Рӯзи дигар сенафарон озими сафар шуданд. Дарвозаи ҳавлӣ хатто қулф надошт ва ба он зарурате набуд.
Малика чаҳор куртаи арӯсиашро ба хонаи падар бурд. Инро Наззора-хола дида ба хулосае омад, ки "арӯс қаҳр кардааст" ва дарҳол ба хонаи ҳамсоя даромада "хушхабар"-ро расонд.
- Малика ҳам рафт, - гуфт ӯ, - гумонам рост баромад.
- Чӣ гумон карда будед ҳамсоя? - Лаълихола баҳузур нишаст ва ба Наззорахола ҳам ҷои нишаст омода кард. Умедвори сӯҳбати доманадорро дошт ӯ.
- Чиркинак безурёт буданашро тахмин мекардам. Мана ҳафт моҳ шуд. Бечора Малика хор гашт, ҳеҷ гап не, ҳоло ҷавон, ягон занмурда мегирифтагист.
- Ҷанҷол карда рафт?
- Не, ҳамту, баромаду рафт. Шитоб дошт.
- Писари Лунҷ зан гирифт?
- Кадомаш? Қопча ё Шатта?
- Шатта фарзанддор шуд. Агар хато накунам, занаш боз ҳомила. Лекин Қопчаро намедонам. Ҳаво камтар равшантар шавад, як хабаргирӣ меравам...
Падари Малика сенафаронро ба мошинаш савор карда то автовокзал бурд. Ба онҳо роҳи сафед ва муолиҷаи комилро хост.
Пас аз чанд соат автобус ба Тошканд расид. Мошинеро киро карда то беморхона расиданд ва худи профессорро аз утоқи кораш дарёфт карданд. Профессор ниҳоят одами хоксор буд, пас аз муоина ҳарсеро ба хонаи худаш бурд ва меҳмондорӣ кард. Маслиҳат шуд, ки аз пагоҳ муолиҷаро сар мекунанд ва зану шавҳари ҷавон то анҷоми табобат дар хонаи профессор мемонанд.
Ҳавлии профессор дар назди бозор ҷо гирифта буд. Чиркинак азм кард, ки ҳангоми муолиҷаи модар дар бозор ароба мекашад. Модарро дар беморхона хобониданд. Малика ҳар рӯз се маротиба назди модаршӯ мерафт, Чиркинак бошад - ду маротиба, субҳ ва бегоҳ. Рӯзона дар бозор буд. Аробакашӣ мекард, дар ҷо ба ҷо гузории молҳои тоҷирон кӯмак мерасонд. Ғайрати ҷавонро дида, як савдогари пир ӯро хоҳиш кард, ки дар кори савдои ӯ ёрӣ расонад. Савдогар ҳар рӯз молашро аз дӯкон берун меовард ва паҳн мекард. Бинобар арзон фурӯхтанаш харидорони бисёр ва доимӣ дошт. То фурӯ рафтани офтоб савдо мекард ва молашро баргашта ба дӯкон медаровард. Аллакай дар як ҳафта Чиркинак тамоми корҳои савдоро аз худ кард. Савдогарро мегуфт, ки "чойи кабудро нӯшида, дар як кунҷ истироҳат кунад" ва худ пули аз харидор гирифтаашро ба ӯ медод, бақияро аз рӯи нишондоди тоҷир ду маротиба мешумурд. "Савдо ҳисобро дӯст медорад" мегуфт ӯ ва таъкид мекард, ки ҳангоми баркашидани мол дар тарозу ё чен кардани маҳсулоти саноатӣ саҳв накунад.
Барои Чиркинак кори савдо шавқовар менамуд, харидорони бисёр дар гирдаш ҷамъ мешуданд, бо ҳар яке аввал салом медод, мақсадашонро мешунид ва гоҳо маслиҳат ҳам медод. Ин хислати Чиркинак ба тоҷир писанд афтод ва тамоми кори савдоро ба ӯ бовар кард. Худаш дар кунҷе нишаста, танхо дар ҷамъоварии маблағ машғул мешуд, пулҳоро ба навъҳо ҷудо карда, дар халтаи ба миёнаш басташуда мехаст.
Табобати чашмони модар хеле тӯл кашид, ҷарроҳӣ бо муваффақият гузашт ва модар боре хушхабар расонд, ки чашмонаш равшаниро дарк мекунанд. Чиркинак худро хушбахттарин мард шуморид ва бо иҷозати профессор чорпоеро сар зада, гӯшташро ба ҳамсоягон тақсим кард. Малика низ баробари шавҳараш хушбахт буд, хизмати ҳамсари профессорро софдилона ба ҷо меовард. Профессор ду фарзанд дошт. Яке дар донишгоҳи олӣ мехонд, дуюмӣ дар мактаб. Донишҷӯ ҳафтае як маротиба ба хона меомад, либосҳояшро Малика шуста дарзмол мекард. Фарзанди дуюм - духтар, Шоҳина ном дошт. Бо Малика тез унс гирифт, хоҳар меномид ӯро...
Дар деҳа бошад, овозае паҳн шуд, ки пас аз рафтани Малика модару писар деҳаро тарк кардаанд. Ба куҷо, касе намедонист. Ниҳоят худи Наззора-хола модари Маликаро дар кӯча дида, аз аҳволи духтари бахтбаргаштааш пурсон шуд.
- Духтарам хушбахтона бо ҳамроҳии шавҳараш дар Тошканд зиндагӣ доранд, - гуфт модари Малика.
"Ин зан аниқ ақлашро хӯрдааст" - андешид Наззора-хола "Тошканд куҷову Чиркинак куҷо?"
Хабарро ба дугонааш Лаълӣ расонд.
