ТОЛЕЪНОМАИ 1-УМИ НОЯБРИ СОЛИ 2025
298

Ҳамал (21 март-19 апрел)

Имрӯз шумо пурқувват, ором ва зирак ҳастед. Корҳоятон хуб пеш меравад, махсусан агар дар паҳлуятон одаме бошад, ки ба шумо бовар дорад. Барои гирифтани қарз ё ипотека рӯзи хуб аст. Аз қаллобону дуздон эҳтиёт шавед. Аз хоб сер шавед, бештар витамин бихӯред ва иммунитети худро қавӣ гардонед.

Савр (20 апрел-20 май)

Имрӯз шиносоии ҷолиб рух медиҳад, шояд шахсе вориди ҳаётатон шавад, ки дар зиндагиятон нақши муҳим бозад. Эҳсосотро идора кунед ва сухани сахт нагӯед, то бо наздикон ҷанҷол сар назанад. Дар муҳити корӣ эҳтиёткор бошед ва нерӯятонро беҳуда сарф накунед. Бо вуҷуди рух додани нокомиҳо рӯҳафтода нашавед, оромӣ беҳтарин дору аст.

Ҷавзо (21 май-20 июн)

Имрӯз беҳтараш бо шахси дӯстдоштаатон вақт гузаронед. Ҳатто муносибатҳои кӯҳна метавонанд боз гарм шаванд, агар каме кӯшиш ба харҷ диҳед. Зиракиву ҳушёрии шумо зиёд аст, аз ин фурсат барои амалӣ кардани идеяҳо истифода баред. Интернет метавонад дар ёфтани имкониятҳои нав кумак кунад. Эҳтимоли сардарди шадид дар охири рӯз вуҷуд дорад, бинобар ин худро зиёд хаста накунед.

Саратон (21 июн-22 июл)

Дар ҷодаи муҳаббат эҳтимоли пайдо шудани рақиб ҳаст, вале ноумед нашавед. Ором бошед ва эҳсосотро пинҳон доред. Дар муносибат бо наздикон сардӣ эҳсос мешавад, аммо ҷанҷол нахоҳад шуд. Корҳоятон каме дилгир мешаванд. Аз қарз гирифтан худдорӣ кунед. Агар вазни зиёд доред, аз имрӯз ба варзиш шуруъ намоед, сайругашт ва дави сабук фоидаовар аст.

Асад (23 июл-22 август)

Агар миёни шумо ва дӯстдоштаатон сардӣ пайдо шуда бошад, як саёҳати кӯтоҳи ошиқона метавонад эҳсосотро боз бедор кунад. Имрӯз дидор бо дӯстон хушҳолӣ меорад. Аммо аз оғози тиҷорати нав дар соҳаи сайёҳӣ ё нақлиёт худдорӣ намоед, хатар дорад. Барои гирифтани қарз рӯзи хуб аст. Аз сардӣ эҳтиёт шавед, зеро зуком метавонад ба бемориҳои ҷиддитар табдил ёбад.

Сунбула (23 август-22 сентябр)

Имрӯз шахси дӯстдошта метавонад аз камтаваҷҷуҳии шумо ранҷад, кӯшиш кунед меҳрубонии худро нишон диҳед. Рӯз барои тозакорӣ ва хариди чизҳои нав мувофиқ аст. Хонумҳо метавонанд дар бораи намуди зоҳирии худ ғамхорӣ кунанд ё либосашонро нав созанд. Эҳтимол дар ҷои кор мукофот гиред. Мушкилоти молиявӣ зуд ҳал мешаванд. Аз субҳ асабӣ мешавед, эҳтиёт шавед, ки бо касе ҷанҷол накунед.

Мизон (23 сентябр-22 октябр)

Имрӯз дар муносибатҳои шахсӣ тағйироти хуш рух медиҳанд, вале онро ба ҳама нагуед, на ҳама ба шумо дӯст ҳастанд. Беҳтараш ба корҳои ҳаррӯзаи худ машғул шавед ва қарорҳои ҷиддӣ қабул накунед. Рӯз ором ва каме дилгир мегузарад, вале ҳамин ҳам фоида дорад, истироҳат мекунед. Эҳтимол якчанд сюрпризи гуворо рӯй диҳад. Хӯроки вазнин нахӯред, то меъдаатон азият накашад.

Ақраб (23 октябр-21 ноябр)

Имрӯз вохӯрӣ бо дӯстдоштаатон эҳсосоти зиёд меорад. Шахси наздикатон ғамхорӣ нишон медиҳад, дар ҷавоб меҳрубон бошед. Шояд каме танбалӣ кунед, аммо беҳтараш ба кор диққат диҳед ва нақшаҳоро бозбинӣ намоед. Қарз гиред, агар воқеан зарур бошад. Рӯз барои фаъолияти ҷисмонӣ хуб аст, нерӯятон баланд мешавад.

Қавс (22 ноябр-21 декабр)

Имрӯз аз дӯстдоштаатон ягон сухани хуш ё туҳфаро интизор нашавед, беҳтараш бо ҳам самимона суҳбат кунед. Бо ҳамдигарфаҳмӣ тамоми мушкилро ҳал мекунед. Вақти худро ба корҳои хонагӣ бахшед, хешовандон ба ёрии шумо ниёз доранд. Шом вақтро барои истироҳат ва тағйири муҳит сарф кунед, ин ба рӯҳияатон фоида мекунад.

Ҷаддӣ (22 декабр-19 январ)

Имрӯз шиносоии ногаҳонӣ метавонад сароғози муҳаббати зебо гардад, фурсатро аз даст надиҳед. Дар хона эҳтимоли нофаҳмӣ вуҷуд дорад, вале кӯшиш кунед бо оромӣ муносибат кунед. Шахси калонсол метавонад шуморо дастгирӣ кунад. Барои харид ё сармоягузории калон вақти хуб аст. Ба саломатӣ ғамхорӣ кунед ва ҳангоми хастагӣ ҳатман истироҳат намоед.

Далв (20 январ-18 феврал)

Дар ҷодаи муҳаббат беҳтараш имрӯз танаффус гиред, хусусан агар муносибатҳо ноором бошанд. Ба зудӣ вазъият тағйир ёфта, муҳаббататон боз гарм мегардад. Дар касбу кор тағйирот рух медиҳад, ин метавонад ба шумо имкони болоравӣ диҳад. Аз истеъмоли хӯроки вазнин худдорӣ кунед, эҳтимоли нороҳатии меъда вуҷуд дорад. Хӯрокҳои сабук ва табииро авлотар донед.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Имрӯз эҳтимол шуморо ба як ҷамъомад даъват кунанд, қабул кунед, шояд он ҷо бахти худро пайдо кунед. Дар масъалаҳои рӯзгор ва молия фикри аъзои оилаатонро ба назар гиред. Рӯз пурэнергия ва мусоид аст, ҳатто метавонед пешниҳоди кори нав гиред. Вале дар шартномаҳо эҳтиёт шавед, то зиён набинед. Агар пойҳоятон зуд хаста шаванд, аз кори зиёд ва нишастҳои тӯлонӣ худдорӣ кунед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД