Arzon march 2024
Келини қуръонхон рӯзамро сиёҳ кард (ҚИСМИ 1)
8683

Ман дар як ташкилоти ғайридавлатӣ ифои вазифа мекунам ва бо тақозои касби бар дӯш доштаам ба шаҳру ноҳияҳои гуногуни кишвар сафари хидматӣ мекунам. Як сафарамро ба диёри бобоии худам ҳеҷ гоҳ фаромўш намекунам, зеро он зиндагии маро ба куллӣ дигар кард.

Қолабшикан

Падару бобоёни моро дар даврони шӯравӣ аз як мавзеи кўҳистон муҳоҷир намуда, ба водиҳо, аниқтараш ба як ноҳияи сарҳадӣ оварданд. Мо, чор писар ва як духтар дар хонаводаи тақводор ба дунё омадем. Падарам аз авлоди рўҳониёни кўҳистон буду ҳаргиз намехост духтари ягонааш хонаду кор кунад, аммо ман…

Мактабро бо медали тилло хатм кардаму аз падару модарам ва чор бародарам напурсида, ҳуҷҷатҳоямро тахт карда, ба пойтахт омадам. Ин ҷо як хеши дури падарам зиндагӣ мекарданд, мӯйсафеду кампир шаш духтар доштанд ва зуд-зуд ба хонаи мо меҳмонӣ мерафтанд. Ман бори охирини рафтанашон адресашонро ба пуррагӣ гирифта, дар як дафтарча навишта, монда будам. Кофта-кофта дар як канори шаҳр ҳавлии онҳоро ёфтам. Пиру кампир ва духтари охиронашон, ки донишҷўйи Донишгоҳи тиббӣ буд, маро бо меҳрубонӣ пешвоз гирифтанд. Вале вақте фаҳмиданд, ки ман аз падару модарам пинҳонӣ ба шаҳр омадаам, хафа шуданд. Мӯйсафед рўзи дигар ба идораи хоҷагиямон (он вақтҳо телефони дастӣ набуд ва хабарҳои муҳимро бо телефони ягонаи раиси хоҷагӣ мерасониданд) занг зада, дар хонаашон будани маро гуфтанд. Падарам чанд рўз пас расида омаданд, ки маро баргардонида, ба хона баранд, вале ман аллакай ҳуҷҷатҳоямро супорида будаму ба ҳеҷ ҷой рафтан намехостам. Падарам дид, ки намешавад, маро дар хонаи хешамон хонабанд кард, то рўзи дигар ба зӯрӣ ба қишлоқ барад, аммо ман доду фарёд бардошта, мардумро ба ёрӣ хондам. Падарам оқибат ноумед шуда, баромада рафт ва ба хешамон гуфт:

- Ака, агар ту ҳамин беҳаёро дар хонаат роҳ медиҳӣ, ту дигар писарамаки ман нестӣ, ман аз баҳри ту гузаштам.

Тарс аз дуо

Амаки Қудрат падарамро махсум мегуфту аз дами дуояш метарсид. Барои ҳамин, баъди рафтани падарам маро дар хонаи духтари калонияш ҷо карду ман баъди бо баҳои аъло супоридани имтиҳонҳо аз тарафи донишгоҳ хобгоҳ гирифта рафтам ва ёди хонаи хеши падарам накардам. Дар рўзномаи он вақтҳо машҳури «Комсомоли Тоҷикистон» сурати ман баромад, ки духтараке аз ноҳияи дурдаст ба хондан омада, имтиҳонро бо баҳои аъло супорида, донишҷўи Донишгоҳи омўзгорӣ, факултаи забонҳои хориҷӣ шуд. Маро чун мояи ифтихор ба ҷавонони ноҳияамон мисол меоварданд, аммо волидонам бо ман қаҳрӣ буданд. Аз бародаронам танҳо акаи калониям ба хабаргириям меомад, зеро янгаам маро сахт дўст медошт. Донишгоҳро бо сари баланд хатм карда, дар пойтахт мондаму дар мактабе ба кор шурўъ кардам ва дар хобгоҳ мезистам. Маро бо деҳа фақат бародарам мепайваст, ки гоҳ-гоҳ ба хабаргириям меомад. Вале маро харидор шудани писари як раиси номдори ноҳияамон, ки аз ман панҷ сол хурд ва ҳуқуқшиноси ҷавон буд, муносибати аҳли оилаамонро ба ман дигар кард.

Хушбахтӣ

Ману Баҳрин бо ҳам ҳамчун ҳамшаҳрӣ дўст будем. Ман хуб медонистам, ки ў аз ман хурд аст ва додарвор эҳтиромаш мекардаму ҳеҷ бовар надоштам, ки ў ба ман хостгор равон мекунад. Ростӣ, духтари зебое будам, чашмони сабзранг, рўи сафед, мўйҳои зарди заминрўбам ҳаваси сад касро меовард, вале ба бисту панҷ даромада, ба қавли ҳамдеҳагон пирдухтар шуда бошам ҳам, ба ягон ҷавон эҳсоси ишқ накарда будам. Мехостам ба падару бародаронам исбот кунам, ки хондану диплом гирифтан ҳаргиз маънои бероҳа буданро надорад. Вақте падари Баҳрин барои хостгорӣ мераваду назди падарам мегўяд, ки писарам ба ахлоқи накўи духтари шумо ошиқ шудааст, падарам ашк рехта мегўяд:

- Шукри Худо, ки духтари ман аз кадом дудмон буданашро фаромўш накарда будааст.

Дар аввал барои он ки бо ман маслиҳат накарда, ба хонаамон хостгор равон кардааст, бо Баҳрин хашм гирифтам. Вале вақте ин воқеаро аз забони янгаам, ки ҳамроҳи бародарам барои бурдани ман омада буданд, шунидам, розӣ шудам. Зеро Баҳрин ҷавони зебои хушахлоқе буд.

Ман аз ҳисоби худам як моҳ рухсатӣ гирифта, ба деҳа рафтам. Тўямон хеле зебо гузашту мо баъди ду рўз ба пойтахт омадем, зеро Баҳрин низ ҳамин ҷо кор мекард. Зиндагии хубе доштем, ман аз лутфи Худоҷон бениҳоят хурсанд будам, ки волидони шавҳараму худам аз мо ризо буданд. Ману Баҳрин ҳар гоҳе ба деҳа мерафтем, ҳама ба тамошо мебаромаданд, моро ҷуфти зебо мегуфтанд. Шояд чашми бад расид, ки…

(Давом дорад)

МАҲҶАБИН

Таснифи Рухсора Саид

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД