҳон намонд. Дар деҳа шавҳари пинҳонӣ кардани Файзинисо овоза шуд ва Насим рости гапро ба Гулоро гуфт…
Инқилобе, ки Гулоро барпо кард, деҳа ҳеҷ гоҳ аз хотир фаромуш намекунад. Ӯ сару рӯйи шавҳарро ханҷол кашида хонаҳои навростро оташ заданӣ шуд, ба ҳафт пушти Самихону Зайнаб ва духтари пирдухтари сухтагияшон ҳақоратҳои болохонадор мефиристод.
«Муҳориба»-и серӯза бо он анҷом ёфт, ки Насим Гулороро талоқ дод… Зан акнун шабу рӯз гоҳ мегиристу гоҳ суруд мехонду гоҳи дигар бағалашро пури санг карда рафта дару девори хусуру хушдомани нави ҳамсари бевафояшро сангборон мекард. Файзинисо зор-зор мегиристу намедонист аз хиҷолат сарашро ба куҷо занад…
Тавлиди ду писар
Бо ҷангу ҷанҷолҳои палонҷи оташгирифта моҳи охирони ҳомиладории Файзинисо сипарӣ гашту ӯ ду писари нозанин ба дунё оварда сари Насимро ба осмон расонид. Насим дар ин миён хонаву дарашро таъмир карда зану писарони навзодашро ба хонааш бурд, ҳар субҳи онҳо бо ҷангу ҷанҷол ва нолаву фиғони Гулоро сар шуда то бегоҳ давом мекард. Файзинисо аз шавҳараш хоҳиш кард, ки коре карда дили Гулороро ёфта ӯро аз нав ба никоҳаш дарорад. Ба хотири оромию осоиштагии оилаи наваш мард ҳамин корро кард, Дилоро бо Файзимо гап назанад ҳам барои дидани додараконаш меомаду мерафт. Гулоро доду фиғонро бас карда бошад ҳам ба палонҷаш рӯйи хуш намедод, ӯро одам ҳисоб намекард ва номаш арӯси сӯхтагӣ буд…
Файзинисо он қадар банди тарбияи писаракони зебояш Тоҳиру Зоҳир буд, ки ба заҳрзаниҳои палонҷаш умуман аҳмият намедод. Писараконаш калонакак шуданду бехабар аз дили дардманди моиндар давида ба хаонаи ӯ мерафтанд ва бо талқини модар ӯро очаи калон меномиданд. Гулоро ба кӯдакон меҳрубон буд, вале сояи палонҷашро аз девор метарошид. Ӯ бар рағми Файзинисо Дилороро ба писари додараш дода ӯро хонадомод кард, Фйазинисо чизе намегуфт. Зеро Насим барои ҳар ду писараш замини алоҳида гирифта буду, ҳамеша мегуфт, ки аз ин ҷо шуморо мекучонам, аммо беҳуда нагуфтаанд:
- Мо дар чӣ хаёлему фалак дар чӣ хаёл?
Мусибат
Ба хушбахтии андаки Файзинисо чашм расиду падари фарзандонаш дар садамаи автомобилӣ ҳалок шуд. Зани маъюб аз ин зарбаи сахти навбатии зиндагӣ ба хотири ду писараки нозанинаш нашикаст, миёнашро басту аз ҷой хест…
Дар мактаби деҳа фарош шуд, ғайри ин хизматаш ба ҳама мерасид, падару модараш аз дунё гузашта бошанд ҳам, додаронаш кам-кам ёрдамаш мекарданд. Деви рашки Гулоро баъди марги шавҳар ҳам хомӯш нашуда буд, ӯ мехост палонҷу бачаҳояшро аз хонаашон ронад. Баъди калонтар шудани писаронаш бо ёрии пайвандон дар як гӯшаи замини гирифтаи шавҳар кӯлбаяке бино карда ба он ҷо кӯчид. Тут ба муроди Гулоро пухт…
Тоҳиру Зоҳир дар сояи меҳру муҳабати модари меҳнатӣ, ки онҳоро бо машақатҳои зиёд парварид ба воя расиданду хонда соҳибмаълумот шуданд. Онҳо соҳиби ҷойи кори хуб, хонаву дари обод ва зиндагии мустақил шуданд. Файзинисо маслиҳатгари келину писарон нафаси осуда мекашид. Тоҳиру Зоҳир аз рӯйи маслиҳати модар ба хабаргирии Гулоро мерафтанду ба хотири арвоҳи падар ба дасташ маблағи муаян медоданд. Гулоро ба бистари беморӣ афтид, духтуру домодаш хуб нигоҳубинаш мекарданд, аммо ҳар бори ба хабаргирӣ рафтани Файзинисо бо алам мегуфт, ки кош писар медоштаму имрӯз дастгирам мешуд. Хайр Тоҳиру Зоҳир аз ду гӯшаи тобутам мегиранду дилам тар мешавад…
Ин нолаҳои зори зани бебача дили раҳмини Файзинисоро ба дар оварданду бо Тоҳиру Зоҳир маслиҳат карда ӯро бо навбат дар хонаи Тоҳиру Зоҳир парасторӣ намуданд. Гулоро пеш аз марг аз палонҷи меҳрубонаш бахшиш пурсид ва ду писар маъракаҳои ӯро аз писардорҳо дида бо обу рӯ гузарониданд. Гап дар сари дуои хуб низ набудааст…
Баъди ду соли марги Гулоро Файзинисо, ки нав шаст сол дошт ба бемории саратони ҷигар гирфитор шуда оламро падруд гуфт. Рӯзи марги ин зани ҳунарманду дилсафед хурду калон ашк мерехтанд. Ҳама аз он мегуфтанд, ки ба ин зан қисмат ҷабри зиёде карда бошад ҳам ӯро шикаста натавонист, вале бо ин ҳама машаққат давлати пирӣ низ насибаш нагашт…
Нисо ХОЛИД
Аз муаллиф:
Хонандаи азиз, ин қисса шояд он қадар аҷиб набошад. Аммо ман барои он рӯйи коғазаш овардам, ки тақдири як зани маъюб буд. Ин занро хуб мешинохтам. Имрӯзҳо занҳо, ҳатто мардҳои чор ишкелашон бутун дар сар фикри худкушӣ доранду аз ҳаёт норозиянд. Бисёр мехоҳам сарнавишти ин зан ба мо дарси ибрат бошад!