- "Хушбахтона"? - хандид Лаълӣ-хола, - дар кунҷаки хона нишастагист? Боз дар куҷо? Дар Тошканд! Намурдему Чиркинакро дар Тошканд дидем.
Аммо ду зан нишаста, аҳволро хеле ташхис карданд ва ба хулоса омаданд, ки Малика дар хонаи падараш, Чиркинак модарашро гирифта, дар ягон шаҳр мардикорӣ дорад.
- Ман кайҳо гуфта будам, ки никоҳи инҳо бесамар меанҷомад, - гуфт Лаълӣ-хола, - Ҷуворӣ аз занаш ҷудо шудааст, маслиҳат кардан лозим. Ба бахти як кас сабаб шавед, савоба мегиред.
- Хостгорӣ равем?
- Ман рафта, аввал бо модари Малика маслиҳат мекунам. Агар розӣ шавад, як сабад фатир аз шумо, дугона.
Лаълӣ-хола аз назди дарвозаи ҳавлии Малика чанд маротиба гузашт, хост ба ҳавлӣ назар кунад, аммо натавонист. Дар пӯшида, девор баланд. Ниҳоят дар рӯ ба рӯяш қарор гирифт ва бо кафи даст чанд маротиба дарро кӯфт. Баробари дидани модари Малика мақсадашро баён кард.
- Ман дигар духтар надорам, - гуфта модари Малика дарро ба рӯи Лаълӣ-хола баст. Наззора-хола, ки дар паси бед ҳодисаро мушоҳида мекард, ба пешвози дугонааш баромад.
- Ман дигар духтар надорам - мегӯяд, аз духтараш сахт ранҷидагӣ барин.
- Падараш оқ кардагӣ, дина падарашро дар истгоҳ дидам, авзояш беҷо буд.
- Ана обрӯ! Мошина монда, бо автобус мегардад. Ман ба ҷои ӯ мебудам, умуман ба кӯча намебаромадам. Малика ҳайф шуд.
Пас аз ин ҳодиса, дар назди дарвозаи Малика гаштугузори сокинони деҳа бештар шуд. Аммо аз Малика хабаре намерасид.
Аз нопадид шудани Малика Ҳасуд низ хабар ёфт. Мехост болои бом баромада табли шодӣ занад. Тамоми деҳаро огоҳ кунад, ки "ҳой мардум, бубинед, тақдири касе, ки бо ӯ нахост оила барпо кунад, бо чӣ меанҷомад". Бо ҳамроҳии Қоқи дароз аз девори ҳавлии Чиркинак ба дохил назар кард, ҳама хомӯшӣ. Ҳавлиро бесоҳиб дида, чанд калламуш сайр доштанд. Диққати ду ҷавонро гулҳои зебои қади роҳрав ҷалб карданд. Ин гуна гули ғайриоддиро Қоқи дароз бори аввал медид.
- Нигар, дар ҳавлии вайрона гули зебо, - гуфт ӯ, - як дастагӣ мечинему ба хона мебарем. Ба ҳар сурат то баргаштани Чиркинак инҳо пажмурда мешаванд ё мехушканд. Ҳасуд дар кӯча монд, Қоқи дароз оҳиста ба ҳавлӣ даромад ва пас аз лаҳзае фиғонаш ба фалак печид. Ҳасуд ҷаста аз девор худро дар ҳавлӣ гирифт. Гул Қоқи дарозро печида раҳо намекард.
- Ношуд, - гуфт Ҳасуд, - дастонатро деҳ!
Аз байни шохаҳои гул дасти Қоқро дошта, ҷонибаш кашиданӣ буд, ки мувозинаташро гум карда, дар паҳлӯи Қоқ ҷо гирифт. Фиғон кашиданӣ буд, аммо бо кафи дастонаш даҳонашро дошт. Хорҳои гул аз ҳар ҷониб пӯсти ҳардуро шикоф мекарданд ва имкони ҷумбидан намедоданд.
- Ин хона ҷоду дорад, - гуфт Ҳасуд, - дафъаи гузашта кафшамонро гирифт, ин дафъа либосамонро гирифтанист. Бо машаққат ҳарду куртаву шалворашонро ба гул "бахшида" аз чанголаш берун омаданд. То ба хона расидани ҳарду муаммо шуд, бояд то фаро расидани торикӣ дар ягон кунҷи ҳавлӣ паноҳ баранд. Ҳарду худро ба оғил заданд. Оғил боре чорво надида буд. Ба машом танҳо бӯи алафи хушкида мерасид. "Ин ҷо ҳам ягон бало доштагист" - гуфта Ҳасуд калтакро ба самти банди алафҳо бурд. Алафҳо хомӯш, Ҳасуд дилпур шуда дар болояш нишаст. Қоқи дароз низ ду баста алафи хушкидаро наздаш кашола карду баҳузур ёзид. Чунон бӯи гуворо доштанд, ки ҳардуро дар як лаҳза хоб бурд.
Субҳи рӯзи дигар дар маҳалла овозаи ғайб задани ду ҷавон паҳн шуд. Хешу табор ҷамъ омада ба Фолбинбибӣ муроҷиат карданд. Фолбинбибӣ дар як коса обро аз кӯзаи мӯъҷизаофараш рехт ва дуоеро хонда пуф кард.
- Ду йигит ба париҳо ошиқ шудаанд, - гуфт Фолбинбибӣ, - миёни осмони шашум ва ҳафтум қарор доранд. Барои онҳоро баргардондан, хурӯси даканги сиёҳ ва миқдоре пул лозим аст. Йигитҳоро аз париҳо мехарем, онҳо пули калон талаб доранд.
(давом дорад)