Сарнавишти талхи сароянда (ҚИСМИ 1)
1125

Андешаҳои парешон

Ҳофизи пир рӯи кати беморхона бо пои бурида мехобид, чанд рӯз пеш бар асари бемории қанд пои росташро аз зону поён буриданд. Духтури ҷавон зуд-зуд аз авҳолаш хабар мегирифту ҳамроҳаш шӯхӣ мекард, аммо таҳти дили Ансор сип-сиёҳ буд. Кӣ мегуфт, ки замоне фаро мерасаду ӯ, Ансор Нисори машҳур ин қадар бечораю зор ва аз пойи равон маҳрум мешавад?

Ду сол боз ҳамсари фармонбардору порсояш ӯ ва ин дунёро тарк кардааст, писару духтараш пайи рӯзгори худашон, ҳарчанд бо падар хеле меҳрубонанду кушиш мекунанд олами танҳоияшро пур созанд, аммо ҳофиз худро сахт танҳо эҳсос мекунад. Пушти пардаи танҳоӣ симои он нафаронеро, ки ҳангоми ситораи саҳна ва шуҳратёр буданаш атрофаш парвона буданд, пеши назар меорад. Аз ҳама зиёдтар пушти пардаи ашк чеҳраи зебои Нигор - мухлисдухтари нозанинаш, ки ба хотири ӯ тайёр буд ҷонашро диҳад намудор мегардад. Ансор, ҳама бадбахтиҳои худро дар он мебинад, ки бо эҳсоси олии ин бону бозӣ карда буд.

“Шояд маро дуои Нигор гирифт? Аниқ дуои ӯ гирифтааст...” - зери лаб пичиррос мезад ҳофизи пир…

Кӯҳистонӣ

Ансор зодаи деҳаи дурдасти кӯҳистон буд, дар кӯдакию наврасӣ кам-кам машқи суруд мекард. Азбаски падараш корманди ҳизбӣ ва сахти ниҳоят ҷиддӣ буд, ҳаргиз намехост писараш ҳофиз шавад.

- Писарам дар валоди мо ягон артист набуд ва ту низ ҳофиз намешавӣ! Агар ризояти маро хоҳӣ ба донишгоҳи кишоварзӣ дохил шав!

Ансор ҳамроҳи рафиқаш Азамат, ки рассом шудан мехост ба пойтахт омад ва ҳуҷҷатҳояшро ба донишгоҳи санъат супорид. Шунидани садои диловезаш ҳакамонро тасхир кард ва бо як овоз ӯро ба донишкада шомил карданд.

Падар баъди шунидани ин «хушхабар» бо писараш қаҳрӣ шуд, вале баъди шуҳратёр шудани ӯ ва аз даҳони мардум шунидани таърифу тавсифи зиёд дар бораи истеъдоди худодои фарзандаш ҳамроҳи Ансор оштӣ шуд.

Воқеан мурғи шӯҳрат ба кифти ин ҷавони кӯҳистонӣ хеле зуд нишаст, ҳангоми дар курси дуюм хондан дар як консерти давлатӣ иштирок карду суруди дар васфи партияи ленинӣ хондааш ба масъулин писанд омад, ҳамин тавр ӯ дар қатори бузургтарин сарояндагони давр роҳ ёфт. Дар курси чорум мехонд, ки ӯро барои кор ба беҳтарин ансамбли давлатӣ даъват намуда барояш хонаи якҳуҷрагӣ низ доданд.

Падару модараш бо шунидаи ин хабари хуш барои муборакбодаш омаданд. Падар барои хонааш ҷиҳози даркорӣ, аз қабили қолину ҷевон, яхдону телевизорро харидорӣ намуда дар омади гап гуфт:

- Ту гапи маро нагирифта касби мехостаи худатро интихоб намудӣ, вале аз хотир набарор, ки келинро мо аз байни хешу табор ва шиносҳо интихоб мекунем, боз ҳаваси зани шаҳрӣ накунӣ!

Ансор аз тарси он, ки падарш боз қаҳрӣ нашавад чизе нагуфт, ҳарчанд ин ҷо дӯстдошта дошт…

(Давом дорад)

Нисо ХОЛИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД