Ман дар оила фарзанди калонӣ будаму як додар доштам. Дар синфи ҳаштум мехондам, ки падарам дар садамаи автомобилӣ ҳалок гашту зиндагӣ ба шонаҳои нозуки модарам бор шуд. Бечора очаҷонам, то метавонист, меҳнат мекард, моро ба по монд.
Як хеши дури падарам ба ман хостгор шуду модарам нею нестон накарда, маро ба шавҳар дод. Дар хонаи шавҳар зиндагии хуб надоштам, зеро ҳамеша таънаам мекарданд, ки ятимдухтари камбағали беҷиҳозам. Оқибат баъди ду сол бефарзандиямро баҳона карда, кафшҳоямро пеши по монданд, аммо аз ин хафа нашудам, зеро аз таънаю эроди эшон ба ҷон омада будам.
Модари бечораам маро бо дидаи гирён пешвоз гирифт, ман бошам, худро ба даст гирифта, як қатра ашк нарехтам ва ду рӯз пас дар беморхонаи ноҳияамон, ки дар паҳлуи хонаамон воқеъ буд, чун фаррош ба кор даромадам.
Соли дигар бошад, дар ноҳияамон филиали коллеҷи тиббии вилоят кушода шуду бо ёрии ҳамкоронам ба коллеҷ дохил шудам. Баъди дарсҳо корамро дар беморхона идома додам.
Давоми чор соли таҳсилу кор ман аз тамоми нозукиҳои касби табибӣ огаҳ шудам, акнун ҳамшираи шафқат будам. Дар ин миён хоҳарамро бо обрӯи зиёд ба шавҳар додему барои додарам, ки дар синфи нуҳум мехонд, мағозаи хурди хӯрокворӣ кушодам. Модару додарам дар мағоза кор мекарданду ман бошам, дар беморхона. Зиндагиамон таровати дигар гирифт, оҳиста-оҳиста хонаҳоямонро таъмир карда, ба сафи одамон даромадем.
Дар панҷ соли ҷудоӣ аз шавҳар бо марде муносибат надоштам, вале як воқеае ҳаёти маро пурра тағйир дод. Рӯзе ба беморхонаамон мардеро оварданд, ки дар садамаи сахти нақлиётӣ афтида буд. Азбаски дар беморхонаи ноҳия мо асбобҳои ташхиси устухон ва духтури хуби шикастабанд надоштем, беморро ба маркази вилоят фиристоданд. Духтур гуфт, ки дар роҳ мумкин аст аҳволи бемор бад шавад ва додари ӯ, ки ҳамроҳи акааш буд, аз ман хоҳиш кард, ки онҳоро ҳамроҳӣ кунам. Ман ҳамин тавр кардам, беморро то беморхонаи вилоят расонида, худам бегоҳӣ бо таксии кирокардаи додари ӯ ба хона баргаштам.
Ҷавонмард ҳангоми хайрухуш “ман албатта шуморо меёбам” гӯён, ваъда дод.
Баъди як моҳи ин воқеа Эҳсон маро ҷуста ба беморхона омаду бароям туҳфаҳои зиёд, пул ва як роҳхат ба осоишгоҳи машҳуреро овард. Ӯ изҳори миннатдорӣ карда, гуфт, ки агар ман намебудам, акааш дар роҳ аз фишори баланди хун ба ҳалокат мерасид. Воқеан ҳамон рӯз дар роҳ ман ду бор ба марди осебдида дору гузаронида будам. Ба модарам гуфтам, ки биё ҳамроҳ ба осоишгоҳ меравему дувоздаҳ рӯз дам гирифта бармегардем, вале ӯ рад карда, гуфт:
- Духтарҷон, ҳамин қадар меҳнате мекунӣ, ки дилам ба ҳолат месӯзад, худат рафта бисту чор рӯз дам гирифта баргард!
(Давом дорад)
САЛОҲАТ
Таснифи Рухсора САИД