formula
Шавҳари пинҳонӣ
3672

 

Гуланор дар Бухорои шариф ба олами ҳастӣ чашм кушодаву ба воя расидааст, гузаштагонаш аз китобдорони дарбори амирони Бухоро будаанду ҳама аҳли таборашон аз илму дониш баҳравар.

Падари Гуланор байни шаш духтар писари ягона, ки буд, зуд хонадораш карданд. Модари ӯ армони бобову бибияшро шикаста, шаш писар ва баъд ӯро ба дунё овардааст. Модари ҳунарманду модаркалони порсояш ба вай тамоми ҳунарҳои занона ва одобу ахлоқи ба як зани муслимаву бонаҷобат хосро омӯхтанд. Хамсояҳои зиёд ба ин духтари нозанин аз оилаи ашрофзодаву овозадор бо чашми харидорӣ менигаристанд, аммо қисмат гардишҳои худро дорад.

Замоне, ки Гуланор мактабро хатм кард, солҳои навади асри пор, солҳои ахири мавҷудияти Иттиҳоди абарқударти шӯравӣ буд. Духтарак мехост суханшинос шавад, ҳарчанд волидон мехостанд ӯ дар Тошканд ё Самарқанд хонад, Гуланор ба Тоҷикистон омад. Ӯро падараш як бор ба хонаи як рафиқаш ба Душанбе оварду ӯ ошиқи ин шаҳри нозанин гашт. Падараш ӯро ба хонаи рафиқаш Самад, ки ҳамроҳаш мисли ёру бародар буд, оварда худаш бо дили кашол ба Бухоро багашт. Дар дил Худоро зорӣ мекард, ки духтараш донишҷӯ нашавад, боз худро мазаммат мекард, ки ба духтараш нобарорӣ мехоҳад, бигузор дохил шавад ва баъд ба шуъбаи ғоибона мегузарад.

Амаки Фаррух ба хонааш расида, зери тозиёнаи танқиди модари пираш монд, ки ту чӣ хел падарӣ, ки натавонистӣ духтаратро аз роҳ баргардонӣ. Табъи падар хира шуда бошад ҳам, аз духтараш пуштибонӣ кард, ки Гуланори ман куҷое бошад, ҳеҷ гоҳ сари маро хам нахоҳад кард. Кампири модараш ҳам паст наомада, ҳоло саломат медиҳам гуфт, модари Гуланор холаи Хайрӣ низ хафа менамуд.

Оқилаи бухорӣ

Гуланор бо дониши худаш шомили факултаи суханшиносии донишгоҳ шуд ва хобгоҳ гирифта, аз хонаи рафиқи падараш ба он ҷо кӯч баст. Ба саволи падараш дар бораи чаро ба хобгоҳ рафтанаш гуфт, ки мехоҳад бо ҳамдарсонаш як ҷо бошад. Гуланор дар як муддати кӯтоҳ дар байни донишҷӯён бо дониши баланду ақлу заковат ва ахлоқи накӯяш ном баровард. Устодон чӣ қадар дӯсташ медоштанд ва ҳама ҷо таърифи ӯро мекарданд. Гуланор бар замми оқилаву хушахлоқ буданаш ҳусни расое низ дошт. Қомати баландашро мӯйҳои майдабофияш, ки заминро мерӯфтанд, зеб медоданд, дилхоҳ каси ӯро дида албатта боз баргашта нигоҳ мекард. Ӯ бисёр вақт куртаи атлас ба бар карда, тоқии зардӯзӣ мепӯшид, ки ба ҳуснаш ҳусн зам мекард, костюмҳои аврупоӣ низ ба қади ниҳолу чеҳраи сабзинааш мезебиданд.

Ошиқонаш аз мӯйи сараш зиёд буданд, аммо ҳушу ёди вай ба хондан буд, ишқаш китоб буду шеъру насру тарона. Ровии хуб низ буд ва дар бисёр маъракаҳои донишгоҳ ровигӣ низ мекард. Ба нигоҳи пурҳаваси ошиқонаш бепарво буд, вале ишқ ба панҷараҳои қуфли дили оқилаи бухороӣ низ панҷа зад…

Ишқи оламсӯз

Гуланор дар курси панҷум мехонд, падару модараш аз духтарашон розӣ буданд, зеро дар курси панҷум мехонду боре дар борааш ягон ҳарфи баде нашунида буданд. Аз Тоҷикистон ба Бухоро камаш як даҳ нафар хостгорӣ рафтанд, ки ин нишонаи хубии Гуланор буд. Холаи Хайрӣ духтарамро ғариб намекунам гӯён, ба хушдорони духтараш ҷавоби рад медод, аммо дар дилаш мақсади дигар дошт.

Ӯ ба дугонаи ҷамолакияш Маҳинамоҳ аҳд баста буданд, ки қудо мешаванд. Писари ягонаи Маҳинамоҳ Шаҳбоз дар Маскав таҳсил мекарду интихоби модарашро қабул карда буд. Гуланор дар ин бора чизе намедонист ва дар сараш ҳавои шавҳар кардан ҳам набуд, мехост дар аспирантура таҳсил кунад, аммо…

Духтар ҳар ҳафта се бор баъди дарсҳо ба китобхона мерафту он ҷо ба мутолиа машғул мегашт. Дар яке аз ҳамин гуна рӯзҳо, ки зимистони яхбандӣ буд, афтиду пояш лат хӯрд. Шоми торик буду шоҳиди ин лағзиши дарднок як ҷавони нозанине гашт, ӯ таксӣ киро карда, Гуланорро то хобгоҳ овард ва рӯзи дигар хабаргирияш омад.

Шиносоии онҳо бо Карим ҳамин гуна оғоз ёфт, меҳрубониву хушсуханиҳои ҷавон ба духтарак писанд омаданду онҳо бо ҳам унс гирифтанд. Карим нав донишгоҳро дар риштаи ҳуқук хатм кардаву ба кор пардохта буд. Ҷавони абрӯсиёҳи кӯҳистонӣ дили духтари ашрофзодаро ба даст оварда буду ошиқи зораш карда, аммо Гуланор ҳаргиз моилу асир буданашро нишон намедод.

Онҳо ба кинову театру тамошои боғу гулгаштҳои Душанбе мерафтанд. Гуланор донишгоҳро хатм карда, назди падару модараш рафт. Вақте бо Карим хайрухуш кард, дилаш мисли моҳияке дар тоба бирён бошад ҳам, ба ӯ нагуфт, ки хостгоронатро фирист. Хонуми бонаҷобату оқила ҳамин тавр мехост ошиқашро санҷад, Карим низ ба ӯ нагуфт, ки ман хостгоронамро мефиристам ё чизи дигар…

Давом дорад ...

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД