Arzon march 2024
Домоди якгӯша
8963

Зоир аз рӯзе, ки худро ҳамчун инсон шинохт, азоби руҳӣ мекашид, чунки натанҳо ҳаққу ҳамсояҳо, балки акаҳои худаш ҳам ӯро мудом «Зоири якгӯша» гуфта, масхара мекарданд.

Дар танхоӣ аксашро дар оина дида, Зоир зор-зор мегирист ва аз худованд марг металабид, вале Худо ҳам ҷонашро намегирифт, ки аз таҳнаи мардум халос шавад. Падару модараш духтархолаю писархола буданд ва бо сабаби ҳамин никоҳи хешу таборӣ Зоир бо нуқсони модарзодӣ-якгӯша таваллуд шуд. Падару модараш зиндагии бисёр қашшоқона доштанд ва имконияти ҷарроҳӣ кардани ӯро надоштанд. Калимаи якгӯша ба Зоир аз тир ҳам сахттар мерасид, аммо ба ҷуз тан додан ба тақдир чорае надошт…


                       Ишқи кӯдакӣ

Ба иллати бузурги модарзодаш нигоҳ накарда, Зоир дар мактаб аъло мехонд. Муаллимон чанд маротиба хостанд ӯро сардори синф таъин намоянд, вале худи Зоир рад кард, зеро метарсид, ки ҳамсинфонаш «якгӯша сардор шудааст» гуфта, боз мазоқу масхарааш мекунанд. Албатта ҳар як ҷавони наврас дар дил орзуе дорад. Орзуи бузугтарини Зоири якгӯша духтур шудану Нозияи ҳамсинфашро ба занӣ гирифтан буд, чунки ҳанӯз аз синфи чорумӣ ин духтаракро бо дилу ҷон дӯст медошт. Нозия бо Зоир дар як парта менишаст. Вай бисёр духтари зебо бошад ҳам, тамоман савод надошт ва ҳамеша дарсҳоро аз Зоир рӯйнавис мекард. Аз Нозия соатҳо чашм канда наметавонист Зоир. Вай чунон сармасти ҳусну ҷамоли ин духтар гашта буд, ки ҳатто вазифаҳои хонагии Нозияро тайёр карда медод, аммо…

                 

Маҳбубаи дилсанг

Ҳангоми дар синфи даҳум хонданашон Зоир ба маҳбубааш хатча навишта, изҳори муҳаббат мекардагӣ шуд. Вай бехабар буд, ки Нозия номаҳои ошиқонаи ӯро ба дугонаҳояш нишон дода, масхара мекунад, ки якгӯша ба ман ошиқи шайдо шудааст...

Думболи орзуҳо

Зоир баъди хатми мактаби миёна бо дониши худаш ба Донишгоҳи тиббӣ дохил шуд, Нозияро бошад, падари сарватмандаш бо ҷӯрабозӣ ба Донишгоҳи миллӣ дохил кард. Дар донишгоҳ низ ҳушу ёди ин духтари эрка на бо хондан, балки фақат ба бачабозӣ банд буд. Ҳанӯз аз курси аввал вай бо Алишер ном бойбача ишқварзӣ карда мегашт. Алишер Нозияро ба мошинаш шинонда ба сайру тамошо мебурд, бегоҳ бошад, ҳарду дар тарабхона хӯроки шом хӯрда, то нимаҳои шаб дискотека ба дискотека мегаштанд…

Фиреби ишқ

Нозия гумон дошт, ки Алишер ҳаргиз ӯро намепартояд, вале вақте ки кор аз кор гузашта,ҳомиладор шуд, ошиқи бевафояш аз ӯ рӯ гардонд. Аз исқоти ҳамл тарсида Нозия аз Алишер зорӣ мекард, ки зудтар ба хонаашон хостгор фиристода, ӯро ба занӣ бигирад, вале бойбачаи пулмаст бо ҳар баҳона корро кашол медод. Нозия чун дид, ки масъала ба хубӣ ҳал нашуда истодааст, ба таҳдид гузашта гуфт:
-Алишер, ин кори шӯхӣ нест, чунки шиками ман рӯз то рӯз калон шуда, сирру асрорам фош мешавад ва шармандаи ҳарду олам мегардам. Падари ман як одами бо обрӯ аст ва ман сари ӯро дар замин задан намехоҳам. Бори охир мегӯям, зудтар аз паси тӯй шав, набошад маҷбур мешавам, ки аз болоят аризаи шикоятӣ нависам.
Алишер бо шунидани ин суханон сахт ба ғазаб омад ва Нозияро як шаппотӣ зада бо тамоми овоз ба сараш дод зад:
-Духтари бамаънӣ мешудӣ, ҳаргиз бе никоҳ ба оғӯшам намедаромадӣ. Падару модари ман девона нестанд, ки чунин духтари бероҳаро келин кунанд. Маро аллакай бо духтари ҷӯраи падарам фотиҳа карданд ва як моҳ пас тӯй мешавад. Ба ту аз ҳамин лаҳза ҷавоб метавонӣ ягон лохро ёфта шавҳар кунӣ…
Нозия бари рӯйи сурхшудаашро дошта, бо чашми гирён аз Алишер дур шуд. Аз зарби шалоқ дида, ба вай суханони талхи ошиқаш бештар алам карда буданд…

Макри арӯси ҳиллагар

Нозияи шармандаву шармсор намедонист чи чора ҷӯяд. Аввал дар андешаи худкушӣ афтод, вале баъд ба хотираш номаҳои пурсӯзу гудози ҳамсинфаш Зоири якгӯша расиданду аз фикри худкушӣ баргашта, нақшаи дигар кашид. Вай ба Донишгоҳи тиббӣ рафт ва кофта-кофта Зоирро ёфту бе ягон муқаддима гуфт:
-Ту ҳоло ҳам маро дӯст медорӣ?
Дасту пойҳои Зоир аз шиддати ҳаяҷон ба ларза даромаданд ва қариб буд, ки бо шунидани ин савол аз ҳуш равад. Вай бо як азоб худро ба даст гирифта гуфт:
-Бале, бо ҷону дил, бо тамоми ҳастиам туро дӯст медорам!
-Ин хел бошад, пагоҳ бегоҳ ба хонаамон хостгор фирист, то падарам маро ба ягон каси дигар ба шавҳар надиҳад.
Зоир, ки чунин пешниҳодро аз Нозия ҳеҷ интизор набуд, аз хурсандӣ дар куртааш намеғунҷид, ки ниҳоят ба орзуи дилаш расид. Вай ҳатто ба гӯшаи хаёлаш ҳам намеовард, ки ин духтари мағруру ҳавобаланд танҳо ба хотири аз шармандагӣ раҳоӣ ёфтан бо ӯ издивоҷ кардан мехоҳад ва пас аз тӯй рӯзашро сиёҳ хоҳад кард…

Шарти қудою базми висол

Падару модари Нозия хостгории воидони Зоири якгӯшаро қабул карда бошанд ҳам, дар назди қудоҳо шарт гузоштанд, ки баъди тӯй духтарашон таҳсилашро давом медиҳад. Волидайни Зоир ба ин шарти падари арӯс розӣ шуданд ва дар бадали се ҳафта тӯйи зебое ороста, сари ин ду ҷавонро ҷуфт карданд. Шаби тӯй Нозия ба гуноҳаш иқрор шуда, гуфт, ки «беақлӣ» карда, аз каси дигар ҳомиладор шудааст. Зоир ин гуноҳи азими арӯсашро бахшид, чунки Нозияро аз ҷонаш бештар дӯст медошт…

 Ғарию пешхезӣ

Духтари дигар мебуд чунин шавҳари меҳрубонро тори сар карда мегашт, ки сирри нангини ӯро пинҳон доштааст, вале Нозияи ношукр ба қадри ҷавонмардии Зоир нарасида, мудом ӯро мазоқу масхара карда мегашт. Ин келинчаки беҳаё ҳатто аз хусуру хушдоманаш низ ибо накарда, мудом шавҳарашро якгӯша гӯён садо мекард. Зоир аз ин гапи занаш намеранҷид, чунки аз кӯдакӣ аз забони хурду калон калимаи «якгӯша»-ро шунида ба он одат карда буд ва ин ташбеҳ ба номаш гӯё часпида монда буд…

Ноз дар гандаю кайк дар ҷанда

Дере нагузашта Нозия писарча таваллуд кард. Хусуру хушдмоманаш авввал ба шӯр омаданд, ки наход арӯс панҷ моҳ пас аз тӯй таваллуд кунад, вале Зоир тифлро ба гардан гирифта, ба падару модараш дурӯғ гуфт, ки Нозия аз вай ҳомиладор шуда буд ва ин фарзанд фазанди ӯст. Бо ҳамин ин роз пӯшида шуда, дигар касе дар ин масъала гап намезад. Нозия ҳамагӣ ду ҳафта пас аз таваллуд карданаш роҳи донишгоҳро пеш гирифта аз Зоир талаб намуд, ки барои парастории кӯдак ягон доя бигирад. Ба хотири муҳаббати бузурге, ки нисбати ҳамсараш дошт, вай не гуфта натавонист ва ба зани миёнасоле пул дода, ӯро барои парастории тифли навзод киро кард, аммо…

Модари фарзандбезор

Нозия баъди дарс бо ҳамсабақонаш театр ба театру кино ба кино гашта, баъди торик шудани ҳаво ба хона меомад. Заррае фикр намекард, ки ӯ дигар паррандаи озод не, зани шавҳардор аст ва бояд дар фикри зиндагии оилавиаш бошад. Хӯрок пӯхтану либос шустан он тараф истад, вай ҳатто ба фарзанди худаш тамоман аҳамият намедод ва ҳар гоҳе, ки Азимҷони хурдакак гиря кунад, гаҳвораро ба қадаш баробар бардошта ба замин мезад. Дили Зоир ба тифли навзод сӯхта, занашро маломат мекард, ки чунин ношукрӣ накунад, чунки фарзанд доди худованд асту аз он ношукрӣ кардан одамро мезанад. Бо ҳамин сабаб тез-тез гапашон гурехта, ҳафтаҳо қаҳрӣ мешуданд…

  Шикасти бахт

Оҳиста-оҳиста муносибати зану шавҳар бад шуд. Зоир ба хотири вайрон нашудани оилаашон Нозияро насиҳат мекард, ки ақлашро кор фармуда, зиндагиро маҳкам дорад, вале бойдухтари эркатулфор дар ҷавоб ба сари шавҳараш дод зада мегуфт:
-Аз рӯйи ту шуда, манн хандахариши дӯсту душман гаштам. Дугонаҳоям маро масхара мекунанд, ки дигар мардак наёфта як якгӯшаро гирифтӣ. Худоҷон кай ту якгӯшаи маймунбашараро мекушта бошад, ки ҷони ман халос шавад…
Суханони нешдори ҳамсари беандешааш мисли сӯҳон аз ҷавшани ҷони Зоир мегузаштанд. Аз таънаю маломати Нозияи морзабон безор шуда, баъзан вай дар фикри худкушӣ меафтод, вале боз гиребони тавба медошт.
«Якгӯшаи ҳаром, дар дилам задӣ, дигар бо ту зиндагӣ намекунам» гӯён билохира Нозия кӯдакашро дарди сари Зоир карда, аз хона баромада рафт ва зани дуюми кадом марди мансабдор шуд...

Бахти дуюм

Вақте ки модари дилсангаш Азимҷонро партофта рафт, кӯдаки бечора ҳатто яксола ҳам нашуда буд. Модари Зоир бемории фишори хун дошт ва аз ӯҳдаи нигоҳубини кӯдак намебаромад, аз ҳамин хотир дарҳол з паси ҷустуҷӯи келин шуд. Дере нагузашта аз ҳамсоядеҳа як духтари калонсолро ёфтанд ва бо як дег ош ба Зоир никоҳ карданд. Ҳамсари наваш дар ҳусну ҷамол бо Нозия баробар шуда натавонад ҳам, бисёр духтари хуб буд. Вай Азимҷонро мисли фарзанди худаш дӯст медошту бо меҳрубонӣ нигоҳубин менамуд. Арӯси нав ҳурмату иззати хусуру хушдоманашро ба ҷо оварда, хизмати падару модари шавҳарашро аз дилу ҷон иҷро мекард ва мудом Зоирро дилбардорӣ медод, ки зиқ нашавад, зоҳиран як айби кӯчак дошта бошад ҳам, худованд ба вай ақлу фаросати бузург ато намудааст ва садҳо одамон «акаи духтур» гӯён, наздаш сар хам мекунанд…

Бевамард

Ба бахти бади Зоир се сол пас зани дуюмаш ба касалии саратон гирифтор шуда, ин оламро абадан падруд гуфт ва ӯ боз танҳо монд. Вай қарор дод, ки дигар зан нагирифта, умрашро сарфи тарбияи писараш хоҳад кард. Акнун Зоир дар беморхонаи марказии ноҳия кор мекард ва мардум номашро бо эҳтиром ба забон мегирифтанд. Азимҷон низ дар ин миён қад кашида, бачаи дӯстрӯе гашта буд. Акнун ягона умеди зиндагии Зоир ҳамин писарак буд. Азимҷон фарзанди худаш набошад ҳам, Зоир ӯро сахт дӯст медош ва тамоми ҳастиашро ба таълиму тарбияи писараш мебахшид, аммо….

Бахти сеюм

Дар беморхонае, ки Зоир кор мекард, Ситора ном духтараки зебое ҳамшираи шафқат шуда кор мекард. Ин духтар мисли як себи дукафон ба Нозия монанд буд. Ҳар гоҳ, ки бо ин духтар рӯ ба рӯ шавад, дили Зоир ба ёди ишқи аввалаш гум зада мерафт ва билохира сабру қарор аз даст дода, рӯзе ба Ситора изҳори муҳаббат набуд. Азбаски вай акнун марди номдору бадавлат буд, Ситора ишқашро рад накарда, розигӣ дод. Зоир ба хонаи онҳо хостгор фиристод ва розигии падару модари арӯсро гирифта аз пайи тӯй шуд…

Меҳмони нохонда

Тӯйи онҳо дар тарабхонаи барҳавое барпо гашт. Айни базму тамошо Нозия бо либосҳои фарсудаву чеҳраи бармаҳал пиршуда ба тарабхона ворид гашт. Падару модари Зоир тарсиданд, ки келини шатоҳашон ҳозир ҷангу ҷанҷол бардошта, тӯйро вайрон мекунад, вале Нозия бо чашмони ашкбор ба назди тахти арӯсу домод рафта, як даста гули тару тозаро ба Зоир дароз карду гуфт:
-Худованд туро аз як гӯш маҳрум карда бошад ҳам, дили тиллоӣ ато намудааст. Хушбахт аст духтаре, ки ҳаёташро бо чунин марди асил мепайвандад. Дуо мекунам, ки бо арӯси нават қушапир шавӣ!
Пас аз ин Нозия ангуштарини дасташро бароварда ба ангушти арӯс андохт ва дар бехи гӯши Ситора пичиррос зад:
-Ман ба қадри ишқи поки ин мард нарасида, оқибат хору зор гаштам. Ту домони ӯро маҳкам дор, чунки бо чунин шавҳар ҳаргиз хору зор намешавӣ!
Писарчаи Нозия бо либосҳои бисёр зебо дар сари тахти арӯсиву домодӣ дар паҳлӯи падараш нишаста буд ва ҳайрон-ҳайрон менигарист. Писарак ҳатто ба гӯшаи хаёлаш ҳам намеовард, ки ин зан модари аслии ӯст. Модари беандешае, ки думболи ишқу ҳавас рафта, ҳанӯз замони тифлаки ширхора буданаш аз вай рӯй гардонидааст.

Нозия бо чашмони гирён аз тарабхона баромад, базми висоли шаҳу арӯси нав бошад, дар авҷ буд…

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД