Arzon march 2024
Зани дуюм кист? (ҚИСМИ 1)
7052

Бисёр мехоҳам дарду доғи ҳаждаҳ сол ба захми носур табдил ёфтаро рўи коғаз биёраму дилам сабук шавад. Ман ҳеҷ гоҳ қуфли зангбастаи диламро накушодаам пеши касе…

Донишгоҳро хатм кардаму бо мусоидати амакам ба як корхонаи бонуфуз ба кор рафтам. Раиси корхона маро хеле хуб пешвоз гирифт ва гуфт, ки як кормандашон ба нафақа мераваду то холӣ шудани ҷойи ў чун котиба-коргузор кор кардан гирам. Ман зуд рад кардам ва гуфтам:

- Ман донишгоҳро бо дипломи аъло хатм кардаам, наход бо дипломи аъло котиба шавам?!

Раис бо ханда афзуд:

- Саросема нашавед нозанин, кор кори хуб, маош баланд, талабгорон зиёд, ман шуморо ба хотири амакатон қабул кардам. Як моҳ - ду моҳ мисли як мижжа задан мегузарад, дар ин муддат шумо ба корхонаву фазои он, бо одамон шиносоӣ пайдо мекунед.

Каме фикр кардаму розӣ шудам.

Раиси корхона ҷавонмарди болобаланди зебо ва хеле ширинзабон буд, ҳар бегоҳ баъд аз кор маро то хонаамон бурда мемонд. Аввалҳо ҷўраи амакам гўён, ин лутфу меҳрубонияшро аз рўи самимият медонистам, вале баъд…

Як рўз ў маро то дер бо ҳар баҳона нигоҳ дошт ва чун шом ба мошин нишастем, ба хўроки шом даъват намуд. Сари хони пурнозу неъмат дар як тарабхони бонуфузи шаҳр раис сарнавишташро ба ман нақл кард.

- Осиябону, як гап мегўям наранҷ, ман хеле ҷавон ба зинаҳои мансаб омадам. Ростӣ, падарам хеле бадҷаҳлу серталаб буданд, аз тарси он кас на ишқ ба ёдамон мезаду на ошиқӣ. Донишгоҳро хатм кардаму маро ба духтари додарашон хонадор намуд, дар хонаводаамон ман як писарам ва ду хоҳар дорам. Ба амакдухтарам ягон меҳр надоштам, азбаски то ў бо ягон нафар ишқварзӣ накарда будам, ба тақдир тан додам. Ошиқонам зиёд буданд, вале бо ягон нафари онҳо муносибате надоштам, зеро медонистам падарам гапи худашро мегузаронад. Намехостам духтаракеро боумед ва интизор созам, аз ин рў, ба нигоҳҳои ошиқонаи онҳо бетаваҷҷуҳ будам. Ҳарчанд як ҳамсабақам сахт маъқулам буд. Аз рўзе, ки туро дидам, дилам дар синаам дигар гуна метапад, худро болидарўҳ эҳсос мекунам, хурсандам, зиндагиям дигаргуна дар назарам ҷилва мекунад. Медонам, ту духтараки ҷавонӣ, шояд ҳамрозу ошное ҳам дошта бошӣ, зеро ин гуна зебоӣ наметавонад бе харидор бошад. Агар розӣ шавӣ, ман туро зани дуюм карда мегирам ва бароят тамоми шароитро муҳайё месозам. Хоҳӣ, кор мекунӣ, нахоҳӣ, не…

Ман ба чашмони зебои раис, ки пур аз ҳузн буданд, нигоҳ карда, гуфтам:

- Ҷаноби раис, падари ман хеле ҷавон дар садамаи автомобилӣ ҳалок шудааст, модарам маро танҳо ба воя расонидааст. Ба хотири рўҳи падарам дигар ёди шавҳар накардааст, амакам, ки рафиқи шумост, гоҳе ба мо ёрӣ мерасонад. Модарам бо маоши ҳамшираи шафқат маро бо сад умед ба воя расонидааст, ман кӯшиш мекунам, ки барои модарам писар бошам ва умедҳояшро бароварда кунам. Тасаввур кунед, ки модари ман мехоҳад маро бо куртаи арўсӣ дар бари домоди зебо бубинад. Агар ман ба вай гўям, ки зани дуюм мешавам, шояд сактаи дил шавад. Дуву дубора ин гапатонро нагўед, шумо аз ман 15 сол калон ҳастед, зану фарзанд доред. Чаро ба ҳамсаратон хиёнат мекунед?

- Майлаш Осияҷон, қабул, ман дигар ҳаргиз дар ин бора ҳарф намезанам, аммо ваъда бидеҳ, ки мо дўст мемонем.

Ман чизе нагуфтам ва баъди чанд рўзи ин суҳбат ба кори ваъдагӣ гузаштам.

Ману модарам дар хонаи якҳуҷрагии канори шаҳр умр ба сар мебурдем. Чуноне дар боло гуфтам, модарам ҳамшираи шафқат буд ва зиндагияшро сарфи мани ягонааш намуда буд. Ман ба хотири модарам шабу рўз кор мекардам, мехостам каме маблағ ҷамъ намуда, хонаамонро кушодтар кунам, аммо модарам дар ғами ҷиҳози муносиб гирд овардану шавҳар додани ман буд. Вале мо дар чӣ хаёлему фалак дар чӣ хаёл…

ОСИЯБОНУ

Таснифи Нисо ХОЛИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД